фарҳанг
АКСҲОИ ГӮЁ.
БАРДОШТ АЗ НАМОИШИ "ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ОРЗУҲО"
Имрӯзҳо ташкилоту муассисаҳои фарҳангӣ барои рушди бештари сайёҳӣ дар кишвар аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода бурда истодаанд. Аз ҷумла, чанде пеш дар Иттифоқи рассомони Тоҷикистон намоиши аксҳои суратгири шинохта Шуҳрат Ёров таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари орзуҳо» баргузор гардид.
Дар силсилаи зебои аксҳои Шуҳрат Ёров, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, пирони хушчеҳраву кордида, тифлакони беғашу хандабарлаб, духтарони мавзунқаду боҳаё, ҳунарҳои мардумӣ, мавсими кишт ва ҳосилғундорӣ, шукӯҳи аҷиби фаслҳои сол, ёдгориҳои таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ, дарёву дараҳои зебоманзар ва лаҳзаҳои бисёр нотакрори рӯзгори тоҷикон сабт шудаанд.
Зевар Давлатзода, муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, намоиши аксҳоро дар кишвар падидаи ҷолиб арзёбӣ карда, гуфт: «Мо бояд барои муаррифии гӯшаву канори зебоманзари Тоҷикистон, одамони меҳнатқарину ҳунарманди он аз ҳама имкониятҳо истифода барем. Намоиши имрӯза собит мекунад, ки чунин чорабиниҳоро зуд-зуд бояд баргузор кард. На танҳо дар пойтахт, балки дар шаҳру навоҳии дигар гузарондани чунин намоишҳо бисёр судманд аст».
- Шуҳрат Ёров тавонистааст тавассути аксҳо ба Тоҷикистон диди вижаи худро ифшо намояд. Мо имрӯз суратгириро чун илм бояд омӯзем. Завқи зебоипарастии шаҳрвандонро нисбат ба ин марзу бум бедор кунем. Беҳтарин аксҳоро аз мавзеъҳои гуногуни мамлакат гулчин карда, ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем. Аксҳоро на танҳо дар интернет гузорем, балки дар шакли китобу раҳнамоҳои алоҳида ба сайёҳон пешниҳод намоем, - изҳор дошт Кароматулло Олимов, академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ.
Заур Дахте, яке аз аксбардорони номвари кишвар аз намоиш бо хушнудӣ истиқбол карда, аз ҷумла гуфт: «Мо медонем, ки дар Тоҷикистон тавассути телефону планшет ва дигар васоити аксгирӣ ҳамарӯза ҳазорон сурат гирифта мешаванд ва ба шабакаҳои иҷтимоӣ интиқол меёбанд, аммо бештари онҳо беҳадаф, безавқ ва бесалиқа гирифта шудаанд. Имрӯз дар робита ба муаррифии кишвар завқи эстетикии фарзандонамонро бояд инкишоф диҳем. Шуҳрат Ёров ин нозукиро пай бурдааст ва кори худро аз рӯи касбият ва ҳадафмандона пеш мебарад. Омӯзгорӣ ҳам мекунад ва асолати касби худро дуруст тарғиб менамояд. Имрӯз на танҳо барои Шуҳрат, балки барои ҷамъияти суратгирон ид аст, иди зебоипарастӣ».
Шуҳрат Ёров, муаллифи намоиши «Тоҷикистон – кишвари орзуҳо» рӯнамоии аксҳои худро дар мамлакатҳои Россия, Беларус, Туркманистон, Покистон, Шоҳигарии Уммон, Кувейт, Олмон, Исроил ва Доғистон гузрондааст. Соли 2018 дар шаҳрҳои Самарқанду Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон намоиш ташкил карда, зеботарин мавзеъҳои Тоҷикистон ва мардуми самимиву меҳмоннавози онро муаррифӣ кард.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.03.2020 №: 46 Мутолиа карданд: 705