сиёсат
ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ИНТИХОБОТ
Субҳи 1 - уми марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии № 15, ҳавзаи интихоботии № 2 - и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар участкаи интихоботии № 15, ҳавзаи интихоботии № 2 - и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 1260 интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 119 нафараш бори аввал раъй медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар участкаи интихоботии № 15 дар асоси талаботи қонунгузории мамлакат дар ҳузури мушоҳидони сершумори байналмилалӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ба ҷонибдории номзад ва ҳизби сиёсии арзанда ба хотири пешрафту шукуфоии боз ҳам афзуни Тоҷикистони соҳибистиқлол овоз доданд.
Дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сокинони маҳаллаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки участкаи интихоботии № 15 дар ҳудуди он ҷойгир аст, чун дигар интихобкунандагони мамлакат бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ иштирок намуда, мавқеи худро муайян карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.03.2020 №: 45 Мутолиа карданд: 835