иқтисод
"НЕСТ КАРДАНИ ТУХМИ ВАТАНӢ ХАТОИ НОБАХШИДАНИСТ"
Матлаби «Нест кардани тухми ватанӣ хатои нобахшиданист», ки 26 феврали соли равон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№ 42) ба нашр расидааст, дар ҷаласаи олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки матлаб ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз бахшида шудааст.
Дар ҳақиқат, тайи чанд соли охир хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) барои дарёфти тухмиҳои репродуксионӣ бо хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва олимони соҳа ҳамкории зич надоранд, ки ин боиси коҳиш ёфтани ҳосилнокии зироатҳо мегардад.
Олимони соҳаи кишоварзӣ барои офаридани навъҳои серҳосил, тезпаз ва ба иқлим тобовар корҳои илмию тадқиқотиро вусъат бахшида, тайи 5 соли охир 25 навъи серҳосили зироатҳои кишоварзӣ, 7 навъи серҳосили дарахтони мевадиҳандаю зироатҳои сабзавотӣ ва 2 дурагаи дарахти тут офаридаро минтақабоб намуданд, ки ҳоло дар майдонҳои васеи истеҳсолӣ парвариш меёбанд. Ҳамзамон, дар Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 37 навъи нави зироатҳои кишоварзии офаридаи олимони Академия мавриди санҷиш қарор дорад. Танҳо соли гузашта 5 навъи офаридаи олимони соҳаи селексия – навъҳои пахтаи миёнанахи гурӯҳи миёнапазу тезпази «Яҳё - 110», «Зебо», гандуми мулоимдонаи «Бобо С - 80», ҷуворимаккаи навъҳои «Истиқлол» ва «Тезрас» минтақабоб гардидаанд.
Ҳосилнокии навъҳои ватанӣ баланд аст. Масалан, аз онҳо дар ҳолати пурра риоя намудани агротехникаи парвариш аз ҳар гектар 60 – 70-сентнерӣ пахта ва дар заминҳои обёришаванда 60 – 80-сентнерӣ гандум гирифтан мумкин аст.
Тибқи тартиби муқарраргадида, пеш аз воридоти тухмиҳои хориҷӣ ба ҷумҳурӣ онҳо бояд аз тарафи мақомоти ваколатдор санҷида, 3 сол мавриди омӯзиш қарор гиранд. Танҳо баъд аз гирифтани хулосаи мусбат барои кишти чунин тухмиҳо дар хоҷагиҳо иҷозат дода мешавад. Дар ҳолати риоя намудани қоидаҳои воридоту минтақабоб намудани тухмиҳо эҳтимоли ворид гардидани навъҳои гуногуни касалию ҳашаротро ба ҷумҳурӣ пешгирӣ кардан имконпазир аст.
Дар мавриди ҳамкорӣ бо деҳқонон ва заминистифодабарандагони ноҳияҳои пахтакор ҳаминро зикр карданием, ки олимони соҳаи селексияи академия бо кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии «Дӯстӣ», «Агросаноат»-и шаҳри Турсунзода, «Муҳсинҷон», «Баҳор»-и ноҳияи Данғара, «Камола»–и ноҳияи Зафаробод, «Сорбон», «Бахт», «Шариф»-и ноҳияи Восеъ, «Озода», «Машҳур», «Кенҷа»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, хоҷагии тухмипарварии «Сабз – Н»-и шаҳри Кӯлоб ва чандин хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ робитаи доимии корӣ доранд ва дар натиҷаи ҳамкорӣ ин хоҷагиҳо ҳамасола ҳосили хуб (42 – 54 - сентнерӣ пахта, 50 – 65–сентнерӣ ғалла) мерӯёнанд
Олимони академия омодаанд, ки минбаъд низ тадқиқотро оид ба офаридани навъҳои серҳосил, тезпаз ва мутобиқ ба шароити тағйирёбии иқлим тақвият ва ҳамкориҳоро бо хоҷагидорон вусъат бахшида, дар болоравии истеҳсолоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиби худро гузоранд.
Н. АСОЗОДА,
президенти Академияи илмҳои
кишоварзии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.03.2020 №: 51 Мутолиа карданд: 835