logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. ПОЙТАХТ ОЙИНАИ ВАТАН АСТ

Давоми чанд соли охир шаҳри Душанбе - пойтахти кишвари азизамон куллан зебою дилрабо гардид. Хусусан, давоми се соли охир, дар тарзи меъмории биноҳои баландошёна, майдончаҳои варзиш ва дар самти ободониву шукуфоӣ тағйироти ҷиддӣ ба амал омад. Вобаста ба ин ва масъалаҳои дигари рушди иқтисодиву иҷтимоии пойтахт Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома чунин иброз дошт:
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолият намуда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, давоми се соли охир ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Дар се сол аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 5,4 миллиард сомонӣ сохтмони 752 иншоот ба анҷом расонда шуд ва беш аз 700 ҳазор метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
18 муассисаи таълимӣ барои 14 614 хонанда дар як баст ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар 11 муассиса ва корҳои лоиҳакашӣ дар 6 муассисаи дигар вусъат гирифтаанд. 6 кӯдакистон мавриди истифода қарор ёфта, сохтмони 11 ва лоиҳакашии 7 кӯдакистон идома дорад.
Навсозӣ, таъмир ва таҷдиди 118,3 километр роҳ ба итмом расонда, дар 10,97 километр системаи ирригатсионӣ бунёду таъмир гардид.
Бо мақсади оммавигардонии тарзи ҳаёти солим, ба варзиш фаро гирифтани шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон ва шароити мусоид фароҳам овардан ҷиҳати болидахотирии сокинон ва меҳмонони пойтахт 231 майдончаи варзиш ва 71 боғу гулгашт бунёд гардида, мавриди истифода қарор гирифтанд. Навсозии 63 истгоҳи нақлиёти мусофирбар пурра анҷом ёфта, кор дар 25 истгоҳи дигар ҷараён дорад.
Ҳамзамон, таъмиру таҷдиди кӯпрукҳои мошингузар ва роҳи оҳан дар хиёбонҳои Саъдӣ Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абуалӣ ибни Сино, кӯчаи Аҳмади Дониш ва корҳои равшандиҳии намои шабона бо дизайни замонавӣ дар 252 бинову иншооти ҳудуди пойтахт анҷом ёфт.
Сохтмони 2 меҳмонхона ба охир расида, дар доираи нақшаи чорабиниҳо доир ба амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 8 меҳмонхонаи дигар оғоз гардидааст.
Тариқи эҳсонкорӣ бунёд ва навсозии 4 мактаб ба анҷом расида, сохтмони 5 мактаби дигар идома дорад. Ҳамзамон, тариқи эҳсонкорӣ навсозӣ ва таъмири 57 километр роҳ ва бунёди 20 майдончаи варзиш ба нақша гирифта шудааст.
Бо мақсади ғанӣ гардондани бозори истеъмолӣ ва бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ таъмин намудани сокинону меҳмонони пойтахт дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ аз ҷониби КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва корхонаю хоҷагиҳои кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор намудани ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Зиёда аз 30 ҳазор корҷӯ бо ҷойи кор таъмин гардида, ҷиҳати рушди касбии захираҳои меҳнатӣ 6588 нафар тавассути роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияҳои шаҳр ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд. Барои дастгирии корҷӯён дар интихоби кори мувофиқ дар ноҳияҳои пойтахт 78 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуд, ки тавассути онҳо 2101 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид.
Дар самти мусофиркашонии шаҳри Душанбе муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва 4 корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ - «Автобус - 1», «Автобус - 2», «Автобус - 3» ва «Троллейбус», 14 ҷамъияти нақлиётӣ ва 11 ширкати таксӣ фаъолият доранд. Бо мақсади беҳбуд бахшидани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ 325 автобуси нави замонавӣ (соли 2017 - 64 автобуси тамғаи «ИСУЗУ», соли 2018 - 200 автобуси тамғаи «АКИА», 4 автобуси тамғаи «САЗ» ва соли 2019 - 57 автобуси тамғаи «АКИА» ва 4 троллейбуси тамғаи «32100D») харидорӣ гардид. Аз 1 марти соли 2018 пардохти роҳкиро дар автобусу троллейбусҳо тавассути корт ба роҳ монда шудааст.
112 корхонаи нав таъсис ёфт. Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асоси 10 корхонаи нави саноатӣ гузошта шуд. Тибқи нақша, онҳо то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ пурра ба истифода дода мешаванд.
Шумораи бинову иншооти ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст аз 1530 адади пешӣ ба 2180 адад расонда шуд. То имрӯз 2310 бинову иншоот бо гармӣ таъминанд.
Бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардондани шаҳр дар кӯчаю хиёбонҳо, ҳудуди боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ва шаҳраку маҳаллаҳо 251280 бех дарахту бутта, 21610611 дона гули мавсимию бисёрсола шинонда, дар масоҳати 1230502 метри мураббаъ майсазору чаманзори нав бунёд шуд. 
Бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаҳду талошҳои раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ 5 боғи фарҳангу фароғатии нав («Восеъ», «Алишери Навоӣ», «Аҳмади Дониш», «Ҷавонон» ва «Куруши Кабир») бунёд гардида, 6 боғи фаъолиятдошта («Айнӣ», «Кӯли ҷавонон», «Абулқосими Фирдавсӣ», «Хайём», «Кӯдакон» ва «Мироненко») навсозӣ гардиданд. Дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳр 4 амфитеатр бунёду навсозӣ шуд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони пойтахт дар ҳудуди боғҳо аз тарафи ширкатҳои мобилии ҶСП «ТТ мобайл» («Мегафон Тоҷикистон») ва ҶСП «Индиго Тоҷикистон» нуқтаҳои Wi - Fi ҷиҳати дастрасии ройгон ба шабакаи интернет фаъолият доранд.
Соли 2018 шуъбаи рушди сайёҳии шаҳр таъсис ёфт. Ҷиҳати рушди босуръати сайёҳӣ ва амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020» «Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 - 2020» таҳия ва қабул гардид.
Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат сол ба сол симои зебову замонавӣ мегирад.
Ҳоло дар шаҳр фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, 37 меҳмонхона, 81 тарабхона, 125 қаҳвахона, 35 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 5 маркази дилхушӣ, 157 ошхонаи миллӣ, 4 чойхонаи миллӣ, 17 боғи фарҳангу фароғатӣ, 14 гулгашт, 4 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 66 маркази савдо, 31 бозор, 23 ёдгории бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 94 ширкати сайёҳӣ, 306 муассисаи табобатию профилактикӣ, 900 иншооти варзишии таъйиноташ гуногун, 7 театри касбӣ, 9 осорхона ва 6 амфитеатр мавҷуд аст, ки ба рушди соҳа мусоидат мекунанд.
Дар ин муддат шаҳри Душанбе аъзои Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо, Ташкилоти Боулдер - Душанбе - бародаршаҳрҳо, Ташкилоти ҷаҳонии шаҳрҳои Муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ, Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ гардида, айни замон бо 18 шаҳри қитъаҳои Осиё, Аврупо, Амрико ва Африқо муносибатҳои бародарӣ барқарор намудааст. Ҳамзамон, бо шаҳри Москваи Федератсияи Россия ва шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаҳои тиҷоратӣ - иқтисодӣ, илмӣ - техникӣ ва фарҳангӣ дар асоси Созишномаҳои байнидавлатӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст. Тайи се соли охир Душанбе боз бо музофоти Хайнану шаҳрҳои Сямэн, Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва шаҳри Ашқободи Туркманистон муносибатҳои бародаршаҳриро ба роҳ монд.
Дар се соли сипаришуда Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, бо ҳайату намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва ниҳодҳои байналмилалии муқими пойтахт, меҳмонони хориҷӣ ва ниҳодҳои дохилӣ ба таври расмӣ беш аз 32 вохӯриву мулоқот анҷом дод.
3 - 4 декабри соли гузашта нахустин сафари расмии раиси шаҳри Душанбе ба хориҷи кишвар - Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид, ки дар доираи он аз шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд расман боздид ба амал оварда, бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе минбаъд низ баҳри рушду нумӯ ва зебову дилнишин гаштани пойтахти азиз талош хоҳад кард.

Мусоҳиб Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2020    №: 52    Мутолиа карданд: 807
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед