паёмҳо
Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 феврали соли 2010
Мӯҳтарам афсарону аскарон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати 17-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоматон дар иҷрои вазифаи муқаддасу пуршараф - ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, пешгирии ҳар гуна хатару таҳдидҳо ва мубориза бар зидди онҳо, ки шарти асосии оромиву суботи давлат ва ҷомеа мебошад, комёбиҳо орзу менамоям.
Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рукнҳои воқеан бунёдӣ ва муҳимтарини давлат ва сипари боэътимоди Ватанамон мебошанд, ки ҳанӯз дар оғози ба истиқлол расидани кишвари азизамон таъсис гардида, роҳи хеле мушкилу сангини таърихиро тай карданд ва ҳоло қодиранд амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми кишварро пурра таъмин намоянд.
Мехоҳам махсус зикр намоям, ки маҳз ба шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва хизматчиёни дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат имрӯз дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор гардида, мардум зиндагии осоишта доранд.
Дар шароити мураккаб ва зуд тағйирёбандаи ҷаҳони муосир, афзудани таҳдидҳои минтақавию умумиҷаҳонӣ, бахусус густариш ёфтани падидаҳои хатарноки терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ аз роҳбарон ва хизматчиёни ҳарбии мақомоти мудофиавии мамлакат тақозо мегардад, ки иҷрои вазифаҳои худро бо дарназардошти вазъи оперативии рӯз ва бо дарки масъулияти баланд, зиракии сиёсӣ, маҳорати касбӣ, интизоми қатъӣ, иродаи қавӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ таъмин намоянд.
Зеро мардуми кишвар дар симои шумо - ҳомиёни воқеии Ватан, муҳофизатгарони сулҳу субот, пуштбонҳои боэътимоди адолату ростӣ ва амнияти ҷомеаро мебинанд ва бовар доранд, ки шумо ҳамеша ба иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи Модар - Ватан ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омода ҳастед.
Бори дигар ҳамаи шуморо бо Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳайати шахсии ҳамаи ҷузъу томҳои ҳарбӣ саломативу сарбаландӣ, рӯзгори обод ва дар адои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо орзумандам.
Идатон муборак, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7639