сиёсат
ПАЁМ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ДУРАХШОНТАР МЕШАВАД
Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ маҷмӯи масъалаҳоеро дар худ инъикос намуд, ки татбиқи самарноки ҳар банди он роҳи тараққиёти кишвар, зиндагии боз ҳам шоистатари мардумро ҳамвор карда, дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатиро афзунтар хоҳад кард.
Тавре маълум аст, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳаллу фасли тадриҷии масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ нисбат ба ятимон, маъюбон, нафақахӯрону пиронсолон ва дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат, яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ эътироф гардид. Ҳоло дар ин замина, давлат тамоми чораҳоро меандешад, то ки ин гурӯҳи осебпазири аҳолӣ худро бе пушту паноҳ ва бе ҳифзу ҳимоя эҳсос накунанд. Ин қишри ҷомеа бо тамоми вуҷуд эҳсос менамоянд, ки Пешвои муаззами миллат онҳоро ҳаргиз танҳо нахоҳанд гузошт. Ин суханони ҷонбахшу рӯҳбаландкунандаи Сарвари кишвар ба ҳар як ятим эътимод мебахшад: “Ман ҳеҷ вақт, ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам. Меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақил гусел менамоям”.
Қобили зикр аст, ки маҳз ба шарофати ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи мо сафи ашхосе, ки рӯ ба эҳсонкорӣ меоранд, зиёд мегардад. Ва ҳамин аст, ки тавассути телевизиону матбуоти даврӣ мо ҳар рӯз аз кори савоби ин ё он шахси хайрхоҳу саховатпеша огоҳ мешавем. Яке пул месозад, дигаре мактаб, севумӣ ба маъюбон дасти мадад дароз мекунаду чорумӣ пули сафари ҳаҷашро сарфи ободии зодгоҳаш менамояд.
Бинобар ин, дар оила бояд ба ин масъала аз ҷониби калонсолон ва волидон диққати махсус дода шавад. Кӯдак бояд аз хурдсолӣ донад, ки дасти ёрӣ дароз кардан ба ниёзмандон ин ҳимматбаландӣ ва хислати неки инсонӣ мебошад. Фазилатҳои неки дилсӯзӣ, ғамхорӣ, тараҳҳум ба ниёзмандон, ҳамчун як қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи тарбияи фарзанд бояд талқин карда шаванд. Волидон ин хислатҳои некро дар рафтору кирдори ҳамарӯзаи худ нисбат ба ниёзмандон дар амал нишон диҳанд.
Имрӯз шоҳидем, ки дар деҳот, бунёди марказҳои саломатӣ, таваллудхонаҳо, кӯдакистонҳо, мактабҳо ва китобхонаҳо идома дорад, ки он барои баланд бардоштани мавқеи иҷтимоию иқтисодӣ, тарбияи арзандаи насли оянда аҳамияти калон дорад. Агар ба заминаҳои ҳамгуна бунёдкориҳо назар андозем, маълум мегардад, ки аксари ташаббусҳои созандагӣ аз паёмҳои Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ сарчашма мегиранд. Дар Паёми навбатӣ низ вазифагузориҳо тамоми бахшҳои ҷомеаро фаро гирифта, моро ба сӯи фардои дурахшон ҳидоят месозанд.
Бинобар ин, мо муваззафем, ки дар партави Паёми Пешвои миллат уҳдадориҳои вазифавиву шаҳрвандии худро иҷро намуда, новобаста аз касбу кор дар робита ба нишондодҳои Сарвари давлат дар таҳкими пояҳои ҷомеаи солиму бомаърифат саҳмгузор бошем. Насли ҷавонро дар рӯҳияи ваҳдату ягонагӣ, фановариҳои тоза, забондонӣ, малакаву кордонӣ, ватандӯстиву ифтихори миллӣ, баланд бардоштани неруи кадрӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намуда, бо дастовардҳои шоёну беназир ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равем.
Хуршед МАҲМАДЗОДА,
муовини раиси суди ноҳияи Сино,
Раҳмиддин РАҲИМЗОДА,
судяи суди ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.04.2020 №: 70 Мутолиа карданд: 815