фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
УМРИ ДУБОРАИ ПИСАРАКИ СЕСОЛА
Бовар намекунед, вале ин писарбачаро дар Сурия ифшои рози дар зиндагии аввал бо табар кушта шуданаш машҳур кардааст. Қисса ин аст, ки кӯдак аз рӯзи ба дунё омадан дар сараш нишонаи махсус дошт. Вақте калон шуда, ба гап даромад, ба хешовандонаш гуфт, ки ӯро дар зиндагии пешинааш аз зарбаи табар куштаанд. Писар номи худ ва деҳаеро, ки дар он зиндагӣ мекард, баён дошт. Сокинони ин деҳа мегӯянд, ки дар ҳақиқат марде, ки ин писар номашро ба забон гирифт, 4 сол пеш бе нишон шудааст. Онҳо дар ҳайрат монданд. Ӯ ҳатто ному насаби қотилашро ба забон овард.
Пас аз ин, ҷоеро нишон дод, ки ӯро қотил дафн кардааст. Баъди кушодани қабр онҳо устухонҳои ҷасадеро ёфтанд, ки захми калон дар сар дошт. Табар низ ёфт шуд. Қотилро ёфтанд ва ӯ ба ҷинояти содиркардааш иқрор шуд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ интизор аст.
САВОЛҲО БАРОИ ҲОЗИРҶАВОБОН
1. Дар халта 21 себ аст. Себҳоро ба 21 нафар тавре тақсим намоед, ки ба ҳама яктоӣ себ расаду дар халта як себ боқӣ монад.
2. 21 март шабу рӯз баробар мешаванд, ки онро эътидоли баҳорӣ меноманд. Дар ин вақт офтоб хати экватор (хати устуворро) бурида 23 1/2 дараҷа боло мешавад.
Эътидоли баҳорӣ дар байни мардум чӣ ном дорад?
3. Гарчанде ки ду духтарак дар як рӯз, дар як моҳ, дар як сол ва аз як модар таваллуд ёфтаанд, онҳо дугоник нестанд.
Чаро чунин шудааст?
4. Баъзан дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ имконияти кишти зироатҳои ғалладона ва дигар зироатҳо бо сабаби камборишӣ мушкил мешавад. Одамон пеш аз Наврӯз хӯсае месозанд ва онро месӯзонанд. Одатан, баъд аз сӯхтани хӯса борон меборад.
Ин маросими қадимаи тоҷикон чӣ ном дорад?
5. Хурдтарин дарёи ҷаҳон дар Иёлоти Орегони ИМА мавҷуд аст. Он ҳамагӣ 36 метр дарозӣ дошта, аз кӯли Деви - Лейк ба уқёнуси Ором мерезад.
Ин дарё чӣ ном дорад?
Таҳияи Нуралӣ КАРИМОВ, омӯзгори МТМУ № 3, ноҳияи Ховалинг
ҶАВОБ БА МУАММОИ «ҶАШНИ НАВРӮЗ» АЗ 20 МАРТИ СОЛИ 2020
1. Ҷамшед.
2. Фарвардин.
3. Шарбат.
4. Санҷид.
5. Сағир.
6. Суманак.
7. Ал – Тафҳим.
8. Косово.
9. Мураббо.
10. Рӯзи нав. 11. Зардак.
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Миёнбандаш аллакай тайёр буд. Қаторҳои рости муҳраҳои сафедро дар он чунон зебо дӯхта буданд, ки бо дурахши худ миёнбанд як тасмаи буридаи офтобро мемонд. Онро аз рӯи курсӣ бо ҳавас ба даст гирифтам.
Ин ҳунар аз хаёли басо нозук, санъати нафис ва истеъдоди баланд дарак медод.
* * *
Сар то қадами ту дилрабоянда бувад,
Дар васфи ту дил нағмасароянда бувад.
Ту ҷони дили ману ҷаҳони дили ман,
Бо ишқи ту дил зиндаву поянда бувад.
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» АЗ 20 МАРТИ СОЛИ 2020
Сорбон
Сайидои Насафӣ
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
БАҲОР
ЧАНД ФАКТИ ҶОЛИБ
1.Пажӯҳишгарон дар натиҷаи мушоҳидаҳои тӯлонӣ муайян карданд, ки одамон дар фасли баҳор нисбат ба фаслҳои дигар камтар вафот мекардаанд.
2. Ҳар кас дар фасли баҳор бештар дар оғӯши табиат бошад, биноии чашмаш қавӣ мешудааст.
3. Бештари ҳайвонот, аз ҷумла моҳиҳо, занбӯрон маҳз дар фасли баҳор бордор шуда, ба тухммонӣ оғоз мекунанд.
4. Дар ҳаёти 10 ҳазор навраси ба балоғат наздик санҷиданд, ки замони ошиқшавиашон маҳз фасли баҳор аст.
5. Дар рафти таҳқиқот аниқ шуд, ки воқеан ҳам, дар баҳор қуввати ҷисмонии одам кам мешавад. Инро олимон чунин шарҳ додаанд: «Замин дар баҳорон ба он хотир неруи ҷисми моро мекоҳонад, ки то фарорасии баҳори дигар дар ивази он ба мо атри гул, мева, сабзавот, донагӣ ва пахтаро арзонӣ дорад».
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Аз суҳбати ду олими генетик:
- Хайр, чӣ хел навъи нави картошкаатон, ба дилсӯзӣ ҳаст охир?
- Эҳеее, тамоман олӣ, муъҷиза гӯеду монед.
- Ба фикрам, боз ҳам сафсата мегӯед, ягон бартарӣ надоштагист.
- Хоҳиш мекунам, таҳқир накунед, картошка шунавад, хафа шуданаш мумкин.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
ХУРДТАРИН ДАВЛАТИ ОЛАМ
Соли 1966 майори мус-таъфии артиши бритонӣ Пэдди Рой Бэйтс мавзеи бекорхобидаи ҳарбии Рафс - Тауэрро, ки 20 километр дуртар аз соҳилҳои Британия қарор дошт, ба даст дароварда, давлати мустақили Силендро таъсис дод. Пас аз ду сол ҳукуматдорони Британияи Кабир кӯшиши забти ин ҳудудро намуданд, лекин ба наздикони Пэдди Рой муяссар шуд, ки муқобилият нишон дода, кишварро эмин доранд.
Ҳоло аниқтараш то соли 2002 Силенд бо аҳолии 27 нафар дорои конститутсия, парчам, нишон ва асъори худ мебошад. Ҳарчанд ки Силенд расман аз тарафи ягон давлати дунё эътироф нашудааст, вале соли 1978 вазоратҳои корҳои хориҷии Нидерландия ва Олмон бо ҳукумати он гуфтушунид гузаронданд.
Таҳияи Мафтуна НУРИДДИН
ОЁ МЕДОНЕД?
Занбӯрҳое, ки баҳор ё тобистон пайдо мешаванд, ба ҳисоби миёна 35 – 40 рӯз, вале занбӯрҳое, ки тирамоҳ зуҳур мекунанд, то 8 моҳ умр ба сар мебаранд.
Занбӯри модина, яъне малика дар баҳор дар як шабонарӯз то 2000 тухм мемонад.
Зулфия САФАРОВА, донишҷӯ
СИМОИ ЗОҲИРӢ ВА БАХТИ БАРГАШТАИ ҶОНО
Ҷоноро, ки бемор таваллуд шуда буд, пас аз 20 соат волидонаш партофта рафтанд. Вале толеи писарак, ки бо бемории мавҷуд набудани баъзе устухонҳои рӯй таваллуд шуда буд, баландӣ кард ва ӯро писархонд намуданд. Модархондаш ба ӯ насаби худро дод ва ӯ Ланкастеро Ҷоно ном гирифт. Дар муносибат бо ҳамсолон мушкил дошт. Касе бо ӯ дӯст шудан намехост ва таҳқирҳои бардавом Ҷоноро азият медоданд. Аз модараш ҳамеша мепурсид, ки гуноҳи ӯ чист? Дар ҷавоб модар оромона мегирист.
Бо мурури замон, ба факултети тарбияи ҷисмонӣ дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм намуд. Дар яке аз фитнес - клубҳо ба кор даромад ва дар ҳамон ҷо ҳамсари ояндаашро ёфт.
Аввалҳо духтар ба ӯ чандон таваҷҷуҳ надошт. Вале, баъдан дарк кард, ки сарфи назар аз чеҳраи ғайриҷолибаш Ҷоно қалби тиллоӣ ва муҳаббати самимӣ дорад.
Чанде пеш Ҷоно барои кӯдакони бемории ӯро дошта фонди эҳсонкорӣ таъсис дод. Бо ин амалаш ӯ миллионҳо одамони гирифтори бемориҳои гуногун, аз ҷумла сураташон зиштро, рӯҳбаланд мекунад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
10 ИҚТИСОДДОНИ БУЗУРГТАРИНИ ҶАҲОН
Карл Маркс (1818-1883)
Ба андешаи асосгузори материализми диалектикӣ Карл Маркс, арзиши мол аз рӯи заҳмати дар он сарфшуда муайян мегардад. Сармоядор (корхонадор) фақат бо роҳи ба арзиши аслии мол илова намудани арзиши изофа сарватманд шуда метавонад, ки ин амал истисмори рӯирости коргар аст. Ғояи инқилоб низ маҳз аз ҳамин нукта сар мезанад: истисмор коргаронро (пролетариатро) то ҳадди ниҳоӣ қашшоқ мекунад ва онҳо ғайр аз ба инқилоб бархестан (муқобили назарияи Смит) роҳи дигар надоранд. Бепоягии баъзе назарияҳои Маркс дар нимаи аввали асри XX пурра собит шуд, яъне коргарони Амрикою Аврупо, аксар мамолики Осиё ва Австралия рӯз ба рӯз қашшоқтар не, балки сарватмандтар шуданд. Дар ҳақиқат, зиндагии мардуми олами сармоя дар муқоиса бо олами сотсиалистӣ хуштару беҳтар буд. Бо вуҷуди ин, тӯли беш аз 100 сол доҳии пролетариати ҷаҳон маҳсуб меёфт.
Таълимоти ӯ дар ҷаҳон беш аз миллиард пайрав дошт. «Сармоя» ва «Манифести ҳизби коммунистӣ» машҳуртарин асарҳои ӯянд. Дар зиндагӣ қашшоқ буд, аксаран дӯсташ – соҳибкор Фридрих Энгелс ба ӯ кумак мекард. Бештари умрашро дар муҳоҷират гузарондааст. Дар ҷаноза ва дафнаш 9 -11 нафар иштирок дошт.
Таҳияи С. ФАРЗОНА
НИШОНИ ХИРАДМАНДӢ
Одамони зиёд барои шунидани насиҳат назди хирадманд меомаданд. Боре ҳамсоязан ҳам наздаш омада гуфт:
- Кӯдакам суханони маро гӯш намедиҳад. Ӯ шириниро бисёр истеъмол мекунад. Илтимос, ба ӯ гӯед, ки ин барояш зараровар аст, суханони шуморо мепазирад, чунки эҳтироматонро ба ҷо меорад.
Устод андаке фикр карда гуфт, ки баъд аз се ҳафта биёед. Зан дар тааҷҷуб афтод, ки барои кори одӣ чунин муҳлати зиёд чӣ лозим аст?
Се ҳафта гузашт, ҳамсоя бо кӯдакаш дубора назди устод омад. Пири хирад суханҳои пештараашро такрор намуд. Зан ҷуръат пайдо карда сабаб пурсид, аммо устод чизе нагуфт. Замони бори сеюм омадан, хирадманд ба кӯдак гуфт:
- Писарам, ширинӣ бисёр истеъмол накун, чунки ба саломатӣ зарар дорад.
- Модоме, ки чунин мегӯед, қабул дорам, - гуфт писарак.
Ҳамсоязан сабаби бори якуму дуюм нагуфтани чунин сухани содаро пурсид. Устод қоил шуд, ки истеъмоли шириниро дӯст медоштам ва барои он ки чунин насиҳат намоям, лозим донистам, ки аз ин амал нахуст худам даст кашам. Аввал, гумон кардам, ки барои тарки одат се ҳафта кифоя аст, аммо хато кардам.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
ХӮШАЕ АЗ ГӮШАЕ…
* Мағозаҳои Таиланд ба мизоҷон дигар на борхалтаҳои пластикӣ, балки баргҳои бананро пешниҳод месозанд.
* Дар Рим барои пардохти ҳаққи роҳи метро зарфҳои пластикиро ҳам қабул мекунанд. Бо ин роҳ, аллакай, 350 ҳазор зарф ҷамъоварӣ шуд.
* Дар Ҳолланд боми истгоҳҳо пур аз гулу рустаниҳост. Ин тадбир махсус барои занбӯрони асал роҳандозӣ шудааст.
* Деҳқонони ҳинду зодрӯзи фарзандонашонро бо шинондани 111 дарахт таҷлил менамоянд. Бо ҳамин роҳ то ҳол 350 ҳазор дарахт шинондаанд.
* Бо он ки шикори наҳанг манъ гашт, тайи солҳои охир саршумори оилаи онҳо то 25 ҳазор афзуд.
* Дар Нидерландия барои ҳифзи олами набототу парандагон 5 ҷазира сохтаанд. Пас аз ду сол дар онҳо 30 ҳазор паранда ва 127 намуди рустаниро вохӯрдан мумкин аст.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
ЭНРИКО ФЕРМИ
Боре физики машҳури итолиёвӣ Энрико Ферми, ки аз афташ ба маҷлис дер монда буд, аз лаборатория рост ба Академияи илмҳо омад. Посбонҳо сарулибоси кории ӯро дида, дарро ба рӯяш бастанд.
- Мебахшед, ман ронандаи ҷаноби профессор Ферми ҳастам,- ноилоҷ гуфт олим ва рухсати даромад гирифт.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
МАМОЛИКИ АЗ ҲАМА ЗИЁД НАМАКИСТЕҲСОЛКУНАНДАИ ДУНЁ
(ТОННА ДАР ЯК СОЛ)
Дар мақоми аввал ИМА – 46.500 000, Чин – 37.101 000 (2), Ҳиндустон – 15.000 000 (3), Испания – 3.200 000 (13), Россия – 2.800 000 (14), Руминия – 2.450 000 (15), Мисри Араб – 2.400 000 (16), Украина – 2.300 000 (17), Кувайт – 100 000 (61), Словакия – 100 000 (62).
Таҳияи Умар АЛӢ
МУАЛЛИМ БЕШ АЗ ҚОЗӢ АСТ
Касе тасодуфан дӯсти даврони бачагиашро вохӯрда, ҳайратзада аз ӯ пурсид:
- Дӯстам, шумо ки қозӣ будед, чӣ шуд, ки он мансабро раҳо карда, муаллимиро ихтиёр кардед?
Дӯсташ гуфт:
- Чун аз ҳаёт ва зиндагии муҷримон огоҳ мешудам, дарк кардам, ки аксарашон дониш наандӯхтаанд ва ё нигоҳи дуруст ба ҳаёту олам надоранд.
Хулосаам чунин буд, ки ҷои пардохтан ба шоху барг, бояд ба реша бипардозам. Ҷомеа ҳоло ба муаллими доно беш аз қозии одил ниёз дорад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
АВСТРАЛИЯ
ТОРТАНИ АЗИМҶУССА ҲАМАРО ҲАЙРАТЗАДА КАРД
Дар Австралия мардуми маҳаллӣ ба тортани қифшакли заҳрдор дучор омаданд. Андозаи он ду баробар бештар аз намуди одии ин ҳашарот мебошад. Мутахассисон муътақиданд, ки бузургшавии андозаи ғайриодии ҳашарот ба ивазшавии иқлим: гармои сахт ва боришоти пайваста марбут аст. Чунин шароит барои он, ки тортанакҳо афзун гарданд, мувофиқ мебошад.
Анкабути ғайриодиро сокинони маҳаллӣ пайдо карданд ва ҳамон лаҳза онро ба боғи ҳайвоноти «Australian Reptile Park» фиристоданд.
Дар боғи ҳайвоноти фавқуззикр на танҳо тортанакҳоро нигоҳ медоранд, балки аз онҳо заҳр дарёб мекунанд ва онро ҷиҳати тавлиди позаҳр босамар истифода мебаранд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ОДАТҲОИ АҶИБИ ШАХСИЯТҲОИ БУЗУРГ
Аз «суҳбат» бо қаҳрамонҳо то риоя накардан ба парҳез
Нависандаи англис Чарлз Диккенс одате дошт, ки бо қаҳрамонҳои асари эҷодме-кардааш нахуст «суҳбат» мекард. Вақте суҳбат бо қаҳрамонҳо ба дилаш занад ё гапаш бо онҳо напазад, таҳдид мекард, ки: "Дигар ягон сатр ҳам дар бораатон наменависам".
Нандор Фодор, равоншиноси ба асари «Оливер Твист» - и Диккенс сарсуханнавишта, изҳор медорад, ки маҳз хислати эҷодӣ доштани ҳамин галлютсинатсияҳо маро нигоҳ медоранд, ки ба Диккенс ташхиси бемории маҷзубият (шизофрения) нагузорам.
Инчунин, боз як табиби равоншинос соли 1858 барои фурӯ нишондани ҳаяҷони аз ҳад зиёд ба адиби машҳур парҳези хосаро тавсия дод. Вай мунтазам дар соати муайян 0,5 литр вино менӯшид.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
АЗИЗ НЕСИН: «БАРОЯМ ҲАШТ ГӮР КАНЕД!»
Адиби турк, ҳаҷвнигори оламшумул Азиз Несин ҳамеша ҳангомаи рӯзноманигорону шилқинии аксбардоронро нисбат ба шахсияти худ бад медид ва мекӯшид, ки аз моҷароҳои беҳуда дар канор бошад. Вай аз шӯру валвалаҳо мегурехт, зеро ботинан дар зери таваҷҷуҳи умум қарор доштанро намеписандид. Аз ин рӯ, васият намуд, ки баробари бо зиндагӣ падруд гуфтанаш, барояш дар қабристонҳои гуногуни Туркия 8 гӯр кобанд, то ки журналистонеро, ки аз пайи моҷарову ҳангомаҳо медаванд, дар ғафлат мононанд. Вақте ки нависандаи забардаст Несин дар синни 80 дунёро падруд гуфт, ҳукуматдорон васияташро ба ҷой оварданд. Даме, ки журналистон аз як оромгоҳ ба дигараш медавиданду гӯрҳои холиро медиданд, адиби мумтоз дар боғи фонди хайриявии худ дар наздикии шаҳри Истанбул дар муҳити ором дафн шуд.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ
10 филми тасвирии сердаромад
7. «Мани бадхӯ 2» (Despicable Me 2)
«Мани бадхӯ 2» дар байни даҳгонаи серхаридортарин филмҳои тасвирӣ дар ҷойи ҳафтум қарор дорад. «Мани бадхӯ 2» филми тасвирии компютериест, ки соли 2013 аз тарафи киностудияи Universal Pictures ба навор гирифта шудааст. Ин филми тасвирӣ дар қатори 50 филми сердаромадтарини ҷаҳон қарор дорад.
Буҷети филм 76 миллион доллари ИМА буда, маблағи ҷамъовардаи он аз намоиши ҷаҳонӣ 970 761 885 доллари ИМА - ро ташкил медиҳад.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА
ДИПЛОМИ ҒАЙРИИНТИЗОР
Стивен Спилберг, маъруфтарин коргардони кинои ИМА, аз тарафи Донишгоҳи ҷанубии Калифорния сазовори туҳфаи аҷибе гардид. Вай баъд аз хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро якчанд маротиба ба донишгоҳи мазкур месупорад, вале мутаассифона, сазовори номи донишҷӯӣ намегардад. Аммо ӯ рӯҳафтода нашуда, барои офаридани якчанд филм талош кард ва муваффақ ҳам шуд. Филмҳои аҷоиби Стивен Спилберг роҳбарияти донишгоҳро тасхир намуд ва ӯро ба дипломи донишгоҳи мазкур сазовор донистанд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
МАРАДОНА ДАР КЛИНИКА
Яке аз машҳуртарин ситораҳои футболи ҷаҳонӣ дар қарни ХХ Диего Марадонаи аргентинӣ ҳангоми табобат дар клиникаи беморони рӯҳӣ ба ҳолати аҷибе гирифтор шуд.
«Дар клиника маризон яке худро Напалеон ва дигаре Сан-Мартин мегуфтанд. Вале касе ба ман бовар намекард, ки ман Марадона ҳастам»,- мегӯяд ӯ.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.04.2020 №: 65 Мутолиа карданд: 1114