сиёсат
МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ЗИЁИЁНИ МАМЛАКАТ
18 март дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд.
Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарифи тоҷик, ҳамзабонони бурунмарзӣ, мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ва ҳамаи зиёиёни кишварро ба ифтихори ин ҷашни хусравонӣ самимона шодбош гуфта, ба ҳамаи онҳо дар Соли нави аҷдодӣ бахту нишот, сулҳу субот, ваҳдати ҷовидона ва ба зиёиён неруи тоза ва илҳоми эҷодӣ орзу карда, ҳадафи мулоқотро таҳлилу баррасии масъалаву мушкилоти ҳалталаби аҳли зиё маънидод намуданд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд иштирокчии мулоқот: зиёиёни эҷодкор, олимон ва муҳаққиқон, хонандагон ва донишҷӯён - Мавлуда Маҳмадниёз, Сироҷиддин Чоршанбезода, Сулаймон Назруллозода, Моҳноза Кабирзода, Ризои Баҳромзод, Зарина Яминзода, Сурайё Мақсудзода, Муътабар Толибӣ ва Фарзона Розиқзода, бо пешниҳодҳо баромад карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.03.2020 №: 56 Мутолиа карданд: 802