logo

иқтисод

КӮШОНИЁН ШУКУФОН МЕШАВАД

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Кӯшониён чанд иншооти муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла дар шаҳраки Исмоили Сомонӣ майдонҳои Парчам ва Нишони давлатӣ, дар деҳаи Маданияти Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол корхонаи равғантозакунӣ ва бандубасти равған, дар деҳаи Барои Ҳосилоти Ҷамоати деҳоти Заргар бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ва маркази саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дода, гуфт, ки иншооти Парчам ва Нишони давлатӣ дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо харҷи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт. Атрофи иншоот бо дарахтон ва буттаҳои ороишӣ сарсабз гардида, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
- Ба фаъолият оғоз кардани корхонаи равғантозакунӣ ва бандубасти равған натиҷаи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоме барои амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии мамлакат маҳсуб меёбад, - гуфт Носирҷон Маъмурзода.
Корхона бо харҷи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шаҳобиддин Исмоилзода дар масоҳати 0,08 гектар бунёд ёфта, дар он барои беш аз 20 нафар ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб муҳайё гардидааст. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як рӯз то 10 тонна равған буда, таҷҳизоти муосири коркарди равған мувофиқ ба навъҳо ва ҷавобгӯ ба стандартҳои муқарраршуда насб шудаанд.
Бинои дуошёнаи иловагии МТМУ №11 бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифта, барои корҳои сохтмонӣ 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст. Он дорои 10 синфхона ва дафтарҳои корӣ мебошад.
Соҳибкор Салоҳиддин Исмоилзода маркази саломатии деҳотӣ бунёд намуд, ки маблағи он беш аз 680 ҳазор сомониро ташкил дод. Марказ дорои дафтарҳои кории дандонпизишкӣ, хатна, ҳуҷраҳои момодоя, доругузаронӣ, муоинаи тиббӣ ва шуъбаи сабт буда, барои 3000 сокини деҳаи Барои Ҳосилот хизмати тиббӣ мерасонад. 
Баробари ин, мумфарш ва чароғонкунии 4,5 километр роҳи деҳаи Барои Ҳосилот аз тарафи соҳибкорон - оилаи Исмоиловҳо ва аҳолии деҳа ба маблағи 4,5 миллион сомонӣ ба анҷом расид. Аз даромадгоҳ то баромадгоҳи деҳа 640 бех ниҳоли санавбар шинонда шуд.
Тавре иттилоъ доданд, тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар ноҳия бунёду навсозии 324 иншооти муҳими таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То ин дам 161 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бовар аст, ки то соли 2021 ҳамаи иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ноҳияи Кӯшониён ва деҳоти он аз имрӯза дида ободу зебо ва шароити зиндагии сокинон хеле беҳтар мегардад.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2020    №: 66 - 67    Мутолиа карданд: 963
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед