фарҳанг
20 ҲАЗОР. МАБЛАҒИ ШОҲҶОИЗА ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Дар вилояти Суғд барои ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 4 то 10 ҳазор сомонӣ ва барои барандаи Шоҳҷоиза 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муайян гардид.
Озмун таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда шуда, мақсад аз он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ мебошад.
Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дода, гуфт, ки озмун аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон ва шоирӣ гузаронда мешавад ва дар он тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯён, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва намояндагони касбу кори гуногун ширкат варзида метавонанд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.03.2020 №: 62 Мутолиа карданд: 782