logo

иқтисод

НАМОИШГОҲИ ИСТАНБУЛ. ТАВАҶҶУҲ БА РИШТАҲОИ ПАХТАГИНИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

 
Дар Намоишгоҳи байналмилалии ришта, ки дар маркази ҷаҳонии ришта - шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия баргузор шуд, корхонаҳои ресандагии Тоҷикистон -   “Ваҳдат”, “Ресандаи Қӯрғонтеппа”, “Спитамен Текстайлз” ва  “ХИМА Текстил”  ришта ва маҳсулоти дигари пахтагини худро барои  доираи васеи иштирокдорон ба намоиш гузоштанд.
Дар чорабинӣ  нахи пахта, ришта, таҷҳизоту маҳсулоти нассоҷӣ ва  дӯзандагӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд. Риштаи пахтагини кишвари мо дар ин намоишгоҳ аз зумраи он маҳсулоте буд, ки бештар мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон аз кишварҳои гуногун  қарор гирифт. Соҳибкорони зиёд пас аз боздиди маҳсулоти нассоҷии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкорӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак бо соҳибкорони тоҷик дар ин самт изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ба гуфтаи Саймумин Камолов, роҳбари Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон, иштирок дар ин намоишгоҳ барои  корхонаҳои ватанӣ  ҷиҳати роҳ ёфтан ба бозори маҳсулоти нассоҷии минтақа имконияти зиёд фароҳам овард.
- Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул бартарияти риштаҳои пахтагини тоҷикиро нисбат ба маҳсулоти кишварҳои дигар нишон дод. Ҳамин буд, ки ширкатҳои ресандагии Тоҷикистон дар ин ҷо бо истеҳсолкунандагони пештози маҳсулоти нассоҷии  минтақа ошно шуданд  ва  барои мавқеи  худро дар бозори минтақавӣ баланд бардоштан имкон пайдо намуданд.  Соҳибкорони ватанӣ  бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридоткунанда  ва  тоҷирони ин самт  дар минтақа  робитаи мустаҳкам ба роҳ монда,  талаботу интизориҳои бозор ва равандҳои онро омӯхтанд, ки барои минбаъд мувофиқи талаботи бозори ҷаҳонӣ маҳсулот тавлид намудан аҳамияти калон дорад, - гуфт Саймумин Камолов.  
Тавре иттилоъ дода шуд, дар намоишгоҳи мазкур  ширкатҳои ресандагии  қариб  80 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2020    №: 50    Мутолиа карданд: 763
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед