иқтисод
КАРТОШКАПАРВАРӢ. АЗ ТАВСИФИ БИОЛОГӢ ТО РУШДИ СОҲА
Картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳалли масъалаи озуқаворӣ, таъмини амнияти ғизоӣ ва бо шуғл фаро гирифтани мардуми деҳот мавқеи намоён дорад.
Ҳарчанд тибқи маълумоти олим Н. Балашев, картошка ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба воситаи Россия тахминан дар солҳои 1900 - 1910 ворид гардид, вале деҳқонони кишвар ба рушди бемайлони картошкапарварӣ танҳо дар солҳои соҳибистиқлолӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ҳоло ҳосили картошкае, ки дар дохили мамлакат истеҳсол мегардад, талаботи аҳолиро қариб пурра қонеъ мегардонад. Дар самти комёбиҳои истеҳсолӣ ва ба даст овардани навъҳои нави картошкаи ба иқлими кишвар мутобиқ саҳми олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур назаррас мебошад.
Тавре Қурбоналӣ Партоев, мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи рустаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустанӣ, иброз дошт, дар муддати даҳ соли охир олимони институт навъҳои нави картошка, аз қабили «Тоҷикистон», «Дӯстӣ», «Файзобод», «Рашт», «Академияи илмҳо -1», «Сурхоб» ва «Нилуфар» - ро ба даст оварда, пешкаши картошкапарварони кишвар гардондаанд. Кишоварзон ҳар сол аз ин навъи тухмиҳо дар майдони беш аз 5 ҳазор гектар кишт намуда, дар ғанигардонии бозори истеъмолии мамлакат нақши худро мегузоранд.
Намуди маъмули парваришшавандаи картошка соланиум туберозум (Solanium tuberosum L) буда, ба шароити иқлими Тоҷикистон мутобиқ аст. Ин зироат дар ҳарорати гармии 15 - 160С ба нашъунамо оғоз намуда, баъд аз 14 - 16 рӯз майсаҳои он сар мекашанд. Ҳарорати гармии 20 - 250С барои нашъунамои картошка мувофиқ буда, ҷараёни сабзишу инкишофи рустаниро метезонад ва барои пайдоиши лӯндаи картошка мусоидат мекунад.
Шароити иқлими Тоҷикистон барои парвариши картошка мутобиқ аст. Кишоварзони мамлакат кӯшиш намуда истодаанд, ки агротехникаи парвариши ин зироатро хуб ба роҳ монда, аз он ҳар чи бештар ҳосил ба даст оранд.
Алҳол барои рушди соҳаи картошкапарварӣ олимону мутахассисони соҳа навъҳои нави ватанӣ - «Зарина», «Файзобод», «Шукрона», «Каримӣ», «Рашт», «Тоҷикистон», «Овчӣ» ва «Дӯстӣ» - ро, ки ба шароити иқлими Тоҷикистон мутобиқ буда, серҳосил ва тамъи лазиз доранд, дар истеҳсолот ҷорӣ намуда истодаанд.
Барои боз ҳам тақвият бахшидани соҳа ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои дахлдор тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд. Ҳоло навъҳои хориҷии тезпазу серҳосили «Кординал», «Космос», «Невский», «Пикасо», «Жуковский», «Биг - Роза», «Кондор», «Монитоу» ба шароити иқлими Тоҷикистон мутобиқ карда шудаанд ва дар минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳии кишвар ҳосили хуб медиҳанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар майдони 51756 гектар картошка кишт шуд ва истеҳсоли он 994427 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешӣ 29793 тонна зиёд мебошад.
Соли равон дурнамои кишти картошка дар ҷумҳурӣ 33501 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин нишондод 6380 гектари он кишти картошкаи барвақтӣ мебошад. То 21 феврали соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 5555 гектар картошкаи барвақтӣ кишт шуд, ки баробари 87 дарсади дурнамо аст. Ҳоло рафти кишти он бомаром идома дорад. Бо назардошти аҳамияти соҳа, соли ҷорӣ дурнамои кишти такрории картошка дар ҷумҳурӣ 474 гектар пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба кишти такрории соли гузашта 282 гектар зиёд мебошад.
Соҳаи картошкапарварӣ дар ҷумҳурӣ рушди устувор дорад. Кишоварзон пайваста кӯшиш доранд, ки ҳосилнокии картошкаро, ки онро «нони дуюм» низ меноманд, зиёд карда, аҳолиро пурра бо маҳсулоти худӣ таъмин намоянд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.04.2020 №: 64 Мутолиа карданд: 900