logo

иқтисод

 ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РӮШНОӢ


Аз ободиву хуррамии кишварамон бо ҳаяҷон суҳбат мекунем, аз «Роғун» ва аҳамияти бузурги он дилпурона ҳарф мезанем, аммо камтар дарк мекунем, ки пойдевори асосии ин ҳама пешрафтҳо Истиқлолияти давлатист. Магар бе истиқлолият, бе хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ метавонистем, ки ба чунин рӯзгори пурсаодат расем? Ҳаргиз!
Шукр, дастовардҳо фаровонанд, аммо матлаби мо танҳо истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро васф мекунад. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар натиҷаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат марҳилаи сифатан нави рушди соҳаи энергетика оғоз гашт ва дар ин давра неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2»,  марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе ва садҳо неругоҳҳои хурди барқи обӣ сохта шуданд. Ҳамзамон, масъалаи таҷдиду навсозии иқтидорҳои мавҷуда ҳалли худро пайдо карда, дар ин замина таъмири неругоҳҳои "Норак", "Қайроққум", "Сарбанд" ва "Варзоб" шурӯъ гардид. Аллакай дар доираи таҷдиди НБО "Норак"  чархаи кории  агрегатҳои № 3 ва № 8 нав гардид ва тамоми таҷҳизоти дастгоҳи тақсимотии кушодаи 220 - кВ бо асбоби муосири элегазии ДТПЭ – 220 кВ ва  дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 500 - кВ  бо таҷҳизоти замонавии элегазии ДТПЭ – 500 - кВ  иваз гашта, бори аввал дар таърихи неругоҳ  дарбанди куравӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Сохтмони аввалин неругоҳҳои барқи обӣ ва инфрасохтори дигари соҳа  дар кишвар аз солҳои сиюми асри гузашта шурӯъ гашта, аввалин неругоҳи барқи обии кишвар НБО "Варзоб" охири соли 1936 бо иқтидори  3720 кВт ба истифода дода шуд.
Бунёди хатҳои барқи баландшиддати «Ҷануб - Шимол», «Лолазор - Хатлон», «Хуҷанд - Айнӣ», «Сангтӯда - Лолазор», «Сангтӯда - НБО «Сарбанд», «Қайроққум - Ашт», “Роғун - Душанбе - 500”, “Айнӣ - Панҷакент”,  навсозиву ивази зеристгоҳҳои куҳна бо зеристгоҳҳои пурқудрат ва барқарорсозии шабакаҳои барқӣ вазъи таъминоти неруи  барқро дар ҷумҳурӣ бамаротиб беҳтар намуданд. Дар ин давра ифтитоҳи хати интиқоли барқи 500 кВ-и «Ҷануб - Шимол» хеле муҳим арзёбӣ мегардад, зеро он ба системаи ягонаи энергетикии кишвар асос гузошт.
28 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент баъди таҷдиду навсозӣ хати интиқоли барқи 220-киловолтаи «Айнӣ - Рӯдакӣ» ва зеристгоҳи барқии «Рӯдакӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки ин мушкилоти бо барқ таъмин кардани шаҳри Панҷакент ва атрофи онро пурра бартараф сохт.
Дар заминаи сиёсати амиқи энергетикии Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ айни ҳол дар мамлакат барномаҳои зиёди ҷумҳуриявию байналмилалӣ амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, 12 майи соли 2016  бо иштироки  сарварони Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон татбиқи Лоиҳаи минтақавии неруи  барқи  CASA – 1000 оғоз ёфт, ки дар он саҳми бузурги Тоҷикистон бармало эҳсос мешавад.
Дар  натиҷаи гуфтушунидҳои сарони  давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкории энергетикҳои тоҷику ӯзбек аз нав ба роҳ монда шуд ва 2 апрели соли 2018 тавассути зеристгоҳи Регар интиқоли барқ  ба кишвари ҳамсоя оғоз ёфт. Ҳоло роҳбарият ва мутахассисони  ширкати «Барқи тоҷик» бо дастгирии Ҳукумати кишвар  ҷиҳати пайваст шудан ба ҳалқаи  ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, ки  тавассути Ӯзбекистон мегузарад, саъю талош доранд. Дар ин ҷода масъулону кормандони соҳа як қатор корҳои таъмиру барқарорсозиро ба сомон расонданд ва ояндаи наздик кишвари мо ба он боз пайваст хоҳад гашт ва дар ин замина ҳамкорӣ бо энергетикҳои Осиёи Марказӣ тавсеаву тақвият хоҳад ёфт.
Ба истифода додани агрегати якуми НБО  "Роғун" (16 ноябри соли 2018), ки маҳз ба шарофати саъю кӯшишҳои хастанопазири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, аз дастовардҳои бузургтарини миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, бешубҳа, ҷиҳати ба кишвари муқтадири энергетикӣ табдил ёфтани Тоҷикистони азизамон уфуқҳои нав ба нав мекушояд.
Вақте Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Роғун» дар фазои тантанавӣ бо пахши тугмаи идора ба кори чархаи дуюми ин кохи азими нур оғоз бахшиданд, дили миллионҳо сокини кишвар низ барои фардои Тоҷикистон мунаввар гашт.
Александр Проханов дар мақолаи худ «Бунёди тамаддуни зеризаминӣ дар Тоҷикистон» аз хизматҳои шоистаи Пешвои миллати тоҷик баҳри ободии Ватан ва бунёди НБО «Роғун» ёдовар шуда, чунин нигоштааст: «Роғун» фарзанди дӯстдоштаи Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ӯ онро ҳамчун хотираи неки роҳбарии худ бунёд мекунад».
Дар ҳақиқат, вақте сухан аз ин иншооти азими аср меравад, пеши назари ҳар шаҳрванди ватандӯст, пеш аз ҳама, симои нуронии Сарвари давлат меояд ва ин тасодуфӣ нест. Зеро маҳз ҷаҳду талоши беназири Пешвои миллат буд, ки бо вуҷуди мушкилоти зиёд сохтмони ин неругоҳи тақдирсоз вусъат гирифт. Заминаи ин талошҳо эътимоди комилашон ба зарурату аҳамияти таърихии бунёди неругоҳ баҳри таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистони мустақил, дастрасии доимии сокинони кишвар ба рӯшноию гармӣ ва ба давлати содиркунандаи неруи барқ дар қитъаи Осиё табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.
Абдуваҳҳоб  СӮФИЕВ, шаҳри Панҷакент,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.03.2020    №: 51    Мутолиа карданд: 18020
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед