иқтисод
НУРОБОД. 150 ИНШООТ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ
Раиси ноҳияи Нуробод Ҳасан Дӯстзода ба хабарнигори “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, ки ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 248 иншооти таъйиноти гуногун дар нақша аст, 150 - тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, дар 96 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Дар соли 2019 барои корҳои сохтмону ободонӣ аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузор 51 миллиону 631 ҳазору 900 сомонӣ, аз ҷумла 10 миллион сомонӣ аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО “Роғун», 9 миллиону 19 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ ва вазорату кумитаҳо, 750 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, 773 ҳазору 600 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои сармоягузорони хориҷӣ, 595 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 миллиону 20 ҳазору 300 сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва манзилҳои истиқоматии инфиродӣ, 6 миллиону 474 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, иҷрои он 102,7 фоизро ташкил дод.
Боиси хушнудист, ки рӯз ба рӯз сафи шахсони саховатпеша ва ватандӯсти ноҳия бобати сохтмону бунёди иншооти ҳаётан муҳим афзуда истодааст. Сокини деҳаи Тегирмӣ Эмомалӣ Шеров аз ҳисоби маблағи барои сафари ҳаҷ ҷамъовардаи худ ба бунёди пули мошингузар барои ҳамдиёрон иқдом намуд. Сокинони деҳаи Юст пули мошингузари деҳаро бо сифати баланд таҷдид карданд.
Сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №79 дар деҳаи Сарҷӯй ба маблағи 773 ҳазору 600 сомонӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ дар деҳаи Хуфак ба маблағи 270 ҳазор сомонӣ, ошхона дар маҳаллаи 1-уми шаҳраки Дарбанд ба маблағи 151 ҳазор сомонӣ, бозсозии маркази хизматрасонӣ ба маблағи 84 ҳазор сомонӣ ва дорухона дар шаҳраки Дарбанд ба маблағи 36 ҳазор сомонӣ, сехи коркарди дару тирезаҳои чӯбӣ ба маблағи 64 ҳазор сомонӣ ва истеҳсоли хишти сементӣ дар деҳаи Улфатобод ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ, мағоза ва сартарошхона дар деҳаи Миёнадара ба маблағи 43 ҳазор сомонӣ, хатҳои интиқоли барқ ба маблағи 5 миллиону 114 ҳазору 600 сомонӣ ва ғайра аз зумраи иншооте мебошанд, ки дар соли рафта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Мардуми сарбаланди ноҳияи Нуробод бо шукргузорӣ аз пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоми саъю талош, неру, иродаву матонати хешро баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаву бунёдкорона, корҳои ободонию созандагӣ, таҳкими сулҳу субот ва сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуда истодаанд.
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.03.2020 №: 45 Мутолиа карданд: 811