сиёсат
САТРҲОИ СИПОС
Аҳли эҷоди Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат, самимияту садоқат ба Шумо, узви ҳайати таҳририяи ин рӯзнома, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ барои дастгирӣ ва ғамхории ҳамешагиятон изҳори сипос менамояд.
Бо роҳнамоӣ ва маслиҳатҳои судбахшатон ҳамчун узви ҳайати таҳририя теъдоди нашри рӯзнома аз 30 ҳазор нусхаи солҳои пешин ҳолиё ба наздики 50 ҳазор нусха расид, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дастоварди назаррас ба шумор меравад. «Ҷумҳурият», ҳамчунин, дар ин давра пайваста бе ҳеҷ мушкилии моддиву маънавӣ ҳафтае 5 маротиба сари вақт нашр гардид ва минбаъд низ ба табъ мерасад. Бо ҷалби насли наву ҷавони эҷодкор дар муҳтавои матолиб ба маънои мусбаташ тағйироти ҷиддӣ ворид шуд. Ҳамзамон, бо дарки бештару беҳтари сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли эҷод барои боло бурдани сатҳи хештаншиносӣ, муҳаббат ба Ватану сарзамини аҷдодӣ ва маърифати аҳли ҷомеа тамоми тадбирҳоро андешидаву меандешаду амалӣ месозад.
Маҳз туфайли ҳамин гуна ғамхориву дастгирии пайвастаи Шумо ва дар маҷмӯъ, аъзои ҳайати таҳририя дар Рӯзи матбуоти тоҷик бо эътирофу қадрдонии махсус «Ҷумҳурият» - ро «Нашрияи сол – 2019» донистанду пазируфтанд ва эълон карданд.
Замон ва, аз ҷумла дастовардҳои бесобиқаи рӯзномаи «Ҷумҳурият», бори дигар равшантару возеҳтар собит сохт, ки Шумо чун сиёсатмадори асилу варзидаву эътирофгардида дар кишвару берун аз он, ба тамоми донишу таҷрибаву неруву сарсупурдагӣ ба нафъи миллат хидматҳои шоёну мондагорро анҷом медиҳед.
Инчунин, дар боло рафтани сатҳи касбияти аҳли эҷод, беҳтар шудани сифату муҳтаво, ҷолибу хонданӣ шудани рӯзнома ва афзудани ҳаводоронаш ба ҳамаи масъулияти зиёди ба дӯшдошта фурсат пайдо мекунед ва саҳм мегузоред.
Дар ин рӯзе, ки нахустин рӯзномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне «Ҷумҳурият» 95 – сола мешавад, ба Шумо аҳли эҷод бори дигар изҳори сипос менамояд ва бо табрику таҳният бароятон тандурустӣ, ривоҷи кору осоиши рӯзгорро таманно мекунад. Ҳамчунин, бо боварӣ ва итминони комил изҳор медорад, ки бо ғамхорӣ ва дастгириву маслиҳатҳои Шумо аҳли эҷоди Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисонаш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар мебошанд, дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдат ва дигар арзишҳои миллӣ минбаъд низ бо садоқати бепоён хидмати арзанда менамояд.
Бо эҳтиром, аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.03.2020 №: 54 Мутолиа карданд: 921