порлумон
ВМКБ. ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ
Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, даъвати шашум нахуст раиси комиссияи вилоятии интихобот Мамадкарим Назиров оид ба натиҷаҳои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузориш дод.
Ӯ зикр кард, ки бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор намудани интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дар ҳудуди вилоят 66 комиссияи ҳавзавӣ ва 279 комиссияи участкавии интихобот таъсис ёфта, дар интихобот 104 ҳазору 862 интихобкунанда иштирок кард, ки ин ба 97,3 фоизи шумораи умумии интихобкунандаҳо баробар аст. Дар натиҷаи овоздиҳӣ 64 нафар номзадҳо, ки аз нисф зиёди овозҳои интихобкунандагонро ба даст оварданд, ба дарёфти ваколати вакилӣ сазовор гардиданд. Аз онҳо 49 вакил аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 4 - нафарӣ аъзои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва 3 нафар худпешбар (беҳизб) мебошанд.
Аз шумораи умумӣ 22 нафарро занон (34,4 фоизи шумораи умумии вакилони тозаинтихоб) ташкил медиҳанд.
Баъди тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо пешниҳоди Анвар Акрамов, вакил аз ҳавзаи интихоботии Хичордев №39 ва гирифтани аксарияти кулли овозҳо Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вакил аз ҳавзаи интихоботии Рангкӯл № 66-и ноҳияи Мурғоб, раиси Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интихоб гардид.
Мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», аз ҳисоби вакилони халқи вилоят 7 комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ таъсис ёфта, раисон ва аъзои онҳо интихоб гардиданд.
Дар назди вакилон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар бораи иҷрои нақша ва барномаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ВМКБ дар соли 2019 ва вазифаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят барои соли 2020, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, гузориш дод.
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, даъвати шашум, ҳамчунин, қарорҳои қабулнамудаи раиси вилоятро, ки дар байни иҷлосияҳои бисту чоруми даъвати панҷум ва якуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ қабул гардидаанд, баррасӣ ва тасдиқ кард.
Аз рӯи ҳамаи масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.03.2020 №: 57 Мутолиа карданд: 8135