logo

сиёсат

БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ БОҒҲОИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

6 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои гулу дарахтон дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт шинос шуданд.
Зимни боздид аз боғҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳолати парваришу нигоҳубини гулҳо ва дарахтони нодири ороишӣ шинос шуда, ба масъулони муассисаҳои фароғатӣ барои тозаю озода нигоҳ доштани онҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.
Мавриди зикри хос аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат, бахусус пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ин иқдомҳои созанда даҳҳо адад боғҳои замонавии фарҳангию фароғатӣ таъсис ёфтанд, ки имрӯзҳо макони сайру тамошои шаҳрвандон гардидаанд. Аз ҷумла, боғҳои устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Куруши Кабир, Аҳмади Дониш, Алишер Навоӣ, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, "Ҷавонон", Наврӯзгоҳ, Хайём ва Восеъ бо ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат таъсис ёфта, боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, «Ирам», кӯли «Ҷавонон», боғи «Кӯдакон», «Ғалаба», гулгашти назди бинои Иттифоқи нависандагон ва дигар хиёбонҳо баъди азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Чанд рӯз пеш дар саросари мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” ҷамъбаст гардид ва беҳтаринҳо аз рӯи бахши беҳтарин гулгашт, беҳтарин боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва беҳтарин композитсияи гулҳо муайян гардиданд.
Дар самти беҳтарин композитсияи гулҳо барои саҳми арзанда дар ободонию хуррамгардонии пойтахт боғи Аҳмади Дониш бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сазовор гашт. Барои назаррабо кардани боғ аз ҷониби кормандони ин муассиса қариб як миллион дона гули лола шинонда шуд. Фаввораҳо, роҳравҳои гулпӯш, чароғҳои ранга, нишастгоҳҳо, дарахтони нодири ба саломатии инсон фоидаовар аз ороишоти асосии боғи Аҳмади Дониш ба ҳисоб мераванд. Боғи мазкур бо ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Аҳмади Дониш номгузорӣ шуда, соли 2018 бо иштироки Президенти мамлакат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Боғ дар майдони қариб 3 гектар бо саҳми Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” сохта шуд. Моҳи ноябри соли 2017 Сарвари давлат бо раванди бунёди боғ шинос шуда буданд.
Корҳои вобаста ба сарсабзу хуррамгардонии боғи Аҳмади Дониш дар асоси тарҳи хос бо як завқи баланд амалӣ гардида, дар ин ҷо бо ҳидояти Пешвои миллат наздики 1000 бех дарахти нодири сояафкану ороишӣ, ки бештари онро аз хориҷи кишвар овардаанд, шинонда шудааст.
Дар озмуни “Сайри гули лола” дар бахши беҳтарин композитсияи гулҳо боғи устод Рӯдакӣ ҷойи дуюм ва боғи Куруши Кабир ҷойи сеюмро ишғол карданд.
Имрӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои гулҳо дар боғи Куруши Кабир шинос шуда, ба роҳбарияти Агентии давлатии захираҳои моддӣ, ки муассиси ин боғ мебошанд, барои минбаъд ҳам тозаю озода нигоҳ доштан ва баҳри шаҳрвандон муҳайё сохтани имкони мусоиди истироҳату фароғат дастуру маслиҳатҳо доданд.
Ёдовар мешавем, ки 21 январи соли 2018 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ дар як қатор иншооти пойтахт ба роҳбарияти Агентии захираҳои моддии давлатӣ барои пурра азнавсозӣ кардани боғи атрофи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дастуру ҳидоятҳо дода буданд.
Дар асоси супориши Пешвои миллат дар ин ҷо майдони футболи хурд, корти теннис, майдончаҳои дигари варзишӣ, аз қабили тенниси рӯйи миз, нишастгоҳҳои бо нақшу нигори миллӣ ороёфта сохта шуданд. Боғ баъди азнавсозӣ бо тарҳи хеле зебову муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Масоҳати боғи Куруши Кабир наздики 5 гектарро ташкил медиҳад. Барои нигоҳубини боғ ва хизматрасонӣ 40 нафар бо ҷои кор таъмин шуд. Дар рафти азнавсозии боғ 150 нафар сокини маҳаллӣ ба корҳои сохтмониву васлкунӣ ҷалб гашт. Тадбири азнавсозии боғ ҷиҳати ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардондани симои пойтахти кишвар ба роҳ монда шуд. Дар ин мавсим аз ҷониби кормандони боғ 552 ҳазор адад 26 намуди гули лола шинонда шуд, ки хеле назаррабо аст.
Дар  озмуни  “Сайри  гули  лола”  дар самти беҳтарин боғҳои фарҳангию фароғатӣ Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ” ва  Муассисаи  давлатии илмии “Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон” - и Муассисаи давлатии “Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гардиданд.
Дар боғи «Ирам» низ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо гулҳои ороишёфтаи боғ шинос шуданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчии барномаи базми гули лола гаштанд, ки он аз ҷониби кормандони идораи барномаҳои фарҳангию фароғатии телевизиони Тоҷикистон дар як мавзеи зебои боғи «Ирам» сабт мегардид.
Ҷавонон, иштирокчиёни барнома донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар ҳузури Пешвои маҳбуб дар васфи лола ва зебоиҳои табиати диёр шеърҳо хонданд.
Сарвари давлат зимни суҳбат ба ҷавонон барои донишомӯзӣ, аз худ кардани илмҳои замони муосир ва забономӯзӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.
Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки ҳамаи талошҳои Ҳукумати кишвар барои таъмини зиндагии шоиста баҳри шаҳрвандон, бахусус ҷавонони ояндасоз ва ватандӯст, равона карда мешавад. Ҷавонон дар навбати худ ба Пешвои хирадманду инсондӯст изҳори сипос карданд.
Имрӯз, ҳамчунин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо вазъи боғи Наврӯзгоҳ шинос шуданд. Кормандони муассисаи давлатии Наврӯзгоҳ 357 ҳазор гули лолаи ҳарранга, дарахтони олу, гелос, магнолия шинондаанд, ки нашъунамои хуб доранд.
Ёдовар мешавем, ки боғи Наврӯзгоҳ 19 марти соли 2014 аз тарафи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Боғи Наврӯзгоҳ дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳи пойтахт қарор гирифта, дар баробари боғи устод Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон ба маркази шаҳри Душанбе ҳусну намои тоза зам кардааст.
Дарахтони зебою нодири боҳашамати ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳое, ки аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар ба ин ҷо оварда шинонда шудаанд, аз ороишоти асосии ин боғи биҳиштосо ба шумор мераванд. Аз ороишоти асосии дигари боғи навбунёди Наврӯзгоҳ шаршараи боҳашамат ва фаввораҳои назди он аст, ки бо пахши тугма аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуданд.
Дар маҷмӯъ, боғи Наврӯзгоҳ як макони зебою дилоро барои сайру тамошо ва истироҳату фароғат аст, ки ба сокинону меҳмонони соҳибзавқи пойтахт пешкаш гардидааст. Месазад таъкид намуд, ки аксари кулли ороишу зебоиҳои боғи Наврӯзгоҳ маҳсули ғояҳои ободонию созандагӣ, зебоидӯстӣ ва салиқаи баланди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо ҳолати нашъунамои гулҳо ва дарахтон дар боғҳои пойтахт ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатӣ ҷиҳати боз ҳам зебо гардондани кӯчаю хиёбонҳо, марказҳои фароғатӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳо доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.04.2020    №: 68 - 69    Мутолиа карданд: 802
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед