маориф
ТАЪЛИМ. ИЛМҲОИ ДАҚИҚУ ТАБИАТШИНОСӢ ДАР КАМОЛОТИ ДОНИШҶӮ НАҚШИ КАЛИДӢ ДОРАНД
Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба масъалаи боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии мамлакат таъкид бар он доштанд, ки дар марҳилаи навбатии рушди соҳоти гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мебояд ба илмҳои дақиқу табиатшиносӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард, зеро дурнамои пешрафти иқтисодиёти мамлакат маҳз ба ин илмҳо зич вобаста аст. Дар ин радиф, аз ҷониби Президенти мамлакат пешниҳод шуд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 - 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда шавад.
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, ҷиҳати татбиқи ин дастури Сарвари давлат чӣ тасмиму роҳандозиҳо андешида мешаванд? Ҷиҳати посух ба ин суол мо муроҷиат кардем ба ректори донишгоҳи мазкур Муъминҷон Шарифзода. Ӯ мулоҳиза ва андешаҳои худро чунин иброз дошт:
- Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст, ки пас аз ҳалли муваффақонаи вазифаҳои таъхирнопазири сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии рӯзгор талаб ба миён ниҳодааст, ки кормандони соҳаи маориф, дар навбати аввал, “назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонда, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд”. Албатта, зарурати рушди ҳарчи бармаҳалтари фанҳои зикршударо мутахассисон ва олимони ин соҳаҳои пешбаранда бо дилу ҷон дастгирӣ мекунанд. Зеро, итминони комил дорам, ки онҳо чунин соати саидро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Умеди калон доштанд, ки Пешвои хирадпеша ва дурбини тоҷикон ҳангоми таснифи вазифаҳои аввалиндараҷаи давлату миллат ба беҳтар намудани таълими фанҳои дақиқу риёзӣ ва, умуман, илму ҳунарҳои замонавӣ ҳатман эътибори дучанд медиҳанд. Агар ба моҳияти вазифагузории навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амиқтар назар афканем, дармеёбем, ки иҷрои он ба фардои нисбатан тӯлонитаре муқаррар карда шудааст. Ва ин беасос нест. Бемайлон рушд бахшидани таълими силсилаи фанҳое, ки онҳоро “дақиқ” гуфтан расм шудааст, кӯшишу масрафоти зиёд ва вақти бештар талаб менамояд. Аз ин ҷост, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат солҳои 2020 - 2040 ба таври расмӣ “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шуд. Бешубҳа, дар бадали ду даҳсола дар ҷодаи таълими фанҳои дақиқ ҷунбиши назаррасе ба амал оварда мешавад.
Ҳадафи тадриҷан рушд додани омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳарчи ҷиддитар аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва, умуман, илму ҳунарҳои замонавӣ комилан равшан мебошад: хоҷагии халқи Тоҷикистонро бидуни ба шуғли доимӣ ва дӯстдоштаи насли наврас ва ҷавонон табдил додани илму пешаҳо ва ҳирфаҳои техникӣ равнақ бахшидан ғайри имкон аст.
Аслан, аз худ намудани математика, химия, биология, физика, омӯзиши шохаҳои гуногуни иқтисодшиносӣ, информатикаю омор ва амсоли онҳо барои ҷомеаи мо амали нав нест. Айни замон, ҳам дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳам олӣ теъдоди назарраси омӯзгорон ба таълими ин фанҳо машғуланд. Лекин солҳои охир Пешвои миллат дар ҳар фурсати мусоид гӯшрас менамуданд, ки ба хотири эъмори давлати пешрафтаи дорои иқтисодиёти тавоно мо бояд ислоҳоти куллии маорифро таъмин карда, дар ин раванд ба соҳаҳои калидӣ, мушаххасан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, то ба сатҳи байналмилалӣ боло бурдани азхудкунии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, таълими самарабахши пешаю ҳунарҳои техникӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем.
Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳини суханрониашон дар Рӯзи дониш, ки ба шарафи оғози соли таҳсили 2019 - 2020 баргузор шуда буд, ба масъалаи мавриди назари мо махсус рӯй оварда, чунин гуфта буданд: “Имрӯз сатҳу сифати таълими фанҳои табиатшиносиву дақиқ ва таҷрибавӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар ба дастгирӣ ниёз дорад, зеро таълими фанҳои зикршуда ва тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бе озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз ва таҷҳизоти замонавӣ ғайриимкон мебошад”.
Раёсат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва Шӯрои олимони донишгоҳи мо дар соли нави хониш нақшаи дурнаморо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат таҳия намуданд. Тадбирҳои мушаххасе андешида шуданд, ки минбаъд ҷиҳати беҳбудии омӯзиши технологияҳои муосир ва таҷҳизондани озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ дар ҳамаи факултетҳо ҳатталимкон мусоидат мекарда бошанд, чунки пешрафти босуръати илму техника ва раванди рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир дигаргуниҳои ҷиддиро ба амал оварда, аз кафедраҳо, лабораторияҳо, озмоишгоҳҳо ва ҳар узви ҳайати профессорию омӯзгорӣ шадидан тақозо менамояд, ки ҳамқадами ҳаёт бошанд. Дар фармоише, ки чанде муқаддам ба тасвиб расонда, дар он вазифаҳои ҳар кадоми узви комиссияи махсуси донишгоҳиро дар муддати се сол аниқ муқаррар карда будем, ҳадафи калидии дар Паём ифодагардида ҳамчун риштаи сурх баръало ба назар мерасад. Муҳтавои фармоиши ректор бо ширкати аъзои комиссия дар ҳамаи факултетҳо ва шуъбаҳои асосӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода, зарурати пайгирона дар ҳаёт татбиқ намудани санади сарнавиштсози “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” то ба зеҳни ҳар фарди масъул расонда шуд.
Қариб як сол муқаддам бо ибтикори раёсат ва қарори Шӯрои олимони донишгоҳ ба ташкили омӯзиши ихтисосҳое иқдом намудем, ки ба равияҳои табиатшиносӣ ва илмҳои дақиқ тааллуқ доранд. Бо кӯшишу заҳмати пайвастаи кормандони шуъбаи таълим ва гурӯҳи олимони табиатшинос, риёзидон, физикҳо, иқтисодшиносон ва устодони ҳунарҳои техникӣ ҳуҷҷату санадҳои зарурӣ, дастуру раҳнамоҳо ва адабиётҳои таълими ихтисосҳои нави “Иқтисодиёти рақамӣ”, “Математика. Информатика”, “Омор”, “Информатика”, “Иқтисодиёт”, “Соҳибкории иҷтимоӣ” дар Вазорати маориф ва илм тасдиқ шуданд.
Дар ҷаласаи Шӯрои олимон, ки ба баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бахшида шуда буд, тасмим гирифтем, ки ҷиҳати тадриҷан барқарор намудани омӯзиши математикаи олӣ ва элементарӣ, мантиқи математикӣ, эконометрика, назарияи ададҳо, математикаи дискретӣ дар гурӯҳҳои таълими иқтисодӣ тадбирҳои судманд андешида, барои бо кадрҳои болаёқат таъмин намудани кафедраҳои марбута аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шаванд.
Боргоҳи маърифати мо ҷиҳати муваффақона ба ҳаёт татбиқ намудани нақшаҳои ҷиддие, ки тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи иҷрои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумат мураттаб ва тасдиқ карда мешавад, потенсиали тавоное дорад. Устодон ва шогирдони донишгоҳ аз сафҳои пеши ислоҳотгарони маорифи Тоҷикистони азиз мақоми арзандаи хешро дарёфта, баҳри он мекӯшанд, ки омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, аз худ кардани ҳунарҳои замонавии техникӣ ҷавобгӯи тақозои айём бошад ва ба шарофати он Ватани маҳбубамон ҳамеша дар радифи мамлакатҳои пешрафтаи олам мақоми шоиста касб карда тавонад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.03.2020 №: 52 Мутолиа карданд: 2814