порлумон
РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА УЗВИЯТИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛӢ ПЕШБАРӢ ГАРДИД
Зимни иҷлосияи якуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, аз ҷониби вакилони тозаинтихоб номзадии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуд.
Пас аз овоздиҳии пинҳонӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дарёфти аксари овозҳо аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
АМИТ "Ховар"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.03.2020 №: 55 Мутолиа карданд: 7781