logo

иқтисод

ИННОВАТСИЯ ДАР САНОАТ. ИМКОНОТ, МУШКИЛОТ, ДУРНАМО

Имрӯз соҳаи саноатро бе инноватсия тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро он ба қисми таркибии саноат табдил ёфта, раванди истеҳсолотро осон ва қулай гардондааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми рушди Тоҷикистон эълон дошта, дар Паёми навин таъкид карданд: «Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад».
Истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти соҳаҳои саноати ҷумҳурӣ, имконият фароҳам овард, ки дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 баробар ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 12,6 ба 17,4 дарсад зиёд шавад. Бо истифода аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот афзуда, талаботи бозор бо маҳсулоти саноатии ватанӣ таъмин гардида истодааст. Дар пайи таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат, муқаррар намудани имтиёзу сабукиҳо барои соҳибкорони истеҳсолгари ватанӣ ва роҳандозии тадбирҳои дигари муассири Ҳукумати мамлакат  саноати мамлакат рушд ёфта, соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 27 миллиарду 586,6 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли пешӣ 3 миллиарду 809,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Феълан дар ҷумҳурӣ 2164 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, сол ба сол теъдодашон зиёд мешавад. Танҳо соли гузашта дар ҷумҳурӣ 219 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бунёд ёфт ва ин раванд бо дастгирии Ҳукумат ва ҷалби сохибкорони ватанӣ идома дорад.
Мувофиқи маълумот, дар рушди истеҳсолоти саноатӣ бахшҳои маъдан, энергетика, хӯрокворӣ ва ангишт бештар саҳмгузоранд.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифати саноатӣ, афзоиши содирот ва пайдо кардани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳонии молу хизматрасонӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Аз ин лиҳоз, таъсиси корхонаҳои нав, ворид намудан ва истифодаи васеи технологияҳои муосири инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти соҳибкорон ва қобилияти идоракунии истеҳсолот аз ҷониби онҳо ва омодасозии кадрҳо омилҳои асосии ноил шудан ба ҳадафҳои рушди саноатӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар самти ҷорисозии технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи саноати Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал мекунанд. Аз ҷумла, «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2020», «Стратегияи инноватсионии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030».  Ҳадаф аз қабули ин санадҳо ташаккули системаи самараноки инноватсионӣ ҷиҳати мусоидат ба рушди технологӣ ва рақобатпазирии истеҳсолот, баровардани маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба бозори дохилӣ ва хориҷӣ, рушди иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошад. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи аксари олимон, таъсири баъзе индикаторҳо – омилҳои пешбарандаи истеҳсолот дар ҷумҳурӣ хеле суст ба назар мерасад. 
Норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва фоизи нисбатан баланди қарзҳои бонкӣ, фарсудашавии таҷҳизоти саноатӣ, сатҳи нокифояи рақобатпазирӣ, норасоии кадрҳои баландихтисос, сатҳи нокифояи ҳамкориҳои дохилисоҳавӣ, байнисоҳавию байниминтақавӣ омилҳое мебошанд, ки барои саноатикунонии босуръати мамлакат монеа эҷод мекунанд.
Тавре мутахассисон иброз медоранд, барои саноатикунонӣ, қабл аз хама, бояд ба омодасозии мутахассисони ҳирфаӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад. Сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд, ки бо назардошти гузариш ба шакли индустриалӣ - аграрии рушд дар ояндаи наздик талабот ба мутахассисони сатҳи баланд оид ба техника ва технология хеле зиёд мешавад. Аммо то ҳол системаи омодасозӣ, такмили дониш ва ихтисоси кадрҳои қобили таъмини рушди инноватсионии соҳа ба талабот ҷавобгӯ нест. Барои омода кардани кадрҳои ҷавобгӯи талаботи саноатикунонӣ бояд пойгоҳи моддию техникии донишкадаю донишгоҳҳои омодакунандаи кадрҳои техникӣ мустаҳкам карда шавад. Мавҷуд набудани сохторҳои омӯзандаи талабот ба инноватсия низ яке аз монеаҳои саноатикунонӣ маҳсуб меёбад. 
Фаъолияти инноватсионӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба зинаи баланди рушд расонд. Давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон маҳз бо такя ба технологияҳои инноватсионӣ рушди бемайлони иқтисодиёташонро таъмин намудаанд. Инноватсия аллакай қисми таркибии ҳаёти инсоният шудааст. Олимони ватанӣ бар он назаранд, ки яке аз унсурҳои муҳими таъмини рушди инноватсиониву индустриалии мамлакати мо татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот аст. Аҳамияти афзали фаъолияти инноватсионӣ ва ҷорисозии технологияҳои нав дар саноат коҳиш додани арзиши аслӣ ва беҳтар намудани сифати маҳсулот, рушди содирот ва қонеъсозии бозори дохилӣ мебошад. Бинобар ин, рӯ овардан ба инноватсия маънои пешрафти босуръати саноатро дорад. 

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2020    №: 55    Мутолиа карданд: 839
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед