иқтисод
"СУҒД - 2020". ЯРМАРКАИ VII БАЙНАЛМИЛАЛӢ
10 - 11 июли соли равон дар муассисаи давлатии «Қасри варзиш» - и маркази маъмурии вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VII байналмилалии савдои «Суғд - 2020» баргузор мегардад.
Дар ярмарка иштироки намояндагони доираҳои тиҷоратӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиё, Аврупо дар назар буда, соҳибкорону ҳунармандон аз тамоми минтақаҳои кишвар ширкат менамоянд.
Ҳадаф аз баргузории ярмарка дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманди соҳибкорони ватанӣ бо ҳамтоёни худ аз давлатҳои хориҷи дуру наздик ва ҷалби сармоягузорию воридоти технологияҳои муосир мебошад.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба «Ҷумҳурият» хабар доданд дар доираи ярмарка, инчунин, ташкили форуми тиҷоратию сармоя, озмуни «Маҳсулоти беҳтарин», муаррифии иқтидорҳои иқтисодӣ ва нақша - бизнесҳои соҳибкорони ҷавони Суғд, вохӯриву суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва ба имзо расондани шартномаҳо дар назар аст.
Тадбири соҳибкорӣ дар муддати кӯтоҳ аз чорабинии минтақавӣ ба намоишгоҳи байналмилалӣ табдил ёфта, танҳо соли сипаришуда дар доираи Ярмаркаи VI байналмилалии савдои «Суғд - 2019» 45 созишнома ва ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар намоишгоҳ ғайр аз соҳибкорону ширкатҳои ватанӣ намояндагони доираҳои тиҷоратии беш аз 15 давлат ва ташкилотҳои бонуфузи молиявию тиҷоратии байналмилалӣ иштирок доштанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи намоиш сол ба сол баланд мешавад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.04.2020 №: 70 Мутолиа карданд: 872