иқтисод
ВМКБ. АФЗАЛИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ МАСОЛЕҲИ МАҲАЛЛӢ
Дар сохтмони иншооти гуногуни вилоят бояд бештар масолеҳи сохтмонии маҳаллӣ, аз ҷумла сангҳои табиӣ, ба кор бурда шаванд. Чунин супориш дод Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба масъулони ширкатҳои сохтмонии вилоят дар мулоқоте, ки бо кулли намояндагони ташкилоту муассисаҳои сохтмонии вилоят анҷом дод.
Ёдгор Файзов истифодаи масолеҳи маҳаллии бинокорӣ, аз ҷумла сангҳои табииро иншооти бунёдёбанда аз вазифаҳои муҳими рушди минбаъдаи созандагиву бунёдкорӣ арзёбӣ намуда, зикр кард, ки ВМКБ дорои захираи бузурги сангҳои гуногуни табиист ва истифодаи онҳо дар сохтмон ба афзун гардидани буҷети маҳаллӣ мусоидат мекунад. Аз ҷониби дигар, масолеҳи маҳаллӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза ва босифат буда, муддати тӯлонӣ хизмат хоҳад кард.
Дар мулоқот роҳбарони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Помирстон» ва «Суман», ки, асосан, ба тарошидани сангҳои маҳаллӣ сару кор доранд, омодагии худро ҷиҳати пазириши фармоишҳои паймонкорон дар ин самт арз намуданд. Зикр гардид, ки моли ин корхонаҳо талабгорони зиёд дорад. Аз маҳсулоти онҳо ҳатто дар бунёди биноҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва марказҳои тиббӣ фаровон истифода шудааст.
Раиси вилоят гуфт, ки истифода намудани маҳсулоти маҳаллӣ дар корҳои ороишии театри навбунёди вилоятӣ ва сохтмони муассисаҳои таълимии навбунёд ба мақсад мувофиқ мебошад.
Роҳбарони идораҳои таъмирию сохтмонӣ ва масъулони бахши сохтмони вилоят омодагии худро аз дастгирии корхонаҳои маҳаллии истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ баён намуданд.
Тавре раиси вилоят зикр кард, шаҳру ноҳияҳои ВМКБ имконияти васеъ доранд, ки дар дигар самтҳои хоҷагии халқи вилоят низ истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунандаро вусъат бахшанд ва дар ин замина ҷиҳати таъмини сокинон бо ҷойи кор ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум қадами устувор гузоранд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.03.2020 №: 45 Мутолиа карданд: 775