logo

сиёсат

ИҚТИСОД БЕ ИЛМ БЕ РАВНАҚ АСТ

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳо ва ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои илму маориф, ҳунаромӯзӣ, ватандӯстӣ,  хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба гузаштагони пурифтихорамон диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Бавижа, масоили донишандӯзӣ ва баланд бардоштани савияи илмомӯзии насли наврас ва  ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат қарор доранд.
Дар Паёми навини худ ба Маҷлиси Олӣ (26 декабри соли 2019) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ин масъала дахл карда, аз мо – кормандони соҳаи маориф даъват ба амал оварданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонда, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоем, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшем ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир созем. Ва ба хотири  тавсеаи тафаккури техникии насли наврас, инчунин боз ҳам баландтар  бардоштани сатҳи дониши онҳо пешниҳод карданд, ки солҳои 2020 – 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда шавад ва чанде пеш вобаста ба ин фармони дахлдор ба тасвиб расид.
Мо – омӯзгоронро зарур аст, ки баҳри амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мушаххасу муассир андешем ва дар ҷодаи таълими наврасону ҷавонон аз усулҳои ҷадиду муосир ва таҷрибаи пешрафтатарини ҷаҳонӣ истифода барем. Ҳоло чуноне ҳама шоҳидем, дар ҷаҳони имрӯза авлавият ба илму технология дода мешавад ва онҳо бо суръати кайҳонӣ рушд мекунанд, зеро танҳо ба ин васила метавон дар кӯтоҳтарин фурсат ба пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ комёб гашт.
Ҳамзамон, ҷавононро низ мебояд баҳри аз бар  намудани илмҳои замонавӣ ва технологияи муосир тамоми кӯшишу ғайрати худро равона созанд. Чунки фақат шахси соҳибмаърифат метавонад дар зиндагӣ муваффақ бошад ва барои ояндаи неку дурахшони Ватани маҳбуби худ хидмат намояд. Ин ҳама маъниҳои пурмазмун ва ояндасоз аз нуктаҳои ҳикматбори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд ва вазифаи ҷонии ҳар яки мост, ки ҷиҳати амалӣ гаштани онҳо саҳми арзандаи хешро бигузорем.

Дилором АШУРОВА,
омӯзгори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон
ба номи Сотим Улуғзода, доктори илмҳои педагогика


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2020    №: 56    Мутолиа карданд: 750
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед