logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

30 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2020” ҳисоботи вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин  Файзуллозода шунида шуд.
Таъкид гардид, ки дар доираи амалисозии “Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2020” чор корхона дар самти истеҳсоли маснуоти қолинӣ, аз ҷумла Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷ Фейза”,  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мавлонои Румӣ”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Самарқанд - М” дар ноҳияи Рӯдакӣ, коргоҳи қолинбарорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ду корхона дар самти истеҳсоли қолинҳои дастбоф - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шероз” ва Ҷамъияти дорои  масъулияти  маҳдуди “Гулвард”,  ба фаъолият шурӯъ карданд. Дар натиҷа зиёда аз 210 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
Қабули “Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2020” ба рушди соҳаи қолинбофӣ мусоидат намуда, ба корхонаҳои соҳа имкон фароҳам овард, ки дар баробари аз нав кардани парки технологии корхонаҳо ҳаҷми истеҳсолот мунтазам зиёд карда шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав барои дар сатҳи зарурӣ амалӣ сохтани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ ҷиҳати рушди соҳаи қолинбофӣ, таъмини талаботи аҳолӣ бо қолинҳои хушбофт супориш доданд.
Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар  давраи  тирамоҳу  зимистони  солҳои 2020 - 2021 вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ҳисобот дод.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супориш доданд, ки барои дар сатҳи зарурӣ гузарондани маъракаи зимистони солҳои 2020 - 2021 аз ҳозир тадбирҳои мушаххас андешида, ба миқдори зарурӣ маводи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишт, захира намоянд.
Вазорати энергетика ва захираҳои об, ширкати “Барқи тоҷик” ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таъмини аҳолӣ ва иншооти иҷтимоии кишвар дар фасли зимистон бо неруи барқ ва гармӣ вазифадор шуданд.
Дар кори маҷлиси Ҳукумат лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020”, «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ”, «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” баррасӣ гардиданд.
Лоиҳаҳои қонунҳои муҳокимашуда ва хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуданд.
Дар маҷлис, ҳамчунин, масъалаҳо «Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021 – 2025» ва «Дар бораи Тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян намудани вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ» баррасӣ ёфтанд.
Оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ дар мамлакат ҳисоботи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода шунида шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вазорат ва сохторҳои зертобеи он супориш доданд, ки тавассути ВАО корҳои тарғибу ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро баҳри таъмини ҳаёти солим, аз ҷумла риояи гигиенаи шахсӣ, пурзӯр намоянд. Дастур дода шуд, ки барои тарбияи мутахассисони сатҳи баланд, омодагии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ барои қабули беморон, ворид сохтани таҷҳизоти муосири тиббӣ, назорати санитарӣ - гигиении марказҳои хизматрасонии маишӣ чораҳои мушаххас андешида шуда, дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустӣ дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла дар беморхонаи ноҳияи  Данғара,  барои қариб 300 ҷойи хоб, бунёди марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои муосири тиббӣ дар ҳар деҳот ва шаҳрак, тезонда шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои давлатиро ба иҷрои супоришҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҷоннок кардани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷ, вусъати киштукори баҳорӣ, аз ҷумла пахта, шолӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, кишти такрорӣ, корҳои соҳилбандӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи парандапарварӣ, моҳидорӣ, истифодаи самараноки сардхонаву гармхонаҳо, таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани маъракаи навбатии даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, ҷалб карданд.
Ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои назорати иҷрои дастурҳои Сарвари давлат дар ҷараёни силсилаи мулоқотҳо бо зиёиён, аҳли илму маориф, кормандони иттифоқҳои касаба, саноатчиён, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони дигар соҳаҳо супориш доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2020    №: 62    Мутолиа карданд: 9399
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед