фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» номгузорӣ карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати чор моҳ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ҷиҳати иҷрои фармони мазкур пешниҳод намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 марти соли 2020, № 1505
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.03.2020 №: 59 - 60 Мутолиа карданд: 1527