logo

иқтисод

РУШДИ МАЪНАВИЁТ - ОМИЛИ СОЛИМИИ ҲАР ФАРД ВА ҶОМЕА

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти унвони “Рушди маънавиёт - омили солимии ҳар фард ва ҷомеа” дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳамоиши маърифатӣ - тарбиявӣ баргузор гардид. Дар он муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода ва донишҷӯёну устодони донишкада ширкат варзиданд

Ҳамоиш мавзӯъҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, ғановати маънавӣ, таҳаммулпазириву инсондӯстӣ, ҳифзи солимии моддиву маънавии оила, фард ва ҷомеа аз хатару таҳдидҳои номатлуби иҷтимоӣ, бемориҳои сироятӣ, терроризму ифротгароӣ, исрофкорӣ ва фасоди ахлоқӣ, таҳкими андешаи солим, масъулият ва рисолати инсонӣ дар иртибот ба рушди маънавии ҷомеаро фаро гирифт.
Ректори донишкада, доктори илми филология Муҳриддин Низомӣ мавзӯъҳои матраҳшавандаро барои пешрафти таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, ифтихори ватандорӣ, ғурури миллӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ муҳим арзёбӣ карда, ҳамзамон таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату оинҳои мардумӣ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, ҷалб намуд.
Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки рӯ овардан ба сиёсати ҷавонон тақозои таърих ва назари неку хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Муовини раиси шаҳри Душанбе роҷеъ ба корҳои созандагию бунёдкорӣ дар пойтахти кишвар маълумот дода, гуфт: “Агар дар шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе аз соли 2010 то соли 2016 ҳамагӣ 56 майдончаи муосири варзишӣ сохта, ба истифода дода шуда бошад, пас тайи се соли охир, таҳти роҳнамоиҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаи раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат 258 майдончаи варзиш ва бозии кӯдакон бунёд гардид, ки дар ташаккули тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш нақши бориз мегузоранд”.
Иштирокдорони ҳамоиши маърифатӣ-тарбиявӣ бар ин назар буданд, ки дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли наврас ва ҷавонон на танҳо вазифаи муҳимтарини ниҳодҳои дахлдор, балки аҳли ҷомеа низ мебошад.

Додоҷон РӮЗИЕВ, журналист


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.04.2020    №: 64    Мутолиа карданд: 748
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед