logo

сиёсат

ҲАДАФИ ОЛӢ ДАР МАСИРИ ВАТАНСОЗИВУ ВАТАНДОРӢ

Агар ба таърихномаи ироаи паёмҳои Президенти мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ назар афканем, муҳтавои он ҳамеша ба интизориҳо ва хостаҳои аҳли ҷомеа посухгӯ буда, Пешвои муаззами миллат доимо ҳарфи дили мардумро мегӯянд, мушкилотеро масъалагузорӣ намуда, баҳри рафъаш дар назди масъулон вазифагузорӣ мекунанд, ки  боиси сабукии кору рӯзгори ҳамватанонамон мегарданд. 
 
Дар ибтидои Паёми навбатӣ низ  Пешвои миллат  зикр карданд: «Таъмини чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд». 
Ҳамин маъниро, ки ҷавҳари асосии талошҳои сарварӣ ва фаъолияти давлатдории Пешвои миллатамонро ташкил медиҳад, дар қисмати поёнии Паёми навбатиашон  низ пурратар  иброз карданд:
«Ҳадаф аз стратегияву барномаҳои қабулшуда, ки ҷараёни татбиқи онҳо дар Паёми имрӯза таҳлилу баррасӣ гардид, инчунин, мақсади ниҳоии қонунҳои қабулкардаи парламент, фармону амрҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат аз он иборат аст, ки пешрафти давлат, ободии Ватан ва, муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон таъмин карда шавад».
Аз ин ду таъкиди Сарвари давлат чунин бармеояд, ки агар мо дар ҷодаи рушди миллӣ чор ҳадафи стратегӣ дошта бошем, «ҳадафи олӣ» ва «мақсади ниҳоӣ» - ямон, ки аз забони Пешвои миллат садо дод, боло бурдани дараҷаи таъмини зиндагии боз ҳам шоистатари мардуми кишвар аст. 
Дар масири ватансозиву ватандорӣ Пешвои миллат доимо ба неруи бузурги халқ, хусусан ҳамовозию ҷонибдории ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа ва ояндасозони боэътимоди миллат такя менамоянд.
Маҳз аз ин ҷост, ки аҳли ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон, ки ҳудуди ҳафтод дарсади аҳолии мамлакатамонро ташкил медиҳанд, дар татбиқи ташаббусу иқдомҳои ватанхоҳонаи Пешвои миллат ҳиссагузории фаъолона менамоянд. Дар вобастагӣ ба ин, Президенти кишвар ризоятмандона чунин  баёни андеша карданд: «Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад».
Чун дар паёмҳои қаблӣ ва ҳамаи нутқу суханрониҳояшон дар Паёми навбатӣ низ Президенти ҷумҳурӣ халқи кишварамонро ба иттиҳоду сарҷамъӣ даъват намуданд ва тазаккур доданд, ки  «бо сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои мавҷударо бартараф кунем». Ҷойи дигар низ бо самимият ҳамагонро ба арсаи сарҷамъиву ободгарии мулк ва масъулият дар назди ояндагон фаро хонда, чунин ҳарфҳои пурмеҳрро баён доштанд: «Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд».
Пас, месазад, ки ҳар яки мо ватандӯстиамонро на танҳо дар сухан, балки дар амал зоҳир намуда, имондорона дар ҷавоб ба даъвату роҳнамоӣ ва ҳидояту вазифагузориҳои Пешвои маҳбуби миллатамон, ки аз Паёмашон бармеояд, дар ҷодаи ҳифзи дастовардҳои миллӣ, афзун гардондани музаффариятҳои замони соҳибихтиёрӣ саҳму нақши намуна ва доимӣ дошта бошем. Ва бо комёбиҳои пурарзиши меҳнатӣ Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатиро бо шаҳомату шукӯҳи хоса истиқбол  гирем. 

Суҳроб РУШАНЗОДА, раиси суди ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2020    №: 53    Мутолиа карданд: 838
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед