logo

иқтисод

330 ИНШООТИ ШУҲРАТАФРӮЗ. БАРДОШТ АЗ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Корҳои ободониву созандагӣ дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар вусъати тоза касб карда истодаанд. Дар партави сиёсати хирадмандонаю созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат Ховалинг низ симои хешро ба куллӣ тағйир дода, ба як гӯшаи ободу зебо табдил ёфтааст.
Раиси ноҳия Акрамзода Парвиз иттилоъ дод, ки то фарорасии ҷашни бузурги миллӣ дар ноҳия тибқи нақшаи чорабиниҳо 330 иншооти таъйиноти гуногун сохта хоҳад шуд. Аллакай, 125 иншоот сохта ба истифода дода шудааст.
Дар доираи корҳои созандагӣ бунёду навсозии боғи фарҳангӣ – фароғатӣ бо иншооти Парчам ва Нишони давлатӣ дар масоҳати 2, 35 гектар, гулгашт ва амфитеатр барои 1000 ҷои нишаст, 5 меҳмонхонаи замонавӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ, 6 майдончаи варзиш, маҷмааи бозиҳои кӯдакон ва атраксионҳо, ҳаммом, мумфаршкунии 16 километр ва сангфаршсозии 26 километр роҳҳои маҳаллӣ, сохтмони 4 муассисаи таълимӣ барои 1520 ҷои нишаст, 3 корхонаи саноатӣ, 3 коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 2 беморхонаи рақамӣ, 4 маркази саломатӣ, марказҳои дандонпизишкӣ ва ВНМО, 2 шуъбаи беморхонаи марказӣ, 3 китобхона, мактаби мусиқии бачагона, 26 маркази хизматрасонӣ ва савдо, 4 пули мошингузар, 2 бинои баландошёна, бинои маркази ҷавонон, дар 12 деҳа кашидани хати оби нӯшокӣ, насби 9 трансформатор, равшаннамоии маркази 10 деҳа, азнавсозии 6 мавзеи сайёҳӣ ба анҷом расонда шуд ва ҳоло онҳо мавриди истифода қарор доранд. Соҳибкорони ватандӯсту ҳимматбаланди маҳаллӣ Холмумин Даминов, Зафар Сафаров, Маҳсуддин Қодиров, Азизулло Муродов ва Давлаталӣ Бозоров дар ноҳия як терминали мусофиркашонӣ, 2 толори варзиш, 1 осорхона ва барои оилаҳои ниёзманд ба маблағи 3 миллиону 740 ҳазор сомонӣ 14 хонаи истиқоматӣ сохта, ба истифода доданд ва 5 километр роҳи байни деҳаи Даҳани Шолро  бо сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои замонавӣ навсозӣ карданд.
Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 августи соли 2019 ҳангоми сафари корӣ ба ноҳия бинои дуошёнаи шуъбаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалингро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои маъмурӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Ҳасанов ба маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 240 метри мураббаъ бо сифати баланд сохта шудааст. Сардори давлат ба иқдоми соҳибкори ватандӯст Абдулло Ҳасанов баҳои баланд дода, онро шоистаи дастгирӣ ва намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки то соли 2021 дар маркази ноҳия сохта ба истифода дода мешаванд, вусъати тоза касб кардаанд.

Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.04.2020    №: 65    Мутолиа карданд: 751
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед