иқтисод
НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ. ЧАРО КОРХОНАИ НАВБУНЁД АЗ КОР МОНД?
Солҳои охир дар баробари таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ теъдоди корхонаҳои аз фаъолият бозмонда зиёдтар шуда истодааст. Ин дар ҳолест, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудааст. Баъзе намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои дар ҳисоботи оморӣ шумораи корхонаву коргоҳҳои саноатиро зиёд нишон додан талош мекунанд, аммо барои фаъолияти онҳо саҳме намегузоранд.
22 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов корхонаи дӯзандагию қолинбофиро ба истифода доданд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар коргоҳи қолинбофӣ 10 намуди қолини ба талаботи рӯз ҷавобгӯ истеҳсол гардида, ашёи хом, аз ҷумла ришта, аз корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» харидорӣ мегардад.
Аммо пас аз анҷом ёфтани сафари Пешвои миллат корхона рӯзе ҳам ба пуррагӣ кор накардааст. Ва ба ҳоли корхона дили кас месӯзад.
Раиси ноҳия Тоҳир Қудратзода, гуфт, ки аз вазъи корхона огоҳ аст ва барои ба кор андохтани он талош хоҳад кард.
- Агар гӯем, ки корхона умуман кор накардааст, дуруст нест. Зеро соли сипаришуда коргоҳи қолинбофӣ ба маблағи 23,1 ҳазор сомонӣ дар ҳаҷми 550 метри мураббаъ маҳсулот истеҳсол намудааст, - гуфт Файзулло Қосимӣ, муовини якуми раиси ноҳия, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома. - Воқеан ҳам, корхона дар ҳоли бад қарор дошта, бо сабаби нуқсон доштани таҷҳизот ҳатто муддате ҳам кор накардааст. Роҳбари корхона аз бонк қарз гирифта, таҷҳизоти нав харид, аммо боз мушкили ашёи хом пеш омад. Риштаро бояд аз корхонаи ватании «Қолинҳои Қайроққум» дастрас мекарданд, аммо бо сабаби гаронии нархи ашёи хом нархи қолинҳо баланд шуда, корхона харидорони худро аз даст дод. Ҳоло роҳбари он дар пайи дастрас кардани ашёи хоми арзон аст.
Ҳангоми боздид ба хабарнигори рӯзнома маълум шуд, ки корхонаи мазкур моҳҳо боз фаъолият накардааст. Таҷҳизот мағорбаста ва дар чангу ғубор ғӯтта зада буд. Роҳбари корхона Исмоил Самадов, гуфт, ки воқеан ҳам, вазъи молиявиашон вазнин аст.
- Барои барқарор кардани корҳои боқимонда аз бонк қарз гирифтам. Ҳоло барои дастрас кардани ашёи хом танқисӣ мекашем, аммо ин масъала ҳам рӯзҳои наздик ҳалли худро меёбад, - гуфт И. Самадов.
Ин ваъдаҳо дар ҳолест, ки пас аз як ҳафтаи сафари Роҳбари давлат муаллифи мақола аз корхонаи мазкур дидан карда буд. Коргоҳи қолинбофӣ, умуман, кор намекард. Танҳо коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият дошт, вале онро ба соҳибкори дигар иҷора дода буданд. Ҳоло бошад, на коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият мекунад, на қолинбофӣ. Исмоил Самадов, ҳамон замон ҳам гуфта буд, ки рӯзҳои наздик корхонаро фаъол мекунад ва коргаронро бармегардонад. Аммо пас аз гузашти ду сол ҳам ягон тағйирот нашуд. Ҳатто коргареро он ҷо надидем, ки ба коре банд бошад.
Дар ҳамин ҳол, аз рӯи маълумоти масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, коргоҳи қолинбофӣ бо дархости муштариён қолинҳои дар онҳо расми одамон аксёфта (портрет) истеҳсол мекунад. Дар маҷмӯъ, корхона соли гузашта каме беш аз 23 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст.
Маълум мешавад, ки масъулон барои зиёд нишон додани шумораи корхонаҳои нави саноатӣ талош мекунанд ва намеандешанд, ки оё сармоягузор қудрати ба кор андохтани онро дорад ё не? Зеро тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, корхонаи мазкур аз замони ифтитоҳ то ҳол дар ҳоли ҳузнангез қарор дорад. Масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ин бора чӣ мегуфта бошанд?
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.03.2020 №: 61 Мутолиа карданд: 951