logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

БАХШИДА БА РӮЗИ КАЙҲОННАВАРДОН
1. Кайҳоннавард аз Россия.
2. Кайҳоннавард аз ИМА.
3. Кайҳоннавард аз Нидерландия.
4. Кайҳоннавард аз Арабистони Саудӣ.
5. Кайҳоннавард аз Ҷопон.
6. Кайҳоннавард аз Мексика.
7. Кайҳоннавард аз Британияи Кабир.
8. Кайҳоннавард аз Дания.
9. Кайҳоннавард аз Олмон.
10. Кайҳоннавард аз Куба.
11. Кайҳоннавард аз Ҳиндустон.
12. Кайҳоннавард аз Франсия.
13. Кайҳоннавард аз Канада.
14. Кайҳоннавард аз Украина.
Таҳияи Суруш ҒАФУРОВ, сокини ноҳияи Айнӣ

ҶАВОБ БА “САВОЛҲО БАРОИ ҲОЗИРҶАВОБОН” АЗ 3 АПРЕЛИ СОЛИ 2020
1. Як нафар себро бо халтааш мегирад.
2. Офтобтарозу.
3. Духтарҳо сегоник мебошанд, яъне бо духтари ё писари дигар ба дунё омадаанд.
4. Ашагулон.
5. Дарёи “Д”.

ҲАМИДЗОДА ЗЕБУНИСО - ҒОЛИБИ НАВБАТИИ РУБРИКА
Рубрикаи  навбатии «ИНТЕЛЛЕКТ +» - и саҳифаи «Шоми шанбе»   ҷамъбаст гардид. Ҳамарӯза аз тамоми гӯшаву канори кишвар нафарони зиёде бо мо тамос гирифта, ҷавобҳои худро пешниҳод менамуданд. Тибқи хулосаи ҳакамон миёни ширкаткунандагон  Ҳамидзода Зебунисо донишҷӯи курси 3-юми Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ғолиб дониста шуд. Ҳамзамон, барои пешниҳоди муаммову чайнвордҳо Суруш Ғафуров, аз ноҳияи Айнӣ баранда эълон гардид.
Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки дар пешниҳоди ҷавобҳо Ҷурабеки Мумин, Собир Розиқов ва Саид Каримов аз ноҳияи Файзобод, Ашк Юсуфӣ аз шаҳри Левакант, Қобилҷон Одинаев, Муинҷон Холиқов, Саидқул Саидов, Фаёз Нуров, Абдурозиқ Нурзода ва Зарафшон Олимов  аз ноҳияи Айнӣ, Шукрона Ҳуҷамқулова ва Одина Давлатов аз шаҳри Душанбе, Займуддин Бадриддинов аз ноҳияи Рашт, Ҳизбулло Ашуров аз шаҳри Исфара ва Судоба Холиқмуродзода аз ноҳияи Восеъ низ ширкати фаъол доштанд.

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


COVID – 19. ИН ҲАМ МЕГУЗАРАД...
Аз оғози қарни ХХ инсоният чандин пандемияро аз сар гузарондааст. Аз ҳама сахттарини он зуком буд, ки солҳои 1918 – 1920 паҳн гардида, бештар аз 20 миллион нафарро дучори марг намуд. Зукоми «Испанӣ» дар натиҷаи вируси H1N1 ба вуҷуд омад. Аз он аз 20 то 40 дарсади аҳолии рӯи Замин зарар дид. Пандемия Испания, Швейтсария, Португалия, Сербия, Юнон, Англия, Олмон, Дания, кишварҳои Скандинавия, Африқои Шимолӣ ва дигар давлатҳоро фаро гирифта буд.
Ҳангоми пандемияи соли 1957 («Зукоми осиёӣ») ва соли 1968 («Зукоми ҳонконгӣ») бештар аз 1,5 миллион одам фавтид ва зарари иқтисодӣ қариб 32 миллиард долларро ташкил дод.
Солҳои 2002 – 2003 дар бархе аз кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ пневмонияи атипич паҳн гардид, ки хисороти ҷонию молии зиёдро дар бар дошт.
Моҳи апрели соли 2009 ҳолати ба вируси нав H1N1 (зукоми хук) гирифтор шудани одамон ба қайд гирифта шуд. Аз ин зуком беш аз 2600 нафар фавтид.
Охири декабри соли 2019 ҳукуматдорони чинӣ аз пайдоиши пневмонияи сохташ номаълум дар шаҳри Ухан хабар доданд.
11 марти соли 2020 Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ пандемияи нави коронавирусро эълом намуд.
Алҳол ин беморӣ дар бештар аз 200 кишвари дунё ба қайд гирифта шудааст.
Мақсад: боэътимод бояд донем, ки инсонҳо таҷрибаи «ғолибият» бар вирусҳоро доранд, рӯҳафтода набошем, зиндагӣ давом хоҳад дошт. Танҳо аз эҳтиёт кор гирем. Боқӣ ҳамааш хуб мешавад!!!
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Қаҳтӣ сар шуда буд, падарам аз тарси он моро ба Тошканди дур кӯчонда мебурд. Хушксолӣ киштҳои деҳқононро нобуд кард. Аз ғӯзаи дар Дӯлона коштаи мо фақат ду ҷувол кӯрак рӯиду халос. Падарам ин кӯракҳоро бо як ҷувол зардолуи дар боғ хушконидаамон ба амакам дод ва боз ваъда кард, ки дертар аз Тошканд пул мефиристонад.
* * *
Ҳамеша дар вафоят пойдорам, як табассум кун,
Ба аҳди хеш доим устуворам, як табассум кун.
Дили шоир талотумгоҳи эҳсос аст, медонӣ,
Агар хоҳӣ, ки хомӯшаш надорам, як табассум кун.

ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» АЗ 2 АПРЕЛИ СОЛИ 2020
Латофат Кенҷаева
Ҳабиб Юсуфӣ

ҒОЛИБ - Шодӣ Раҷабзод
Дар рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» - и саҳифаи «Шоми шанбе» алоқамандони каломи бадеъ ва дӯстдорони асарҳои мансур аз саросари кишвар ширкат варзида, дар пешниҳоди ҷавобҳо Хадича Каримбоева аз шаҳри Хуҷанд, Ашк Юсуфӣ аз шаҳри Левакант, Бобоҷони Нурзод аз ноҳияи Айнӣ, Умедҷон Юнусалиев аз ноҳияи Ашт, Мавзунахон Убайдуллоева, Зебунисо Ҳамидзода, Хайринисо Ҷонмардова ва Ситора Каримова аз шаҳри Душанбе, Субҳон Ёдгорӣ ва  Гавҳар Ҳамроева аз шаҳри Исфара, Маҳваш Муминзода аз ноҳияи Файзобод, Аҳлиддин Бобоҷон аз шаҳри Истаравшан, Хайринисо Қодирова аз шаҳри Бохтар фаъол буданд.
Ин навбат тибқи хулосаи доварон ғолибият насиби Шодӣ Раҷабзод, сокини ноҳияи Рӯдакӣ гардид.
«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои сайқал ёфтани малакаи зеҳнии Шумо таҳия шуда, аз Шумо ва барои шумост. Дар он ширкат варзида, донишу ҷаҳонбинии худро бисанҷед. 

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Масъули  рубрика  Зулола  БОБОРАҶАБОВА


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ЭЙНШТЕЙН
Дар назария ҳама чиз маълум аст, вале ягон чиз кор намекунад, дар амалия баръакс, ҳама чиз кор мекунад, вале касе сабабашро намедонад. Барои ҳамин мо - олимон доимо назарияро бо амалия омезиш медиҳем. Яъне ҳеҷ чиз кор намекунад ва касе намедонад, ки барои чӣ.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ДОДРАС ХУДРО СУД КАРД
МУРОФИАЕ, КИ ДАР ТАҶРИБАИ СУДӢ СОБИҚА НАДОРАД
Соли 1874 дар Канада мурофиаи судие доир шуд, ки дар таҷрибаи судҳо назир надорад. Судя Франсис Эванс Корниш дар мурофиа алайҳи худаш ҳукми айбдоркунӣ эълон кард. Вай ҳукмро бар он асоснок кард, ки ҳамчун намояндаи додрасӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ сархуш ҳозир шудааст. Корниш ин амалро дар симои намояндаи мақомоти судӣ номуносиб дониста, айбро эътироф ва қарор кард, ки судя барои чунин ҷурм 5 доллари амрикоӣ ҷарима супорад. Баъд аз супурдани ҷарима, қарори худро бо он асос, ки судшаванда қаблан рафтори намунавӣ дошт, бекор кард.
Аз русӣ тарҷумаи Наргис РОЗИҚОВА


100 ФАКТИ ТАЪРИХӢ
- Дар замони салтанати Пётри I дар роҳи мубориза бар зидди майпарастӣ аз усулҳои аҷиб кор мегирифтанд. Масалан, майзадаро бо медали махсуси тахмин ҳафткилограмма «сарфароз» карда, маҷбур месохтанд, ки онро дар гардан овехта, доим бо худ гардонад.

- Аз моҳи ноябри соли 1941 дар Иттиҳоди шӯравӣ андоз барои бефарзандӣ амал менамуд, ки 6 дарсади даромади умумиро ташкил медод.
 
- Пас аз марги Президент Хаим Взейманн соли 1952, сарвазири Изроил Давид Бен - Гурион вазифаи сарвари давлатро ба физики машҳур Алберт Эйнштейн пешниҳод кард. Аммо Эйнштейн надоштани таҷрибаро дар корҳои маъмурӣ далел оварда, аз пешниҳод даст кашид.

- Дар ҷанги шаҳрвандии Амрико солҳои 1861 - 1865 дар таърихи тибби ҳарбӣ духтурон аввалин бор аз морфин (ҷавҳари тарёк) ҳамчун доруи сабуккунандаи ҷароҳатҳои вазнин истифода бурданд, ки оқибатҳои манфӣ низ дошт.
Аз русӣ тарҷумаи М. СӮФИЗОДА


9 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ҶАРИМА БАРОИ ТУҲМАТ
Ин қазия барои як шабакаи супермаркетҳои амрикоӣ, ки ба тиҷорати  парда ҳам даст дошт, хеле гарон афтод. Моҷароро як корманди мағоза аланга зад ва ду бонуи хонашин аз Алабама - Дебора Камерон ва Соня Пэрдюро ба пардадуздӣ муттаҳам кард. Воқеият ин буд, ки онҳо пардаҳои қаблан харидаашонро маъқул накарда, бозпас оварданд ва ба ин туҳмат гирифтор шуданд.
Ҳарчанд қазия ба додгоҳ рафт ва дурӯғи фурӯшанда собит шуд, вале кор бо ҳамин анҷом наёфт ва суд барои поймол гардидани шарафи бонувон аз супермаркет ба фоидаи онҳо 9 миллион доллар ситонд.
Таҳияи Қ. МАДАЛИЗОДА


ДИҚҚАТ: РУБРИКАИ НАВ!
БУЗУРГТАРИН ХАТОҲОИ ТАЪРИХӢ
Мегӯянд, ки бо мурури замон таърих такрор мешавад ва ҳамаи он қаҳрамониву дастовардҳое, ки дорад, барои мо низ ҳамчун намунаи ибрат хизмат мекунанд. Ана барои ҳамин таърихро бояд омӯхт, зеро он моро ба сӯи тамаддун ҳидоят менамояд… Вале саҳифаҳои таърих аз хатоҳои мудҳиш низ холӣ нестанд, хатоҳое, ки баъзан ҳатто фалокатбор будаанд. Бо истифода аз нуфузи «Шоми шанбе» интихобан чанде аз чунин иштибоҳотро манзуратон менамоем, ба умеди он ки инсоният огоҳ бошад ва аз такрораш худдорӣ варзад.
1.  Иштибоҳи нидерландиҳо, ки Австралияро 100 сол пештар аз бритониҳо кашф карданд, вале онро як биёбони  бесамар пиндоштанд.
2. Андешаи Наполеон, ки бовар дошт Россияро дар зимистон забт мекунад.
3. Мавҷуд набудани теъдоди зарурии қаиқҳои наҷотдиҳӣ дар "Титаник" ба далели он ки гӯё ин киштӣ ғарқнашаванда аст.
4. Зудбоварии ҳокими инкҳои бузург Атауалпа: вақте ӯ барои мулоқот бо роҳбари ғосибон Франсиско Писсаро розӣ шуд,  200 савораи испанӣ якбора аз камин баромада, дар як мижа задан 80 000 ҷангии инкро сар бурид.
5. Ҳарчанд то ҳол гунаҳгори асосиро маълум накардаанд, вале сӯзондани китобхонаи Александрия аз бузургтарин бохтҳои дониш дар таърих маҳсуб меёбад.
Таҳияи Самад РАҲМОНЗОДА


10 МАМНӮЪГОҲИ КАЛОНТАРИНИ ОЛАМ
Дар олам беш аз 500 мамнӯъгоҳ мавҷуд аст, ки масоҳати умумии онҳо 10 дарсади тамоми хушкии сатҳи заминро ташкил медиҳад. Онҳоро барои ҳифзи гуногунии биологӣ ва олами набототу ҳайвонот ташкил мекунанд. Ин навбат тасмим гирифтем, ки  барои алоқамандони саҳифаи "Шоми шанбе" дар бораи 10 мамнӯъгоҳи калонтарини олам маълумот пешниҳод намоем.

1. Папаханаумокуакеа
Он калонтарин мамнӯъгоҳи олам аз ҷиҳати масоҳат ба ҳисоб рафта, 15 июни соли 2006 ташкил гардида, 1,5 миллион километри квадратӣ масоҳат дорад. Папаханаумокуакеа дар ҷазираҳои Гавай дар уқёнуси Ором воқеъ мебошад. Дар мамнӯъгоҳ зиёда аз 7000 намуди гуногуни ҳайвон зиндагӣ мекунад. Дар ҷазираҳо 4 намуди парандае, ки дар дигар минтақаҳои олам дида намешавад, умр ба сар мебарад.
Ин мамнӯъгоҳ ба рӯйхати мероси ЮНЕСКО ворид шудааст.
Таҳияи Комрон САФАР


ИШТИҲО
Айни иштиҳои Луи Пастер, ки дар тарабхона фароғат дошт, ношиносе наздик омада, чизе мепурсад. Пастер бе он ки аҳамият диҳад, ҳатто лаб во намекунад. Вақте ба чанд саволи дигар ҳам сар аз табақ намебардорад, ношиноси якрав ҳам пас наомада, мегӯяд:
- Ба фикрам шумо ягон мусибат доред?
Пастер бо нишонаи тасдиқ сар меҷунбонад.
- Аз афташ мусибати калон. Шояд касе аз наздиконатон фавтидааст? Пастер боз бо ишораи сар тасдиқ мекунад.
- Аниқтар гӯед, кӣ мурдааст: бародар ё хоҳар ё кадоме аз волидайнатон? Пофишорӣ мекунад «ошно» - и хира.
Пастер ҳам сабрро аз даст медиҳад, ки якбора аз ҷой хеста, дод мезанад:
- Гӯш кун ҷаноб, вақте ман хӯрок мехӯрам, бароям ягон одами зинда вуҷуд надорад, ҳама дар ҳисоби мурдаҳоянд.
 Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


АБЛАҲТАРИН ҲУКМИ СУДӢ
Хонуми барӯманди 81 – сола дар яке аз тарабхонаҳои Макдоналдс қаҳва менӯшид, ки ногаҳон онро ба танаш резонду захми сабук бардошт. Пиразан бе он ки беэҳтиётии худро ба назар гирад, дар ин бора ба суд муроҷиат намуда, аз Макдоналдс ҷуброни зарар талаб намуд. Баҳси судӣ оғоз шуд ва ба манфиати даъвогар анҷом ёфт. Додгоҳ ширкатро ба маблағи 2,9 миллион доллар ҷарима кард. Вале қазия бо ҳамин тамом нашуд. Аҷиб ин аст, ки баҳси он аз солҳои 90 – уми асри гузашта то ҳол дар Амрикои Шимолӣ идома дорад ва бо номи аблаҳтарин ҳукми судӣ ёд мешавад.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


ФАКТҲОИ ҶОЛИБ
• Дар Эквадор 247 рӯз беист борон боридааст.
• Либоси кайҳоннавардон 15 миллион доллар арзиш дорад.
• Дар забони ҷопониҳо дашном умуман вуҷуд надорад.
• Ширкати «Apple» дар 1 сония 1444 доллар кор мекунад.
• Ба ҳунармандони филми тасвирии «Маша ва Хирс» ҳар сол 222 000 000 доллар ҷудо мешавад.
• Дили фил 30 килограмм вазн дорад.
• Олимон ба хулосае омаданд, ки як дона сигор 5 дақиқаву 30 сония умри инсонро кам мекунад.
•Айни замон интернет зиёда аз 4 миллиард муштариро  фаро гирифтааст.
Таҳияи Сарвиноз ШОДМОНОВА


ФУТБОЛ
МУСОБИҚАҲО ТАНҲО ДАР 4 КИШВАРИ ДУНЁ ИДОМА ДОРАНД
Теъдоди кишварҳое, ки дар онҳо чемпионати футбол идома дорад нахустин бор на кам, балки ба чорто афзуд. Пас аз он ки дар Тоҷикистон чемпионати миллӣ оид ба футбол шурӯъ шуд, ин адад расман эълон гардид. Ёдовар мешавем, ки дар кишвари мо мавсими футбол бо бозӣ барои дарёфти суперҷоми мамлакат миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ифтитоҳ ва «Истиқлол» бо натиҷаи 2 : 1 дастболо шуд. Чемпионати мамлакат бошад, 5 апрел бо баргузории се дидор оғоз ёфт.
Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки алҳол дар чор кишвари дунё: Беларус (Аврупо), Тоҷикистон (Осиё), Бурунди (Африқо) ва Никарагуа (Америкаи Марказӣ) мусобиқоти футбол баргузор мегарданд.
Рӯзҳои наздик ба ин гурӯҳ шояд Чин ҳамроҳ шавад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


МУКОТИБА
ХУДСИТОИИ АБАЙ ВА ПОСУХИ ПАДАР
Аз ҳаёти Абай Қунанбоев, ходими ҷамъиятӣ ва асосгузори адабиёти хаттии қазоқ қиссаи аҷибе вирди забонҳост, ки бори бузурги маънӣ мекашад.
Дар замони зиндагии адиб (1845 - 1904) Қазоқистон ба ҳудуди Империяи Россия шомил буд. Абай бо роҳи худомӯзӣ дар 28 - солагӣ забони русиро азхуд кард. Аз улуми динӣ ва осори классикони тоҷик ва ҷаҳон баҳраҳо бурд. Падари сарватмандаш барои таҳсили Абай дар хурдсолӣ муаллимони хусусиро киро карда буд. Адиб пас аз нашри осораш дар Россия ва шуҳратёр гардидан, бо ифтихор ба қиблагоҳаш ба ин мазмун нома менависад: «Падар, бубин, ман аз ту бузургтар шудам». Падар дар ҷавоби нома як ҷумла менависад, ки дар рӯҳу равони Абай барои ҳамеша сабт буд: «Барои аз ман бузургтар шудан, чун Абай писаре бояд дошт!».
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ЭЪЛОНИ ФИРЕБО Ё ФАНДИ БОБОВУ НАБЕРАҲО
Боре навиштаҷоти болои дарвозаи яке аз ошхонаҳои сари роҳ диққати ронандаи амрикоиро  ба худ ҷалб кард. Дар аввал ба ин ошхонаи назарногир касе таваҷҷуҳ намекард. Вале эълони ғайриодиаш тавонист шуҳрати онро ҷаҳонӣ гардонда, муштариёнашро соатҳо ба навбат гузорад. Эълон чунин буд: "Шумо дар ин ошхона ғизо тановул кунед ва мо пули онро аз набераҳоятон дарёфт хоҳем кард". Ронанда бо хондани ин ҷумла фавран мошинашро назди ошхона манъ намуда, вориди он шуд. Баъди тановули ғизоҳои гуногуни болаззату шириниҳои шаҳдбор хост аз ошхона берун шавад, аммо пешхизмат бо эҳтироми хос наздаш омад ва аз ӯ пули ғизо талаб намуд. Мард ҳайратзада пурсид:
- Магар эълони шумо воқеият надорад. Охир навиштаед, ки пули ғизоро аз наберaҳои мо дарёфт хоҳед кард?
Пешхизмат бо табассум гуфт:
- Бале ҷаноб, дуруст мегӯед, ҳоло шумо пули ғизои марҳум бобоятонро пардохт кунед.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ШОҲИ ОДИЛ ВА ОБИДИ ХИРАДМАНД
Шоҳи хирадманде пайваста дар ҷустуҷӯи илму маърифат буд. Овозаҳое ба ӯ расиданд, ки обиде ба ҳама саволҳо ҷавоби амиқ мегӯяд. Шоҳ назди вай  омада дид, ки мӯйсафеди лоғарест ва заминро базӯр шудгор дорад. Ба ӯ салом дода, зуд ба ёрӣ  шурӯъ кард. Баъд аз чанде гуфт:
- Ман омадам, ки ба се савол ҷавоб пайдо намоям: одами аз ҳама муҳим дар рӯи Замин кист, кадом кор дар зиндагӣ аз ҳама муҳим  ва кадом рӯз аз дигар рӯзҳо муҳимтар аст?
Зоҳид чизе ҷавоб надода, корашро идома дод. Дар ин асно, чашми шоҳ ба роҳгузаре афтод, ки рӯяш оғӯштаи хун буд. Ӯро боз дошта, бо суханони нек ором намуд, аз ҷӯй об оварда, рӯяшро шуста захмашро баст. Субҳи дигар, шоҳ ҷиҳати дарёфти посух ба саволҳояш боз назди обид омад.
- Оё ба саволҳои ман ҷавоб намедиҳӣ?
- Ту худат ба саволҳоят ҷавоб додӣ,- гуфт хирадманд.
- Чӣ хел? - бо тааҷҷуб пурсид шоҳ.
- Пириву нотавонии маро дида, зуд ёриам расондӣ. Яъне, ҳангоме ки замин шудгор мекардам, одами аз ҳама муҳим  барои ту, ман будам ва кумак расонданат - кори аз ҳама муҳим ба ҳисоб мерафт. Шахси захмӣ пайдо шуд - эҳтиёҷи ӯ аз ман дида зиёдтар буд ва ӯ барои ту каси аз ҳама муҳиму ёрӣ расонданат - кори аз ҳама муҳимтар гардид. Аз ин бармеояд, ки шахси аз ҳама муҳим - онест, ки ба кумаки ту эҳтиёҷ дорад ва кори аз ҳама муҳим – некие, ки ба ӯ мерасонӣ. Шоҳ, ки соҳибхирад буд, гуфт:
- Акнун, ба саволи сеюм худам ҷавоб пайдо кардам: муҳимтарин рӯз – ҳамон рӯзест, ки дар он қарор дорем.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ҲАҚИҚАТ БУД Ё НАБУД?
Судя аз шоҳид мепурсад:
- Ҷаноби Ҷонс, шумо мефаҳмед, ки бояд ҳақиқат, ҳақиқат ва танҳо ҳақиқатро гӯед?
- Бале, муҳтарам судя!
- Пас, дар бораи ҳодиса чӣ гуфта метавонед?
- Дар доираи чунин маҳдудият – ҳеҷ чиз, муҳтарам судя.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2020    №: 71    Мутолиа карданд: 941
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед