logo

иқтисод

 ВМКБ: РОҲҲО ОИНАИ САТҲИ ЗИНДАГИАНД


Дар қисматҳои ҷудогонаи шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ - Кулма корҳои таъмиру навсозӣ бомаром идома доранд. Дар қитъаи деҳаи Шкев - маркази ноҳияи Дарвоз корҳои таъмиру навсозиро 125 нафар роҳсозони ватанию хориҷӣ бо истифода аз техникаи муосир анҷом медиҳанд.
Дар баробари таъмир кардани роҳ коргарон, ҳамчунин, ба корҳои бунёди корхонаҳои тавлиди сангреза, хобгоҳ барои роҳсозон, соҳилмустаҳкамкунӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардондани инфрасохтори атрофи ин роҳи байналмилалӣ машғуланд.
Дарозии қитъаи роҳи Шкев - Қалъаихумб 26 километр мебошад. Дар ин роҳ бунёди се пул ба дарозии 74 метр ва васли як қубури ҳаҷман калони обгузар дар назар дошта шудааст.
 Сардори муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и ВМКБ Гулаёз Гулаёзов гуфт, ки сохтмони қитъаи роҳи Шкев - Қалъаихумб дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди комплексии нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2025» амалӣ мегардад.
Дар доираи барнома соли равон сохтмони роҳи автомобилгарди Қалъаихумб – Ванҷ - марзи маъмурии ноҳияи Рӯшон, ки маблағи 226,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, оғоз мегардад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд, ин қитъаи аз ҳама мушкилгузари роҳи Душанбе - Хоруғ буда, барои бунёди он вақт ва маблағи зиёд масраф мешавад. Ба иттилои манбаъ, ин сохтмон 93 км роҳ, 15 пул, 2 нақб ва 5 долони зиддитармавиро дар бар мегирад.
Ҳамчунин, тибқи барномаи мазкур, то охири соли 2020 таҷдиди роҳҳои Лаби Ҷар - Қалъаихумб, Қалъаихумб - Рӯшон, Рӯшон - Хоруғ, Сурхсангов аз километри 456 то маркази ноҳияи Ванҷ ва роҳи осоишгоҳи "Гармчашма" ба нақша гирифта шудааст.
То соли 2025, тибқи барномаи мазкур, таҷдиди роҳҳои мошингарди Хоруғ - Туқузбулоқ ба масофаи 185 км ба маблағи 31,8 миллион, Музкӯл - Мурғоб ба масофаи 126 км ба маблағи 30,3 миллион, Мурғоб - ағбаи Қулма ба масофаи 90 км ба маблағи 21,624 миллион, Хоруғ - Ишкошим ба масофаи 105 км ба маблағи 26,2 миллион, Ишкошим - Тузкӯл ба масофаи 210,5 км ба маблағи 52,8 миллион, Қалъаихумб -Дашти Луч ба масофаи 6,9 км ба маблағи 779,6 ҳазор, аз километри 609 – уми шоҳроҳ то деҳаи Поршнев ба масофаи 4,6 км ба маблағи 533 ҳазор, Хоруғ -Туқузбулоқ ба масофаи 157 км ба маблағи 37,1 миллион доллари ИМА ва таҷдиди 91 пул ба дарозии 7230 метр ба маблағи 1915,2 ҳазор доллари ИМА дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма, 16 пул ба дарозии 167 метр ба маблағи 319,2 ҳазор доллари ИМА дар роҳи мошингарди Мурғоб - ағбаи Қизил-Арт ва 63 пул ба дарозии умумии 536 метр ба маблағи 861,8 ҳазор доллари ИМА дар роҳҳои дигар ба нақша гирифта шуда, барои дарёфти маблағгузорӣ ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Айни замон дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2728, 35 км роҳҳои мошингард, аз ҷумла 1276,3 км роҳҳои байналмилалӣ, 383,5 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 1068,55 км роҳҳои маҳаллӣ ва дар ин роҳҳо 281 пули мошингузар мавҷуданд.
Гулаёз Гулаёзов бо арзи сипос аз Ҳукумати кишвар, хоса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ҳидоят ва дастгирии ӯ давоми солҳои истиқлолият дар бахши бунёд ва таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди вилоят корҳои зиёд ба анҷом расонда шудаанд, зикр кард, ки яке аз иншооти муҳиме, ки дар тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилоят саҳми беназир дорад ва вилоятро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, бо давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ пайваст намуд, ин кушодашавии  шоҳроҳи  Душанбе - Кӯлоб -  Қалъаихумб - Хоруғ - Мурғоб - Қулма мебошад.
 Таҷдиди қисмати роҳи Кӯлоб - Қалъаихумби шоҳроҳ соли 2004 оғоз гардида, то охири соли 2017- ум 134,7 км роҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ҳамзамон, дар ин масир 28 пул бунёд гардид.
Берун аз барнома низ пулҳои мошингузар дар мавзеи Сурхсангови ноҳияи Ванҷ бо дарозии 140 метр ба маблағи 22 миллион сомонӣ, мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон ба маблағи 1034, 3 ҳазор сомонӣ  ва  дар  роҳи мошингарди Хоруғ - Роштқалъа - Туқузбулоқ бо харҷи 6,2 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Дар доираи барномаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва рушди деҳот» соли 2019 ҷиҳати таъмини устувори муқовимат бо офатҳои табиӣ дар вилоят корҳои лоиҳакашӣ ва омодагӣ ба сохтмони 18 пул ба маблағи 20 миллион доллари ИМА оғоз гардиданд.
Сол ба сол беҳтар гардидани сифати роҳҳои вилоят ба тадриҷан баланд гардидани сатҳи некуаҳволии сокинони вилоят мусоидат мекунад. Зеро шоҳроҳи Душанбе - Хоруғ - Қулма на танҳо Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мепайвандад, балки барои мардуми ин минтақа роҳи ҳаёт низ ҳаст. Тамоми маводи мавриди ниёзи аввали мардуми Бадахшон тариқи ҳамин роҳ ба вилоят ворид гашта, маҳсулот низ аз ҳамин масир содир мешавад.
       
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.03.2020    №: 46    Мутолиа карданд: 897
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед