иқтисод
КУМИТАИ АНДОЗ:
ЧАРО БА БУҶЕТ 450 МИЛЛИОН СОМОНӢ ВОРИД НАШУД?
Аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 тавассути Кумитаи андоз 11 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби воридоти пардохтҳои гумрукӣ 5,5 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки мутаносибан 96,1 ва 107,1 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Қисми даромади Буҷети давлатӣ аз ҳисоби се намуди андоз, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда, таъмин карда нашуд, ки аз ин ҳисоб ба буҷет 852 миллион сомонӣ ворид нагардид.
Дар натиҷаи пурра ва дуруст ба инобат нагирифтани имкониятҳо ва иқтидорҳои мавҷуда, махсусан дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани низоми банақшагирӣ ва буҷетикунонӣ, 9 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ уҳдадориҳои андозии худро дар назди буҷет таъмин карда натавонистанд.
Ба қавли Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз чораҳои зиёди андешидашуда, аз ҷониби мақомоти андоз соли сипаришуда нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ҳамагӣ ба андозаи 96,1 дарсад таъмин гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 450 миллион сомонӣ кам аст.
Раиси кумита сабаби пурра иҷро нашудани нақшаи даромади андозро дар нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандии субъектҳои соҳибкорӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо, кам гардидан ва нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ дар корхонаҳои калон ва ширкатҳои мобилӣ, дар бозори ҷаҳонӣ паст шудани нархи баъзе ашё ва моли ба содирот нигарондашуда ва вобаста ба ин, кам шудани даромади якчанд корхонаи калони саноатӣ ва дигар омилҳои таъсиррасон арзёбӣ намуд. Танҳо аз ҳисоби ширкатҳои мобилӣ даромади андоз 432 миллион сомонӣ кам гардидааст.
- Сабаби дигари таъмин нагардидани иҷрои қисми даромади буҷет ба он вобаста аст, ки соли гузашта нисбат ба соли қаблӣ маблағҳои аз ҳисоби санҷишҳои маҷмӯии андоз ҳисобшуда, бо назардошти дар доираи қонунгузорӣ дар бораи мораторий ба танзим дароварда шудани санҷишҳо дар соҳаи истеҳсолӣ 210 миллион сомонӣ кам шуд, - гуфт Нусратулло Давлатзода.
Дар фаъолияти 1840 шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ ба маблағи 511 миллион сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардид. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи мақомоти андоз соли гузашта бақияи қарзи андозҳо нисбат ба соли қаблӣ ба андозаи 144 миллион сомонӣ кам карда шуд. Аммо, новобаста аз тадбирҳои андешидашуда, ба ҳолати 1 январи соли равон бақияи қарзи андоз 581 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти Кумитаи андоз, баъзе андозсупорандагон дидаю дониста тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андозро риоя намекунанд, дар ҳоле ки соли гузашта 3400 семинар - машварат, видеоконференсия, вохӯрӣ, намоишу мусоҳиба гузаронда, роликҳои тарғиботӣ ва эълонҳои дахлдор нашр шудаанд ва мутахассисони кумита бо андозсупорандагон ба таври доимӣ корҳои фаҳмондадиҳию тавзеҳотӣ мегузаронанд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.03.2020 №: 47 Мутолиа карданд: 904