фарҳанг
ВЭЙ. САВДОГАРЗАНЕ, КИ БА САРИ ДУНЁ ПАНДЕМИЯРО ОВАРД
Дар Чин «нахустин шарора»-еро пайдо намуданд, ки аз он дар сайёра пандемияи коронавирус аланга гирифт. Маълум шуд, ки онро дар бозори шаҳри Ухан савдогарзани маҳаллӣ бо насаби Вэй даргирондааст.
Аммо ӯ на хаффош савдо мекард, чуноне пештар мепиндоштанд, балки харчанги хурди баҳрӣ мефурӯхт. Зеро дар ин бозор танҳо маҳсулоти баҳрӣ хариду фурӯш мешуд.
Вэй дер боз дар қарибии бозор ба сар мебурд ва мизоҷони зиёд дошт. Дар куҷо ва чӣ тавр гирифтори ин марази хавфнок гашт, то ҳол маълум нест. Аммо алъон аниқ шуд, ки кай ин ҳодиса рух дод. Бино ба нақли Вэй, ӯ худро 11 декабри соли гузашта якбора бад ҳис кард: табаш баланду сулфа гулӯгираш шуд. Зукоми муқаррарӣ пиндошта, аҳамият надод.
Чун зӯр омад, ба дармонгоҳ рафт. Чанд доруи фармуда суде накард. Сӯзандору ҳам нафъе наовард. Табибони клиникаи дигар низ дар илоҷ дармонданд. Танҳо баъди як ҳафта савдогарзан ба беморхонаи «Сехэ»-и назди донишгоҳи илм ва технологияи шаҳр омад. Ин ҷо баъди ташхис коронавирусро ошкор сохтанд.
Ҳукуматдорони чинӣ муқаррар карда тавонистанд, ки «нахустбемор» дар ин муддат дар бозор 24 харидорро сироят намудааст, аз ҷумла чор узви як оиларо. Ана ҳамин тавр, дар бозори Ухан бемории Covid-19 сар зад, ки то имрӯз дар дунё қариб як миллион одам гирифтораш шудааст.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.04.2020 №: 66 - 67 Мутолиа карданд: 629