фарҳанг
ТАЪРИХ.
АГАР ПЕШИ РОҲИ ФОРИҒБОЛИРО НАГИРЕМ...
Масъалаи муҳим будани ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанг аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ таҳти таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Дар пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ин ҳадафи нек дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инъикоси худро ёфт. Аз ҷумла, дар моддаи 44 - и ин санади олӣ зикр мешавад, ки: «Ёдгориҳои таърих ва фарҳанг дастраси халқ мебошанд. Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таъриху фарҳанг вазифаи ҳар як шахс аст».
Вале мутаассифона, оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар солҳои 90 - уми асри ХХ боис гардид, ки ашхоси аз нигоҳи маънавӣ бебунёду худхоҳ қитъаҳои замини ҳудуди ёдгориҳои таърихиро аз худ карда, ё барои сохтмони хусусӣ ва ё ҳамчун майдони кишт истифода бурданд. Бо ин сабаб дар бисёр манотиқи кишвар талу теппаҳоеро, ки мувофиқи харита мавзеи аниқи ёдгориҳо – шаҳрҳои қадима буданашон маълум аст, ба майдони кишт ё гӯристон табдил ёфт. Чунин вазъи ногувор то ҳол идома дошта, сол ба сол шумораи зиёди ёдгориҳои таърихии кишварамон ба коми нестӣ мераванд. Ҳолати ёдгориҳои таърихии Сангистони ноҳияи Айнӣ, Кукгунбази шаҳри Истаравшан, Ворухи шаҳри Исфара, «Тахти Сангин», масоҷиди «Шоҳи Хомӯш», «Хуҷаалишоҳ» ва «Золи Зар» - и ноҳияи Фархор (ҳудудаш 100 га) далели равшани ин гуфтаҳоянд.
Новобаста аз таваҷҷуҳи хоса ва иқдому чораандешиҳои доимии Ҳукумати кишвар оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, шаҳри бостонии Мунк, ёдгориҳои таърихии Сангтӯда, маъбади Буддо ва осори ниёгони ноҳияҳои тобеи марказ хуб нигаҳдорӣ нашудаанд. Дар ноҳияи Мӯъминобод 41 бошишгоҳу ёдгориҳо омӯхта шуда, маводи зиёди бостоншиносии арзишманд дастрас гардид. Аммо, мутаассифона, ин бозёфтҳои қадимӣ ҷои нигаҳдорӣ надоранд.
Соли 2010 барои ҳифзи петроглифҳо семинар - машварат гузаронда, барои тадқиқот дар ин самт маблағгузорӣ ҳам гардид, вале вазъият тағйир наёфту бадтар шуд. Ба истиснои ёдгориҳои реставратсияшуда, ки таҳти нигоҳубин қарор доранд. Чунин мушкилоту камбудиҳо нисбати ҳифзи ёдгориҳо дар аксари шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ тасдиқи худро меёбанд. Ҳолати ногувори қисми зиёди ёдгориҳо шаҳодати он аст, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти болоӣ маълумоти нодуруст медиҳанд, ки ин ҳолат дар мисоли «Ғаравқалъа» - и ноҳияи Ёвон, «Чимқӯрғон» - и ноҳияи Шаҳринав, “Вашгирд” – и ноҳияи Файзобод ва қалъаҳои “Афросиёб” - у “Шодмон” - и шаҳри Ваҳдат ошкор аст. Дар ноҳияи Ёвон аз 129 ёдгории бақайдгирифта танҳо харобаҳои ками «Ғаравқалъа» боқӣ монда, дигар ҳама зери хонаҳои истиқоматию иншооти дигар абадан нобуд шуданд.
Шаҳри Панҷакенти қадима, ки дар оянда метавонад ба маркази сайёҳии байналмилалӣ табдил ёбад, мутаассифона, дар зери барфу борон монда, онро ҳамасола хатари сел таҳдид мекунад. Илова бар ин, сокинони деҳаҳои атроф ин ёдгории бебаҳоро ҳамчун чарогоҳу партовгоҳ истифода мебаранд. Дигар ёдгориҳои мавзеъ, аз қабили мақбараҳои Халифа Ҳасан, Муҳаммад Башоро, мадрасаи Олим Додхоҳ ва Қасри Наврӯзшоҳ низ на он қадар ҳолати хуб доранд.
Тибқи фармоиши вазири фарҳанги ҷумҳурӣ аз 28 - уми феврали соли 2017, вобаста ба иҷрои Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020 ҷудо намудани як воҳиди кории нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанг, аз ҳисоби азнавтақсимкунии воҳидҳои кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иқдоми нек аст. Вале то чӣ андоза чунин кормандон корро дар самти ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ба роҳ мондаанд, ҳолати ногувори ёдгориҳо дар бисёр шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ин гувоҳ мебошад. Агар бо сабаби дасткӯтоҳии иқтисодӣ ёдгориҳоро имкони болопӯшу навсозӣ кардан набошад, аз беаҳамиятию бемасъулиятии иддае аз чунин масъулини шаҳру навоҳӣ, мероси бобоён ба харобот, макони чарогоҳу партовгоҳ мубаддал мегарданд. Фориғболӣ ё канораҷӯӣ аз ин вазифаи муқаддас бар зарари миллат аст. Тарзе шавад, ки ҳифзи ёдгориҳоро аз гуфтор ба амал табдил диҳем, ба наслҳои баъдӣ ин мероси аҷдодӣ - сарватҳои бебаҳои миллатро бегазанд расонда тавонем. Нагузорем, ки арзишҳои ба мерос мондаи бобоён ба гӯшаи фаромӯшӣ раванд. Аз ин рӯ, кормандону масъулини мақомоти маҳаллӣ бояд фаъолиятро дар ин самт ҷоннок намуда, ба сокинон фаҳмонанд, ки ёдгориҳои таърихиро эҳтирому ҳифз намоянд ва ба харобазору гӯристонҳо табдил надиҳанд. Инчунин, аз роҳбарияти Вазорати фарҳанг, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои ҷумҳурӣ хоҳиш менамоем, ки бо ҷалби нозирони ҳифзи ёдгориҳо семинар - машваратҳои доимӣ гузаронда шавад. Бисёр бамаврид мебуд, агар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ низ оид ба ин масъала бетарафӣ зоҳир накарда, тавассути барномаҳои телевизиониву радиоӣ чораандешӣ намояд.
Мурод ЁРОВ,
раиси раёсати Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.03.2020 №: 46 Мутолиа карданд: 770