иқтисод
ТОҶИКИСТОН -
ДИЁРЕ БО ТАБИАТИ НОТАКРОР
Мувофиқи қатъномаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид (аз 20 декабри соли 1913) 3 март Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ эълон шудааст. Қаблан санади муҳими дигар – конвенсияи СММ «Дар бораи савдои байналмилалии наботот ва ҳайвоноти ёбоие, ки зери хатари нестшавӣ қарор доранд» (3 марти соли 1973) қабул шуда буд. Ҳоло қариб тамоми кишварҳои ҷаҳон узви ин конвенсияанд. Ҳадаф аз қабули ин санад ва эъломи Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳифзи набототу ҳайвоноти ёбоӣ ва аз нестшавӣ наҷот додани онҳо арзёбӣ мешавад.
Рӯзи ҷаҳонии табиати ёбоӣ имкон фароҳам меорад, ки таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба гуногунӣ ва зебоии набототу ҳайвоноти ёбоӣ бештар гардида, мардум дар бораи ҳифзи табиат, манфиатбардорӣ аз он маълумоти кофӣ пайдо намоянд ва ба муқобили ҷиноятҳои зиёнрасонӣ ба табиат мубориза бурда тавонанд.
Ғамхорӣ барои нигаҳдории шумораи набототу ҳайвоноте, ки ба нестшавӣ наздиканд, иттилоотони ҷомеа аз оқибатҳои манфии нестшавии онҳо барои гуногуниҳои дигари биологӣ олимон, сиёсатмадорон, иқтисодчиён ва шаҳрвандони дигарро дар тамоми ҷаҳон ба ҳам овард, то талошҳои худро барои наҷоти табиати ёбоӣ, ки аксаран маҳз аз дахолати нооқилонаи инсон нобуд мешавад, муттаҳид созанд. Ҳоло қариб тамоми кишварҳо китоби сурхи худро доранд, ки ба онҳо намудҳои нодири рӯ ба нестшавӣ ниҳодаи набототу ҳайвонот дохиланд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалии СММ оид ба ҳифзи табиати ёбоӣ шомил аст. Воқеан, Тоҷикистон аз кишварҳои нодиртаринест, ки дар он набототу ҳайвоноти ёбоӣ ҳифз шудаанд. Ин ҷо ҳам дастнорасоии мавзеъҳои Тоҷикистон барои хароб шудан аз ҷониби инсон ва ҳам талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри ҳифзи ин табиати ноёби ёбоӣ нақши муҳим бозидаанд. Қабл аз ҳама, кӯҳҳои сарбафалаки Помир, пиряхҳо, кӯлу дарё ва рустанию ҳайвоноти нодири онҳо аз нестшавӣ эмин мондаанд. Дар маҷмӯъ, 26 дарсади ҳудуди Тоҷикистонро мавзеъҳои махсуси муҳофизатшаванда (мамнӯъгоҳҳо) ташкил медиҳанд.
Ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат онро бо се забон – тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ нашр ва дастраси хонандагон намудааст, 267 намуди рустанӣ ва 222 намуди ҳайвонот дохил шудаанд, 9 намуди обсабзаҳо, 5 намуди гулсангҳо, 223 намуди рустаниҳои пӯшидатухм, 14 намуди моҳӣ, 9 намуди ҳайвоноти нармбадан, 31 намуди хазанда, 43 намуди паранда ва 44 намуди ширхӯр аз ин ҷумлаанд.
Табиати ёбоӣ воситаи беҳтарини ҷалби сайёҳон ба кишвар аст. Хусусан, ба ҷаҳониён таблиғ намудани кӯҳҳои осмонбӯс, дарёву чашма, марғзорон ва мамнӯъгоҳҳои кишвар, гӯсфанди Марко Поло, оҳуи бухороӣ, бузи кӯҳии пармашох, бабри барфӣ, бузи морхӯр (ва монанди инҳо), албатта, шумораи ҷаҳонгардонро ба Тоҷикистон зиёд мегардонад.
Тоҷикистон саросар (93 %) кӯҳсор аст. Помирро Боми ҷаҳон меноманд. Исмоили Сомонӣ (7495 метр) қуллаи аз рӯи баландӣ дар ҷаҳон дуюм аст. Амӯ ва Сир ду дарёи бузургтарини Осиёи Марказианд.
Олами набототу ҳайвоноти Тоҷикистон басо рангин аст. Дар кишвари мо намудҳои нодиртарини рустаниҳо ва ҳайвонот мерӯянду ба сар мебаранд. «Бешаи Палангон», «Ромит», «Даштиҷум», «Сарихосор», «Данғара» аз калонтарин мамнӯъгоҳҳои кишваранд, ки дар онҳо хирсу паланг, гург, оҳу, лайлаку шоҳин, тазарву гавазн ва ҳатто шерро вохӯрдан мумкин аст.
Мутаассифона, ҳанӯз ҳам таблиғи арзишҳои табиии Тоҷикистон, хусусан табиати ёбоии он, дар сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯи талаботи замон нест. Таблиғи арзандаи ин арзишҳо – пиряхҳо, дарёҳо, мамнӯъгоҳҳо, шаршараю обшорон, чашмаю кӯҳҳо, кӯлҳои зебо, бавижа «Маликаи хуфта» - кӯли Сарез, ҳайвоноту рустаниҳои дигари нодир дар нашрияҳои маъруфи ҷаҳонӣ, сомонаҳо, радиою телевизион ва намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ, ташкили буклетҳо ва маълумотномаҳо ба рушди сайёҳии кишвар, ки алҳол ба яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфта истодааст, мусоидат менамояд.
С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.03.2020 №: 46 Мутолиа карданд: 864