иқтисод
ҲИСОР. ОБОДКОРИҲО ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, хонандагону омӯзгорон ва сокинони дигари шаҳр як қатор иншооте, ки дар доираи нақшаи омодагӣ ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Дар фазои тантанавӣ бинои иловагии муассисаи томактабии № 7- и шаҳраки Ҳисор, ки бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, саҳми аҳолӣ ва соҳибкорони саховатпеша барои 120 кӯдак бунёд шудааст, ифтитоҳ гардид. Бинои нави кӯдакистон дорои кат, болишту бистар, зарф, маводи таълимӣ, аёнияту бозичаҳои гуногун буда, саҳни он бо айвончаҳо, майдончаи бозии кӯдакон, дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ зебову дилкаш гардонда шудааст.
Сокинони шаҳрак барои бунёди чунин боргоҳи таълиму тарбия ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.
Дар назди муассисаи таҳсилоти умумии асосии № 87 чор синфхонаи иловагӣ, дар деҳаи Гулхании Ҷамоати деҳоти Ҳисор майдончаи варзишии замонавӣ, дар деҳаи Ҷорӯбсой бунгоҳи тиббӣ ва дорухона, дар деҳаи Даҳбеди Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода чоҳи амудӣ барои 500 хоҷагӣ, дар деҳаи Равшандилон мағозаи фурӯши молҳои мавриди ниёзи мардум ва дар деҳаи Зиракии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ бунгоҳи тиббӣ ва 4 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуданд. Аксари ин иншоот бо маблағҳои сокинон ва соҳибкорон бунёд ёфтаанд.
Синфхонаҳои иловагии навсохт аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо мизу курсӣ, тахтаи синф, ҷевон ва асбоби дигари зарурӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд.
Ширин Исматуллозода зимни ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ ва мулоқот бо сокинон муҳимияти корҳои созандагиро бахшида ба ин ҷашни таърихӣ шарҳ дода, онҳоро даъват намуд, ки дар ободию пешрафти макони зист бештар саҳмгузор бошанд.
Айни ҳол бо саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон, ашхоси саховатпеша ва сокинони маҳаллӣ корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза касб кардаанд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.03.2020 №: 72 Мутолиа карданд: 1051