иқтисод
АШТ. СОДИРОТИ МЕВА РӮ БА РУШД ДОРАД
Дар вилояти Суғд ҷиҳати боз ҳам афзун намудани истеҳсоли меваю ангур ва содироти он ба хориҷи мамлакат бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта тадбирҳои муассир роҳандозӣ мегарданд.
Бино ба маълумоти оморӣ, давоми ду - се соли охир майдони боғҳои интенсивӣ хеле васеъ шуда, соли 2019 дар ҳамаи бахшҳо 845,3 гектар боғи нав бунёд ёфт, ки нисбат ба соли пешӣ 31 дарсад зиёд аст. Истеҳсоли мева дар қиёс ба соли 2018 дар вилоят 8,3 дарсад афзуда, ба 150 ҳазору 940,5 тонна расонда шуд.
Эътибори меваҳои аълосифату аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ сол ба сол бештар мешавад, аз ин рӯ, таваҷҷуҳи ширкатҳои ҷаҳонӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ, хосса меваҳои донакдор - зардолу, шафтолу, олуболу ва гелос меафзояд. Масалан, дар мавсими гузашта боғдорони ноҳияи Ашт миёни дигар навоҳии вилояти Суғд аз ҳама зиёд мева содирот намуданд. Рафторҷон Муҳаммадиев, сардори идораи кишоварзии ноҳия, дар суҳбат ба хабарнигори “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, ки боғдорони аштӣ соли 2018 ба Россия, Қазоқистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя ба миқдори 2200 тонна зардолу фурӯхтанд. Ин рақам соли 2019 ба 3 ҳазору 400 тонна расонда шуд. Акнун боғдорони аштӣ ба хориҷи кишвар на танҳо содироти зардолуи тару тоза, ҳамчунин, шафтолу ва гелосро ба роҳ монда, аз ин ҳисоб манфиати хуби иқтисодӣ мегиранд. Шуҳрати боғдорони деҳоти Ошобаи ин ноҳия дар бобати парвариши гелос дар миқёси вилояту ҷумҳурӣ паҳн шудааст. Мавзеи Ошоба барои парвариши гелос мусоид буда, ин меваи ширин дар бозорҳои дохилӣ низ талабгорони зиёд дорад ва хуб ба фурӯш меравад. Соли гузашта ба Россияву Қазоқистон 245 тонна гелос содирот шуд. Ҳоло майдони боғҳои гелос дар навоҳии Ҷаббор Расулов ва Спитамен низ васеъ шудааст.
Боғпарвар Зайналобиддин Мақсудҷонов ният дорад, ки дар ҳудуди ноҳияи Ашт бунёди боғҳои интенсивии зардолуи пешпазаки мирсанҷалӣ, шафтолу ва ангурро (бо усули ангурпарварони шаҳри Турсунзода) ба роҳ монад. Аллакай дар хоҷагии деҳқонии “Ифтихор”-и ноҳия бунёди чунин боғҳои интенсивӣ оғоз ёфт. Аҳамияти чунин боғҳои интенсивӣ дар он зоҳир мешавад, ки ниҳолҳо дар муҳлати кӯтоҳ ба ҳосил даромада, ба деҳқонон чанд баробар зиёд фоида медиҳанд.
- Соли равон дар ноҳия аз ҳисоби заминҳои талу теппа 150 гектар боғи нав, аксаран интенсивӣ, бунёд мекунем ва дар ояндаи наздик ноҳияи Ашт ба макони асосии истеҳсолу содироти мева табдил хохад ёфт, - гуфт Рафторҷон Муҳаммадиев.
Тибқи маълумоти идораи кишоварзии вилоят, имсол дар Суғд зиёда аз 2 ҳазор гектар боғи нав бунёд мешавад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.04.2020 №: 65 Мутолиа карданд: 819