сиёсат
ҲИСОБОТИ ТЕЛЕФОНӢ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ
14 март ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат ва Файзобод телефонӣ ҳисобот доданд.
Дар ҷараёни он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои номбаршударо оид ба рафти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, киштукори баҳорӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шуниданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат ва Файзобод барои иҷрои босифату саривақтии нишондиҳандаҳои Паёми навини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, қарору фармоишҳои Ҳукумати мамлакат, нақшаву барномаҳои давлатӣ дар самти тақвияти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ва сабзкорӣ, киштукори баҳорӣ, бахусус кишти пахтаю сабзавот ва мусоидат ба ҳалли ҳар як мушкилоти мардум, таъмини фаровонии бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ, боз ҳам беҳтар гардондани кори муассисаҳои соҳаи маориф, фарҳанг ва тандурустӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки ба муроҷиатҳои шаҳрвандон эътибори аввалиндараҷа дода, бартарафсозии мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт таъмин намоянд ва тадбирҳои ободонию бунёдкориро дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, барои тозаю озода ва беҳдошти муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, кӯчаву хиёбон ва марказҳои фарҳангию фароғатӣ ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дастурҳои қатъӣ доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.03.2020 №: 55 Мутолиа карданд: 732