суханрониҳо
Cуханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ба истифода додани майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Fозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 23 марти соли 2020
Cуханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ба истифода додани майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Fозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 23 марти соли 2020
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Дар рӯзҳои мубораки таҷлили Ҷашни бузурги миллиамон – Наврӯзи Аҷам ба истифода додани майдони Парчами давлатиро дар маркази деҳоти зебои Ғозиён ба ҳамаи шумо самимона табрик мегӯям.
Бунёди майдони парчам боз як ташаббуси созандаи мардуми ватандӯстамон дар доираи омодагӣ ба истиқболи Ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон – сисолагии Истиқлолияти давлатӣ буда, ба ободиву пешрафти деҳоти Ғозиён, тақвияти боз ҳам бештари эҳсоси ватандории сокинони он ва пос доштани суннатҳои бостонии гузаштагони некноми халқамон мусоидат мекунад.
Ҳар яки мо бояд ифтихор кунем, ки дар солҳои истиқлоли давлатӣ ҷашну маросим ва суннату оинҳои миллиамон, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон эҳё гардида, дар миёни мардуми минтақаҳои гуногуни олам маҳбубият пайдо карданд ва тадриҷан мақоми умумихалқӣ ё мардумӣ касб намуданд. Зеро онҳо хислати ҷомеасоз, ваҳдатофарину сарҷамъкунанда ва ғояҳои неки созандагиву ободкорӣ дошта, ҳамбастагии инсону табиатро ба таври возеҳу равшан инъикос ва ифода мекунанд.
Бахусус, Ҷашни Наврӯз дорои ҳамин хислатҳои писандида мебошад. Ин оини бостонӣ, яъне Наврӯз маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардида, мақоми милливу ҷаҳонӣ гирифт. Яъне бо ташаббуси давлати мо ва дастгирии кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз тавассути Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ касб намуд.
Наврӯз аз ҷумлаи падидаҳои нодири фарҳангиест, ки, пеш аз ҳама, аз эҳёи табиат дарак дода, ба рӯҳу равони одамон таъсири нек мерасонад ва покиву накукорӣ, рӯшноиву зебоӣ ва дӯстиву самимиятро ташвиқу талқин менамояд.
Имрӯз мо метавонем бо сарфарозӣ изҳор намоем, ки Наврӯз ҳамчун рамзи ифтихори миллӣ ва нишонаи куҳанбунёд будани халқи тоҷик эътироф гардидааст ва парчами он рамзи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, пойдор будани оину суннатҳои тоҷикон ва саодати мардуми кишвар ба ҳисоб меравад.
Оини парчамдории мо - тоҷикон аз ибтидо, яъне аз Дирафши ковиёнӣ то Парчами имрӯзаи давлатӣ тӯли ҳазорсолаҳо имкон фароҳам овард, ки миллати сарбаландамон таҳти ин рамзи ватандорӣ ба муқобили ҳама гуна таҳдидҳо истодагарӣ кунад, мероси ғании ниёгон, арзишҳои бостонии миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳастии халқи худро ҳифз намояд.
Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки барафрохта шудани Парчами давлатӣ дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳоти кишвар нишонаи возеҳи таҳким ёфтани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба рамзҳову арзишҳои миллӣ ва оину суннатҳои давлатдории халқамон мебошад. Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ ифтитоҳ ёфтани майдони Парчами давлатӣ дар маркази деҳоти Fозиёни ноҳияи Бобоҷон Fафуров низ идомаи ҳамин анъанаи нек ба ҳисоб меравад.
Қобили зикр аст, ки сокинони ватандӯсту заҳматқарини ноҳия бо мақсади истиқболи сазовори Ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон бунёд ва таҷдиди 1300 иншооти гуногуни иҷтимоиву истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба нақша гирифта, то имрӯз беш аз 800 иншооту биноҳоро ба маблағи 170 миллион сомонӣ ба истифода супурдаанд, ки дар онҳо зиёда аз 9000 ҷойи корӣ муҳайё карда шудааст.
Бовар дорам, ки то рӯзҳои ҷашни бузурги миллиамон ҳамаи иншооти ба нақша гирифташуда омода ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва деҳоти он аз имрӯза дида, ободу зебо ва шароити зиндагии сокинон хеле беҳтар мегардад.
Ҳамдиёрони азиз!
Боиси қаноатмандист, ки дар майдони Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба хотири ниёгони сарбаланду заҳматпешаи мо аксҳои қаҳрамонони ҷабҳаи заҳмат гузошта шудаанд, ки он ба манзараи майдон ҳусни тоза зам мекунад. Чунки ба ин васила ҷавонони ватандӯст ва ояндасози мо аз таърихи зодгоҳи худ огоҳии бештар пайдо карда, аз кору пайкор ва ҳаёти ибратбахши ҳамдеҳагони номвари худ панд мегиранд. Зеро деҳаи Ғозиён баробари диёри пешқадамони арсаи заҳмат буданаш, ҳамчунин, зодгоҳи ходимони маъруфи давлативу ҷамъиятӣ, олимону адибони номдор ва арбобони шуҳратманди ҳунар низ мебошад, ки барои пешрафти Ватани худ ва муаррифии он дар кишварҳои олам хизматҳои шоиста кардаанд.
Эътимоди комил дорам, ки майдони Парчами давлатӣ барои мардуми деҳоти Ғозиён маскани баргузории тантанаву ҷашнҳои миллӣ, чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ гардида, ба ҳар сокини он дар ҷодаи ободониву созандагӣ ва амалӣ намудани иқдомҳои нек рӯҳу илҳом ва неруи тоза мебахшад.
Бо чунин ниятҳои нек бори дигар ҳар яки шумо – сокинони заҳматпешаи деҳоти Fозиёни ноҳияи Бобоҷон Fафуровро ба ифтихори Ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ ва ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ самимона табрик гуфта, орзу менамоям, ки Наврӯз ба хонадони ҳар яки мову шумо файзу баракат, фаровонӣ, суботу оромӣ ва иқболу саодат оварад ва Парчами давлатӣ ҳамеша роҳнамову роҳкушои мардуми шарафмандамон ба сӯи ояндаи неку осуда бошад.
Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.03.2020 №: 59 - 60 Мутолиа карданд: 2175