сиёсат
ҚАДАМҲОИ ФАЙЗРЕЗ. ДАР ҲОШИЯИ ТАШРИФИ МУБОРАКИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ 22 - 27 март ба вилояти Суғд ташриф оварда, ҳамзамон, чандин иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Чун ҳамеша ин сафари кории Сарвари давлат низ пур аз файз, дилбардориву рӯҳнавозии аҳолӣ ва ҳидоят ба корҳои созандагию ободонӣ буд ва мардуми вилоятро, воқеан ҳам, илҳоми тоза бахшид.
Пешвои муаззами миллатро сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғд самимона, бо дилу чеҳраҳои кушод ва оғӯши гарм пазироӣ карданд. Баргузории ҷашни бошукӯҳ ва манзалати тантанаҳои наврӯзӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистон ватани Наврӯз асту мардуми тоҷик ин ҷашни суннатиро пос медоранд.
Иншооте, ки дар шаҳру навоҳии Бӯстон, Гулистон, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен бо ширкати Пешвои миллат мавриди истифода қарор гирифтанд, ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд ва бо технологияи пешқадами ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз шуда, маҳсулоти онҳо дар бозори истеъмолӣ талабгорони худро дорад. Инчунин, боғҳои нави суперинтесивию гармхонаҳои муосири дар заминаи гидропоника бунёдшуда шароит фароҳам меоваранд, ки дар муддати хеле кӯтоҳ содироти хуби ҳосили онҳоро ба роҳ монанд. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар дар ин боғҳои суперинтенсивӣ дар сатҳи баланд буда, дар гармхонаҳо то 160 - 180 тоннаро ташкил медиҳад. Президенти мамлакат бо як ғамхории падарона соҳибкорони маҳаллиро барои иқдомҳои созандаашон баҳри пешравии Ватан сипосгузорӣ карда, онҳоро ба иқдомҳои бузургтари созандагию ободонӣ ҳидоят намуданд.
Яке аз дастурҳои муҳими Сарвари давлат ба вазорату идораҳои мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру навоҳии он бунёди корхонаҳое мебошад, ки маҳсулоти содиротию воридотиивазкунанда истеҳсол мекунанд. Чанд сол боз ба шарофати ба кор даромадани корхонаҳои бузурги истеҳсоли семент дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва шаҳри Исфара содироти сементи вилоят ба кишварҳои дуру наздик афзоиш ёфтааст. Ин бор Сардори давлат дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти корхонаҳои тавлиди лӯлаҳои асбестӣ ва шифер ҳусни оғоз бахшиданд, ки боз қадаме ба пеш аст. Воқеан, ҳоло сокинони вилояти Суғд ҳамаи намудҳои масолеҳи сохтмониро аз истеҳсолкунандагони ватанӣ дастрас менамоянд.
Дар ҳудуди шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” – Гулистон бо ҳузури Пешвои миллат корхонаҳои парвариши чӯҷаю истеҳсоли гӯшт, коғазбарорӣ ва осоишхонаи замонавии “Суғдиён” ба истифода дода шуданд.
Сарвари давлат дар навоҳии Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен чандин иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва боғҳои нави суперинтенсивиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки ҳадаф аз ҳамаи онҳо рушди иқтисодии кишвар ва ба ин васила боло бардоштани сатҳу сифати рӯзгори мардуми ҷумҳурӣ мебошад. Чун ҳамеша дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” (шаҳри Хуҷанд) ҷиҳати истиқболи сазовори Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовези муносиб омода намуданд. Дар ин ҷо Президенти кишвар корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада оид ба коркарди асалро ба истифода дода, ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ дар МОИ “Суғд” дастурҳо доданд.
Давоми шаш рӯзи сафари корӣ сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Сарвари маҳбуби худро басо самимона истиқбол гирифта, аз дастовардҳояшон сухан гуфтаву самари такопӯю талошҳояшонро дар мисоли мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаю коргоҳҳои нав, боғҳо, кӯдакистону мактабҳои замонавӣ ва иншооти дигари ҷашнӣ пешкаш карданд.
Муҳимтар аз ҳама, сокинони Суғд аз вохӯрӣ, суҳбатҳои самимона ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзҳои баҳори нозанин як ҷаҳон илҳоми тоза гирифтанд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.04.2020 №: 70 Мутолиа карданд: 833