logo

фарҳанг

ЧӢ КИТОБҲОЕРО БОЯД ХОНД? ЧӢ ТАВР?

Ин пурсишҳо посухҳои дурусту саривақтиро бо роҳу василаҳои ташвиқу тарғиб хоҳонанд. Ба яқин, ҷавобҳо дар ҳар давру замон ва асрҳо тағйир меёбанд, агарчи саволҳо дар ҳамон шакл мемонанд. Яъне посухҳои пешиниёнро набояд тӯтивор такрор бикунему аз як чорчӯбаи маъмулӣ берун наоем. Махсусан, дар асри навин вобаста ба шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти технологияҳои иттилоотӣ ба ин масъалаву мушкилот аз дигар дарича бояд бинигарем.

Дуруст аст, ки китоб аниси кунҷи танҳоӣ мебошад. Вале танҳо аниси кунҷи танҳоӣ? Ҳолиё бо арзи зиёди воситаҳои ахбори омма, хосса радиову телевизион, филмҳои мустанаду бадеӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ камтар касон эҳсоси танҳоӣ мекунанд. Бар замми ин машғулиятҳои зиёд, гирифториҳои беандозаи рӯзгор намегузоранд, ки аз танҳоӣ ранҷ бикашем.
Мутолиаи китоб бояд мисли хӯрдани ғизо як амали ногузиру зарурӣ бошад. Ҳар нафар бояд дарёбад, ки тавре ҷисм ба ғизо ниёз дорад, рӯҳ низ ба мутолиа эҳтиёҷманд аст.
То замони ҷанги шаҳрвандӣ хондани китобҳои гуногун: чи илмӣ, чи бадеӣ як амали муқаррарӣ маҳсуб мешуд. Ҳар нафаре, ки як китоби хубро дастрас менамуду мехонд, мутолиаи онро ба наздикон тавсия медоду тарғиб мекард. Ин ба он хотир буд, ки мутахассисони соҳа, омӯзгорон, адибон, кормандони нашриёт, воситаҳои ахбори омма ҳамеша ва пайваста ба пурсишҳои фавқуззикр посух меҷустанду посух медоданд. Баъдҳо ин масъала фаромӯш шуд. Аз ин рӯ, теъдоди нашри китобҳо ба чандин маротиба кам гардид, бо ин ки номгӯи асарҳо афзуд. Пайдо кардани китоби хубу хонданӣ мушкил гардид. Завқ паст шуду сатҳи маърифат боло нарафт. Ин як баҳона аксарро аз хиҷолат гӯё мераҳонд, ки китобҳоро ба василаи шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас мекунанд.
Бо дастури Сарвари давлат аз соли 2007 то соли 2019 38 ҷилди «Ахтарони адаб» бо теъдоди 190 ҳазор нусха ба табъ расидааст, аммо қисми зиёди онҳо ба фурӯш нарафтанд. Дар муддати 12 сол омода ва нашр намудани 38 ҷилд ҷавобгӯи талабот нест. Ба даҳ сол се китобӣ ва ду соли дигар чоркитобӣ рост меояд. Теъдод ҳам дар қиёси солҳои пешин зиёд нест: ҳар ҷилд 5 ҳазор нусхагӣ ба табъ расидааст. Барои миллати фарҳангиву китобхону китобдӯстдор айб аст, ки қисми зиёди ин асарҳо ба фурӯш нарафта, дар анборҳои нашриёт боқӣ мондаанд. Ин масъала, яъне харидорӣ ва мутолиаи китоб, бояд мавриди пажӯҳиш ва таҳлилу таҳқиқ бигардад.
Бо пешниҳоди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» анъанаи пешинаи китобдориву китобхониро эҳё намуд. Инчунин, зимни ироаи Паёми навбатӣ дастур доданд, ки чопи китобҳои бадеиро зиёд намоянд. Ҳамзамон, дар як сол барои калонсолону хонандагон мутолиаи ҳатмии панҷ китоби бадеиро ба роҳ монанд, иҷрои қатъии онро зери назорат бигиранд. Ҳамин гуна як дастур бо таъсиси китобхонаҳо дар ташкилоту муассисаҳо ва идораҳо сабаб гардид. Акнун ба дастури Пешвои миллат барои харидории китобҳои тозанашр маблағ ҷудо карда мешавад. Яъне имкони зиёд барои ҷалби мардум ба китобхонӣ вуҷуд дорад. Мо, хосса аҳли зиё, дар ин росто набояд танҳо интизори пешниҳодҳои Сарвари давлат бошем. Зарур аст, ки рисолатамонро дар ҳар давру замон вобаста ба талабот содиқона иҷро бикунем. Ба дур шудани аҳли ҷомеа аз китобу китобхонӣ, пеш аз ҳама, мо гунаҳгорем.
Акнун боз интизорем, ки ба пурсишҳои «Чӣ китобҳоро хонд? Ва чӣ тавр?» Пешвои миллат посух бидиҳанд? Не, масъулиятро, махсусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки ба василаҳои гуногун унсурҳои бегона ба кишвар роҳ ва амалҳои «мағзшӯӣ» ривоҷ меёбанд, бояд бо эҳсоси хавфу хатар бештар эҳсос бинамоем. Ҷойи таассуф аст, ки аксар китобҳои таълифу нашргардидаи муаллифони муосиру пешиниёни кишвар низ ҳолиё ҷавобгӯи талабот нестанд. Барои кӯдакону насли наврас ангуштшумор чанд китобро барои мутолиа пешниҳод карда метавонему халос.
Ин ақида, ба яқин, нодуруст мебошад, ки агар хонаҳо ва рафъҳоро пур аз китоб бикунем, фарзандонамон ба мутолиаи асарҳо шавқу рағбат пайдо менамоянд. Не. Ҳаргиз чунин нест. Таҷрибаи зиндагӣ ин ҳақиқатро борҳову борҳо собит сохтааст.
Тавсияҳои дурусти мо дар асри навин бо пешрафтҳои бузургаш бояд зиёд бошад, ки чӣ китобҳоро хонд ва чӣ тавр. Пеш аз тавсия, албатта, як бор бо тамоми масъулияти шаҳрвандиву инсонӣ аз худ бипурсем, ки дар ҳақиқат, мо худ барои ҷавоб гуфтан ба ин пурсишҳо омодаем ва ё омодагӣ гирифта истодаем.
Мутаассифона, маҳол аст, ки посухҳоям дар ин маврид мусбат бошанд. Агар ин ҳақиқатро медонему ҷавонмардона эътироф мекунем, пас чаро дар канор бо фориғболӣ менишинем. Охир, китобхонӣ танҳо василаи фароғат нест, балки барои боло бурдани сатҳи маърифати мардум, шинохту нигоҳ доштани давлату миллат, арзишҳои миллӣ, неъматҳои истиқлол, ваҳдат ва ба пешрафт ноил намудани кишвар мебошад.

Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2020    №: 70    Мутолиа карданд: 783
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед