logo

фарҳанг

 МУАРРИХ. СУХАН ДАР БОРАИ УСМОНҶОН ҒАФФОРОВ МЕРАВАД


Усмонҷон Ғаффоров дар муҳити хонадони адабпарвар - дар оилаи зиёӣ ва яке аз бунёдгузорони маорифи халқ дар ҷумҳурӣ Абудуғаффор Ҳасанов таваллуд ёфта, баъди хатми мактаби миёнаи деҳаи Хистеварз ба шуъбаи таърихи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (имрӯза ДМТ) дохил мешавад. Баъди итмоми он, соли 1967, дар кафедраи таърихи халқи тоҷики донишгоҳ ба кор оғоз намуда, минбаъд бо сипарӣ кардани таҳсили аспирантура ва ҳимояи муваффақонаи рисолаи номзадӣ сарнавишти хешро ба таълиму тарбияи шогирдон дар донишгоҳҳои олии кишвар мебахшад. Меҳнатдӯстӣ, заҳматписандӣ ва муҳаббат ба илму маърифат устодро аз зинаҳои нахустин то ба зинаҳои баланд расондааст. 
Усмонҷон Ғаффоров олими хеле сермутолиа ва пуркор буда, ба маънои комил дилбохта ва фидоии воқеии роҳи илму маърифат аст, ки дар тамоми маҳфилҳои адабӣ, фарҳангӣ ва илмӣ бо шавқу рағбати зиёд ширкат меварзад ва дар мавридҳои зарур бо суханрониҳои фарогиру пур аз ҳикмат, ки дар заминаи мутолиаи пайваста бар он даст ёфтааст, ба шунавандагони худ матлабҳои тозаро бозгӯ мекунад. Ҳамчун олими сермаҳсули кишвар дар таълифоти хеш оид  ба таърихи фарҳанги халқи тоҷик, фарзандони арзандаи миллат, таърихи пурғановат ва арзишҳои асили давлатдории мо асару мақолаҳои сершумор офарид. Ба қалами мавсуф беш аз 70 китоб ва  беш аз 1000 мақолаи илмӣ - оммавӣ  тааллуқ дошта, китобҳои «Равшангари таърих» (1990), «Бобоҷон Ғафуров - фарзанди фарзонаи миллат» (1996),  «Султони диёри сухан» (2001) номгӯи каме аз таълифоти муаллиф аст, ки бо истифода аз сарчашмаҳои зиёд нашр ва ба дасти хонандагон расида, аз санаҳои фархундаи таърихи миллат, кору пайкори шахсони барӯманди кишвар аллома Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Муҳаммад Осимӣ, Тошмуҳаммад Қорӣ Ниёзӣ, Зариф Раҷабов, Назаршо Додихудоев, Ғафур Ҳайдаров, Бахтиёр Аҳмадов, Сотим Улуғзода, Ҳамдам Очилов, Раҳим Ҷалил, Ҳоҷӣ Содиқ, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Лоиқ Шералӣ ва дигарон маълумот медиҳад.
   Аксари таҳқиқот ва таълифоти устод дар баробари фаро гирифтани асноду далелҳои таърихӣ бо панду ҳикмат, суханони абармардон, каломи бузургон ва абёти дилчаспи суханварони адабиёти форсу тоҷик зинат ёфта, баёнгари завқи баланди зебоишиносӣ ва адабдӯстиашон мебошад. Сабки таълифоти устод як навъ аз омезиши услуби илмию публитсистӣ ва адабӣ ба вуҷуд омада, каломашон барои доираи васеи хонандагон дастрас аст.
Устод Усмонҷон Ғаффоров солҳои 2001– 2005 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2000 - 2005 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, солҳои 2005 - 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамчун публитсист ва қаламкаши хушбаён аз соли 1997 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз соли 2001 аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонанд.
Барои хизматҳои арзанда соли 1999 бо фармони Президенти кишвар бо унвони «Корманди Шоистаи Тоҷикистон», худи ҳамон сол бо Ҷоизаи мукофоти ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар риштаи илм тақдир шуданд.
Тоҷибой СУЛТОНӢ,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.03.2020    №: 46    Мутолиа карданд: 760
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед