logo

иқтисод

АЛОҚАИ МАҲАЛЛӢ. АНДЕШАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ!

Ҳоло бо пешрафти технологияи муосир алоқаи мобилӣ тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро фаро гирифтааст ва бисёриҳо аз телефонҳои хонагӣ даст мекашанд. Аз 364 ҳазору 647 нафари пешӣ ҳамагӣ 90 ҳазору 420 муштарии алоқаи маҳаллӣ фаъол аст. Вақте дар кишварҳои тараққикарда, бо вуҷуди фаъол будани алоқаи мобилӣ, алоқаи маҳаллӣ ҳамчун воситаи алтернативӣ нигоҳ дошта шудааст, сабаби қариб аз байн рафтани он дар кишвари мо чӣ аст?
Мутаассифона, дар ҳудуди мамлакат системаи алоқаи маҳаллӣ, аз ҷумла кабелу истгоҳҳои хати алоқа, хати қубурҳои зеризаминии телефонӣ ва симчӯбҳо корношоям гардида, шумораи зиёди муштариён аз кори шабакаҳои телефонии маъмул бо номи АТС изҳори норизоӣ мекунанд.  
Пайвастшавӣ ба мавҷи алоқа барои сокинони ноҳияи Синои пойтахт, ки хати алоқаашон аз шабакаи телефонии № 32 мегузарад, муддати тӯлонӣ ғайриимкон буд. Маълум шуд, ки сабаб дуздидани симҳои хати лӯлаҳои зеризаминии телефонӣ мебошад. Симҳои телефонии аз замони шӯравӣ боқимондаро, ки дар бисёр лӯлаҳо бекор хобидаанд, аксаран медузданд.
Муштарии соҳиби рақами 236-52-22 аз он шиква намуд, ки ин ва дигар рақами телефони ба шабакаҳои телефонии № 35 ва № 36 тааллуқдоштаи ӯ қариб 5 моҳ боз аз кор мондаанд. Агар ҳаққи хидмати телефон як рӯз дер пардохт гардад, онро зуд қатъ мекунанд, вале агар маблағ пардохта шавад ҳам, барқарор кардани кори  телефон моҳҳо тӯл мекашад, - гуфт ӯ.
Аз шабакаҳои телефонии № 35 ва № 36 дидан кардем. Дарёфти шабака бо сабаби дар он ҷой гирифтани нуқтаҳои хизматрасонӣ, яъне ба иҷора додани қисми бино мушкил гардидааст. Атрофи бино аз мизоҷони нуқтаҳои хизматрасонӣ (на шабака) пур буд. Кормандони шабака бошанд, дар утоқи хурди таъмирталаб ҷо гирифтаанд. Ақаллан дар даромадгоҳи бино навиштае оид ба шабакаи телефонӣ будани он гузошта нашудааст. Дар шабакаи телефонии № 33 низ вазъро ҳамин гуна дарёфтем. 
Тавре муовини директори ҶСК «Тоҷиктелеком» Қурбоналӣ Шамсов, изҳор дошт, дар ҳудуди мамлакат барои бозсозии системаи алоқаи барқӣ ҳамасола корҳои таъмиру азнавсозӣ гузаронда мешаванд. Аммо миқдори корношоями хатҳои алоқа ҳанӯз беш аз 200 адад мебошад. Соли 2019 шумораи истгоҳҳои рақамӣ ҳамагӣ 159 адад ва ғунҷоиши васлшуда 421314 рақамро ташкил дод. Ҷевону қуттиҳои тақсимкунанда, ки тавассути онҳо хати алоқа аз нуқтаи асосӣ то хонаи муштарӣ омада пайваст мешавад, корношояманд.  
Ба чунин мушкилиҳо на танҳо сокинон, балки баъзе идораю сохторҳои давлатӣ низ рӯбарӯанд. Қабули дархост аз ҷониби операторони соҳа сари вақт анҷом дода шавад ҳам, равонсозии устои телефон барои барқарор кардани хати алоқа тӯл кашида, баъди таъмир ҳолати азкормонии хат дубора такрор меёбад.
Мутахассисони соҳа сабаби ин вазъро ба кори зиёди устоҳои телефон дар нуқтаҳои таъмир, ҳамчунин, сафарбар намудани кормандони соҳа ба корҳои дигари ҷамъиятӣ рабт доданд.
Бек Зуҳуров, директори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки таваҷҷуҳи бештари кормандони соҳаи алоқа дар баробари таъмиру навсозии хати алоқа ба бунёди бинои асосии хадамот равона шудааст. Сохтмони бино бояд дар давоми ду соли охир ба итмом расад, аз ин рӯ, кормандони тамоми сохторҳои алоқа низ ба корҳои сохтмонӣ ҷалб шудаанд.  Баробари ин, рафти корҳои васеъкунии роҳҳо, таъмири хиёбону кӯчаҳо ва сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар ҳудуди пойтахти кишвар низ ба ҷараёни навсозии хати алоқа ва иваз кардани симчӯбу истгоҳҳо таъсири манфӣ мерасонад, - изҳор дошт Б. Зуҳуров.
Азнавсозии системаи алоқаи маҳаллӣ дар замони пешрафти технология, воқеан ҳам, масъалаи мубрам аст. Зеро он ҳамчун воситаи алтернативӣ, махсусан дар ҳолати аз байн рафтани майдони электромагнитӣ аз таъсири офатҳои табиӣ, зарур ва боэътимод боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, дар баробари кашидани хати нахи нурӣ, ки дар роҳҳои магистралии байнишаҳрӣ дар ҳудуди мамлакат сурат мегирад, бояд ба таъмиру навсозии хати алоқа то хонаи муштарӣ ва идораю сохторҳои давлатӣ низ аҳамияти бештар дода шавад. Маҳз фарогирии аҳолӣ бо хати нахи нурӣ ва тавассути он бемамоният дастрасӣ пайдо кардани аҳолӣ ба интернети арзону босифат ва дигар хизматрасониҳо хароҷоти оилаҳоро кам ва ба таъсиси ширкати мобилии ватанӣ мусоидат мекунад. Масъулони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳуриро зарур аст, ки вобаста ба таъмиру навсозии хати алоқаи маҳаллӣ ва дар биноҳои нави истиқоматӣ кашидани хати алоқа, ки баъзан ба истифода додани онҳо бидуни кашидани хат сурат мегирад, тадбирҳои зарурӣ андешанд. 

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2020    №: 56    Мутолиа карданд: 1046
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед