logo

иқтисод

РАШТ. КИШОВАРЗӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

Рушди соҳаи кишоварзӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, аз тарафи Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ин самт ҳамвора тадбирҳои судманд мавриди амал қарор мегиранд.
Тавре Ғайниддин Манонов, муовини раиси ноҳияи Рашт, зимни суҳбат бо хабарнигори "Ҷумҳурият" иттилоъ дод, васеъ кардани майдонҳои кишоварзӣ аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи талу теппаҳо, обёрии заминҳои беоб ва истифодаи усулҳои нави агротехникӣ, ки Президенти мамлакат зимни сафари кориашон ба ноҳияҳои водии Рашт соли сипаришуда дастур дода буданд, боиси вусъати тоза касб кардани соҳаи кишоварзӣ дар ин ноҳия гардидааст.
Ба гуфтаи ӯ, маблағи корҳои анҷомёфта барои таъмиру барқарорсозии каналу пойгоҳҳои обкашии ноҳия 1 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил  медиҳад. Соли сипаришуда бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавзеи «Дашти беоб»-и деҳоти Ҳоит ба масофаи 1,2 километр қубур хобонда, об оварда шуд. Танҳо аз ҳисоби маблағҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон 187 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Дар деҳоти «Ясман» бо ҷалби соҳибкорон  ва истифодабарандагони об каналҳои «Ҳисорак - 2» ба масофаи 8 километр ва «Ҳисорак -1» ба масофаи 6 километр, «Қарашаҳр -1» ва «Қарашаҳр - 2» ба масофаи 10 километр   таъмир шуданд.
Пойгоҳи обкашии «50-солагии Тоҷикистон» дар деҳоти Навдӣ, ки солҳои дароз аз истифода берун монда буд, таъмир гардид. Бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ марҳилаи якуми сохтмони канали «Камчароғ» дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх идома дошта, бо ба истифода супоридани он зиёда аз 100 гектар замин обёрӣ мешавад.
Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 2935 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ  фаъолият дорад. Соли сипаришуда аз ҷониби ин хоҷагиҳо 73 гектар боғи нав бунёд ва дар майдони 213 гектар боғи куҳна барқарор карда, дар масоҳати 7278 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронда шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 249 гектар зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли картошка ба 46028, ғалла ба 5891, сабзавот ба 10515, мева 18075 ва хӯроки чорво ба 82955 тонна расонда шуд.
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста мо - кишоварзонро ҳидоят менамоянд, ки маърифати истифодаи заминро ёд гирем, то ҳосили дилхоҳ ба даст орем. Дар робита ба ин, ҷиҳати беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии замин ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда як қатор корҳо ба анҷом расонда шуданд. Бовар дорем, ки соли 2020 рушди соҳа дар ноҳия ба марҳилаи сифатан нав ворид  мегардаду кишоварзон нисбат ба соли сипаригардида бештар ҳосил ба даст меоранд, - гуфт Ғайниддин Манонов.

Худодод ЗАЙНИДДИН, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.04.2020    №: 64    Мутолиа карданд: 777
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед