фарҳанг
МУРАББИИ АХЛОҚИ МИЛЛӢ. БАРДОШТ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ УСТОД ҲАБИБ ИСКАНДАРОВ
Чанд рӯз пештар буд, ки ба идораи рӯзнома омад, ба такяи асо ва фарзандаш. Гуфт: «Пир шудаам, бе асокаш ба ҷое рафта наметавонам. Дилам бисёр мехоҳад, ки зуд - зуд биёяму аз аҳволатон бохабар бишавам». Баъд аз синну соли мо пурсид. Чун посух гирифт, мисли ҳама вақти дигар софу ширин хандид ва бо лутф изҳор дошт: «Ҳанӯз бачаед».
Оре, моро бо худ қиёс кард. Дар қиёс бо ӯ бача ҳастем. Ин омӯзгор, пири хирад 15 март 90 - сола шуд. Гуфтем, ки рӯзи тавлидатон ба рӯзи таъсиси нахустшумораи рӯзномаи кишвар – «Иди тоҷик», ки ҳоло «Ҷумҳурият» ном дорад, рост омадаасту Шумо панҷ сол аз он нашрия хурдтар ҳастед. Агарчи ин ҳақиқатро медонист, вонамуд кард, ки ҳамин ҳолиё дар ин хусус маълумот ба даст овардааст.
Нагуфт, хоҳиш накард, ки дар борааш бинависем. Не, балки ҳеҷ бор, на дар 80, на дар 70, на дар 60 – солагияш дар ин бора ишорае ҳам наменамуд.
Ин дафъа аз 90 соли умри рафтааш ба он хотир ёд овард, ки бигӯяд:
Дигар рӯзномаву китоб хонда наметавонад. Ва ҳам нури чашмонаш кам шудаву ин имконро надорад, ки матлабе барои рӯзнома бинависаду бад – ин васила дар рушди соҳаи маориф саҳм бигирад.
Ҳабиб Искандаров. Ин ном солҳои зиёд вирди забони аҳли маорифи кишвар буд. Аз ғамхорӣ, дастгирӣ, ҳидоятҳо, маслиҳатҳо ва навиштаҳояш мегуфтанд. Усули сарварияш мавриди омӯзиш қарор мегирифт. Барои рушди маориф, боло рафтани сатҳу сифати таълиму тарбия ҳамеша саҳм мегирифт.
Аз ҷумла мегуфт, ки дар бораи тарбияи дурусти насли наврас бештар матлабҳои таҳлилӣ бинависем ва ҳам бо мутахассисон суҳбат биороем, онҳоро ба рӯзнома ҷалб бинамоем.
Ва ҳам мегуфт, ки ахлоқи миллии мо, хоса дар раванди ҷаҳонишавӣ, набояд коста бигардад. Инчунин, бар тақвияти ҳидояту маслиҳатҳояш меафзуд, ки агар шохаеро бибуранд, боке нест, дарахт боз шохаҳои навро ато мекунаду бор меорад, аммо чун решаро бибуранд ва бикананд, умед на бар шоха мемонду на бар самар.
Ӯ худ дар мақолааш бо номи «Домони тарбия васеъ аст» навишта буд: «Проблемаи тарбияи насли наврас дар асри XXI моро водор мекунад, ки ба таври қатъӣ ба таҳлил ва фикри ҳамаи он чӣ, ки дар таҷрибаи шӯравӣ рӯи кор буд ва дар фаъолияти тарбиявии муассисаҳои таълимӣ ва интихоби он чӣ, ки барои насли навраси муосир пураҳамият, мусбат ва қобили қабул аст, ҳамчунин, барои ҷомеъ зарур шуда метавонад, пардозем. Аммо бояд ба хотир гирем, ки ин таҷрибаи анъанавии бой ҳамон вақт маҳсул дода метавонад, ки онро ба шароити имрӯза мувофиқ карда тавонем. Тарбияи шахсият аз ҳама масъалаи муҳим аст. Кӯдак ҳам шахсият аст».
Ду сол пештар китоби ӯ бо номи «Ҳикмати рӯзгор» ба табъ расида буд. Ин 50-ум китоби устод ба шумор мерафт. Дар китоб ин байтро чун эпиграф истифода кардааст:
То аҳли замони мо бидонанд, ки ман
Як умри ҷавонӣ ба чӣ раҳ бохтаам.
Дар ҳақиқат, устод на танҳо умри ҷавонӣ, балки қариб тамоми умри худро сарфи ин соҳаи мураккабу пуршараф карда, шогирдони зиёдро тарбия намудааст. Ва аз ин ифтихор ҳам дорад.
Абдуҷаббор Раҳмонзода, узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, дар бораи ӯ навиштааст: «Гумон намеравад, ки номи Ҳабибулло Искандаровро нафаре аз аҳли маорифи ҷумҳурӣ нашунида бошад. Инро ба он хотир бо эътимод ба забон меорам, ки ӯ, воқеан, ҳам устоди ҳамаи омӯзгорони ҷумҳурист. Номбурда яке аз чеҳраҳои сазовору шинохтаи соҳаи маориф буда, кумакаш ба ҳамаи онҳое, ки ба маслиҳату дастгирӣ ниёз доранд, беғаразона мерасад ва шогирдон ба нишони меҳр ба ӯ ҳамчун ба пири маориф муносибат менамоянд».
Ҳабиб Искандаров барои заҳматҳои арзандаву назаррасаш ба Ҷоизаи Президент дар соҳаи маориф мушарраф гардидааст.
Ӯ мегуфт: «Ин ҷоиза, ин қадрдонӣ аз ҷониби Президенти мамлакат ҳамеша водорам месохт, ки бештар аз пештар заҳмат бикашаму дар рушди соҳа ҳиссаи сазовор бигузорам. Ба бахти мо ва миллати соҳибтамаддунамон Сарвари давлат барои пешрафти маориф тамоми тадбирҳоро андешиданду меандешанд. Бо пайравӣ аз он мо масъулиятамонро бояд накутар бишиносем ва барои аҳли ҷомеа содиқона хизмат бинамоем».
Замон собит сохт, ки ӯ рисолату масъулияташро бо сарбаландӣ иҷро карду мекунад. Дар ин маврид мушкилнописанду хастагинопазир мебошад. Бешак, ин сифати пирон, пирони асил, яъне раҳнамоёни ҳақиқӣ ба шумор меравад.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.03.2020 №: 62 Мутолиа карданд: 629