logo

иқтисод

ВАЗОРАТ ЧОРА МЕҶӮЯД

Посух ба матлаби  «Гармхона. Манбаи фаровонии сабзавот», ки 25 январи соли 2019 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№ 19) нашр шудааст.
Матлаби «Гармхона. Манбаи фаровонии сабзавот» дар раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки дар ҳақиқат, васеъ кардани масоҳат ва истифодаи босамари гармхонаҳо барои таъмини аҳолии мамлакат дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор бо сабзавоти тару тоза воситаи беҳтарин мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ, то 1 феврали соли 2020 дар гармхонаҳои доимоамалкунандаи хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ дар майдони 58,3 гектар сабзавот,  аз ҷумла дар 8,7 гектар бодиринг, 36,9 гектар помидор ва  12,7 гектар намудҳои дигари сабзавот, кишт шудааст. Аз майдони умумии кишти сабзавот дар гармхонаҳои доимоамалкунанда 187,8 тонна сабзавоти тару тоза истеҳсол гардида, ба бозорҳои ҷумҳурӣ бароварда шудааст, ки аз он 33,6 тоннаро бодиринг, 109 тоннаро помидор ва 45,2 тоннаро намудҳои дигари сабзавот ташкил медиҳад.
Вазорати кишоварзӣ бо мақсади зиёд намудани майдони гармхонаҳои доимоамалкунанда ва ба ин васила таъмин намудани аҳолии мамлакат дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бо сабзавоти тару тоза муқаррар намудани баъзе имтиёзҳоро, аз қабили кам кардани меъёри андозбандӣ, додани қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат ва бо нархи дастрас таъмин намудани ангиштро мувофиқи мақсад мешуморад. Зеро чунин дастгирӣ метавонад ҳавасмандии деҳқононеро, ки ба парвариши сабзавоти барвақтӣ дар гармхонаҳои доимоамалкунанда машғуланд, зиёд намуда, ба рушди минбаъдаи ин соҳаи заҳматталаб такони ҷиддӣ бахшад.

М. МИРЗОЗОДА, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.04.2020    №: 63    Мутолиа карданд: 738
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед