фарҳанг
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Деҳаи Андароб. Ҳавлии холаи Тобон. Болои кат нишаста, дар тасаввур миёни дарахтони сермева пирамарди нуронии ба сар тоқии чоргул ва нигоҳаш моломоли шодӣ амаки Абдулазизро медидам, ки миёни дастниҳолони боғ якта - якта қадам партофта, хаёле боғи дилаш мешукуфт. Қаноатманд буд, ки ниҳолҳои бо ранҷ парвардааш коми садҳо одамро ширин намудааст... Боғи дигари падар ҷигарбандони бонангу ори ӯст, ки ҳар кадомеро бо ҳазору як орзуву омол ба камол расонд. Дар миёни бародарон Абдулло ба синну сол бузургтар аст.
Аз хирвори зиндагиномаи Абдулло Азизов болои сафҳа гулчин кардам: мавсуф баъди хатми Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (соли 1974) ба омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб омад. Се сол ба ҳайси омӯзгори фанни бемориҳои дарунии омӯзишгоҳи тиббӣ ба кор пардохта, пасон, духтури шуъбаи бемориҳои дарунӣ (1977-1981), чор сол мудири шуъбаи амрози дарунӣ, панҷ сол ба ҳайси мудири шуъбаи ноболиғон ва бисту панҷ сол дар вазифаи пурмасъулият – сардухтури беморхонаи ноҳиявии № 1 - и шаҳри Кӯлоб фаъолияти пурсамар дошт. Аз соли 2016 духтури шуъбаи бемориҳои амрози дарунии беморхонаи номбурда мебошад.
Сафҳаи хотираҳоро аз рӯзгору фаъолияти ӯ варақ мезанам. Боре навбатдорони дармонгоҳи шаҳрӣ тавассути мошини “Ёрии таъҷилӣ” хурдсолони дугоникро дар ҳоли вазнин ба шуъбаи бемориҳои амрози дарунӣ оварданд. Мудир аз шикваи модарашон фаҳмид, ки тифлакон чизе хӯрдаанд, ки дар ҷисмашон мубодилаи моддаҳоро ба вуҷуд оварда, соат ба соат нафасгириашонро вазнин мегардонд. Модар аз суханони табиби рӯҳбахш андаке таскин ёфта, гуфт:
- Акаи духтур, ҳамин дугоникҳоям агар шифо ёбанд, албатта, дар тӯйи арӯсиашон шуморо тағо интихоб мекунам.
- Худо насиб кунад, туҳфаи қиматбаҳо гирифта меоям,- шӯхиомез ҷавоб дод Абдулло Азизов.
Табиб тифлаконро дар ҳуҷраи алоҳида хобонда, онҳоро ба табобати таъҷилӣ фаро гирифт. Доруҳои заруриро навишта, истеъмолашро бе назорат намонд. Баъди доруву дармон тифлакон чашм кушода, сӯи “тағо” - яшон нигоҳи пурмеҳр дӯхтанд. Модар аз шодиву ҳаяҷони беҳудуд чӣ гуна миннатдорӣ баён карданро намедонист.
Рӯзе бемори солмандеро ба шифохона оварданд. Пайвандон ба зинда монданаш он қадар бовар надоштанд. Онҳо “аввал ба Худо, баъд ба худат умед бастаем”, - гуфта, беморро ба табиб супурданд. Он шаб Абдулло ба хонааш нарафт. Чора меҷӯст, китоби устодони соҳаро варақ мезад, ҳаяҷону изтироби афзун дошт. Ҷарроҳии чандсоата вазнин гузашт. Аҳли табори бемор дар берун, зери дарахтони шифохона қадамшуморӣ мекарданд.
Дами субҳ Абдулло Азизов теғи синоӣ ба каф, бо сару рӯи арақшор ва чеҳраи кушод аз ҳуҷраи ҷарроҳӣ берун шуд ва аҳли табори бемор оҳи сабуке кашиданд. Чанд ҳафта пас бемор рӯи по хест.
- Абдулло Азизов эътибори мардуми диёрро муфт ба даст наовард. Ӯ таи 45 соли фаъолияти меҳнатӣ дар пажӯҳишгоҳҳои бонуфуз, клиника ва беморхонаҳои овозадори собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дониш ва малакаи касбиашро сайқал дода, ба ин мартаба расид. Соли 1975 вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят ва соли 2010 вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб интихоб шудааст. Хизматҳои пурсамари бисёрсолааш бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, нишони “Аълочии тандурустии Тоҷикистон” ва ифтихорномаву сипосномаҳо қадр гардидааст.
Сипеҳри ҲАСАНЗОД, адиб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.04.2020 №: 64 Мутолиа карданд: 667