logo

фарҳанг

ҚАЛЪАИ ВАМАР. ЧАРО ВАЪДАҲО ҶОМАИ АМАЛ НАМЕПӮШАНД?!

Бадахшон бо табиати нотакрораш диққати сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб месозад. Аз ҷумла, ноҳияи Рӯшон бо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва олами рангоранги набототу ҳайвонот дорои имкониятҳои васеи пешрафти соҳаи туризм мебошад. Ба иттилои мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия Саодат Бозидова, алҳол дар ҳудуди Рӯшон қариб 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст, мутаассифона, аксари онҳо ё дар ҳоли нестшавӣ қарор доранд ё таъмирталабанд. Аз ҷумла, дар деҳаи Дерзуд Чашмаи Шоҳносир, Остони Сабзпӯш, Остони Бобоалишоҳ, Мазори Бобоалишоҳ, Мазори Мир Манзаршоҳ, Остони Панҷаи Шоҳ, Ҷамоатхонаи таърихӣ ҷойгиранд, ки аксарашон аз бетаваҷҷуҳӣ сол ба сол вайрону валангор гардида, қисме ба чарогоҳ табдил дода шудааст ва бахше талаву тороҷ, ҳатто, бенишон гаштаанд. Аз қалъаҳои Савноб, Рошорв, Нисур ва Ҷизев сангтӯдаю деворҳои фурӯрафта боқӣ монда, аз қалъаҳои Шидз ва Емс бошад, нишоне намондааст.

ҲОЛИ ТАБОҲИ ҚАЛЪАИ ВАМАР
Қалъаи Вамари ноҳияи Рӯшон аз ёдгориҳои нодири таърихии кишварамон маҳсуб меёбад. Мувофиқи маълумоти шифоҳӣ бунёди ин иншооти муҳташам ба қарни X милодӣ рост меояд. Он замон аз сарзамини Хуросон орифи дарвешмашрабе бо номи Шоҳтолиби Сармаст ба сафар мебарояд ва баъди гаштугузори тӯлонӣ ба Рӯшонзамин расида, дар деҳаи Вамар, ки бо иқлим ва обу ҳавои камназираш шуҳратёр буд, таваққуф мекунад. Ӯ бо хираду дониши хеш мақбули ҳокими Рӯшон мегардад ва ба вай иҷозат медиҳад, ки дар мавзеи Лангари ҳамин деҳа, ки ҷойи сайру тамошобоб буд, ба таври доимӣ иқомат ихтиёр кунад.
Ҳокими Рӯшон дар як арки назарногир будубош дошт ва дарвеш ба ӯ маслиҳат медиҳад, ки барои ҳимоят аз ҳуҷуму ҳамлаҳои эҳтимолии душман қалъаи муносибу мустаҳкаме созад. Тарҳи меъмории қалъаро низ Шоҳтолиби Сармаст ба ҳоким пешниҳод мекунад. Ҳамин тавр, Қалъаи Вамар дар масоҳати 1,5 гектар доман густурд, ки 6 бурҷ, 3 дарвоза ва як тӯпхона дошт ва бо деворҳои баландиаш 50 - 60 ва паҳноиаш 7 метр иҳота мешуд. Дар маркази иншоот чанори азиме ва дар зери он корез мавҷуд буд, ки ба воситаи он обҳои партови қалъа ба берун интиқол меёфт. Қалъаи Вамар зиндони зеризаминии дуқабата ва боғи бузургу зебое низ дошт, ки дар он даҳҳо анвои дарахтони  баҳрадор ва сояафканро аз хориҷ оварда парвариш мекарданд. Дар саҳни пешорӯйи қалъа майдони васеъ бо номи Ригакмайдон воқеъ будааст, ки ҷойи баргузории тадбирҳои гуногуни идона маҳсуб мешуд.
Баъди хатми ҳукмрониҳои бонавбати ҳокимони маҳаллӣ ва афғону манғит дар Қалъаи Вамар низомиёни Россияи подшоҳӣ ва баъдан, то замони Истиқлолияти давлатӣ, марзбонони шӯравӣ мустақар шуданд. Қалъаи Вамар дар 70 - 80 соли охир тадриҷан рӯ ба харобӣ овард. Чӯбу санги онро кандаву шикаста бурданд. Даҳсолаи охир бошад, сокинон бо иҷозату мусоидати роҳбарияти пешини ноҳия ҳудуди ёдгориро аз худ карда, дар он хонаю ҳавлӣ сохтанд ва маҳсулоти полизӣ кишт мекунанд. Имрӯз фақат қисмати пеши қалъа барои таъмиру азнавсозӣ нигоҳ дошта шудааст.

ЗИМНАН...
Ҳоло Қалъаи Вамар, бо вуҷуди таъмири ҷузъӣ, ки чанд сол пеш бо маблағгузории ночизи Вазорати фарҳанги кишвар анҷом дода шуд, дар ҳоли зору раҳмовар қарор дорад. Ҳамасола даҳҳо нафар сайёҳону меҳмонони хориҷӣ бо умеду иштиёқи зиёд барои дидани ин ёдгории нодири таърихию фарҳангӣ меоянду аз дидани ҳоли хору низори он малул мешаванд. Дар гирду атроф ва дохили қалъа гову гӯсфандон чаро мекунанд.
Дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки барои нигаҳбонии қалъа чандин сол боз нафаре ҳамчун нигоҳбон, бо маоши муносиб таъйин шудааст, вале мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия Саодат Бозидова иброз дошт, ки азбаски манзили зисти нигаҳбон аз ёдгорӣ 8 – 9 километр дур воқеъ аст, ӯ наметавонад масъулияти хешро ба таври бояду шояд анҷом диҳад. Соҳибони хонаҳои ҳамшафати қалъа бошанд, мегӯянд, то ҳол касе ба ҳайси муҳофиз дар ин ҷо гаштугузор накардааст.
Зимни мусоҳибааш соли 2014 собиқ сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Азизов изҳор намудааст: “Мо якбора симои таърихии ин қалъаро барқарор карда наметавонем, зеро ин кор нозукиҳои худро дорад. Алҳол корҳои таъмиру консерватсионӣ идома доранд. Яъне, ҷойҳои вайрону харобшудаашро мустаҳкам менамоем, ки мардум дигар сангҳои онро бурда натавонанд. Масалан, аз нисф зиёди сангҳои чандин қалъаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мардум бурда, фермаву хона сохтанд, ки дар натиҷа аз қалъа ному нишоне намондааст”.
Ҳодисаҳои сӯхтори солҳои охир дар Қалъаи Вамари ноҳияи Рӯшонро қариб аксарияти сокинони ВМКБ дар хотир доранд, ки аз нисф зиёди қалъаро ба нобудӣ расонд. Аммо, баъдан, аз тарафи Вазорати фарҳанг барои қисман барқарор гаштани он 70 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуд. Вале, мувофиқи тавзеҳоти мудири бахши иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Азорабек Азорабеков барои қисман тармим гаштани Қалъаи Вамар танҳо 8 ҳазор сомонӣ масраф гашта, боқимондаи маблағҳо ҳанӯз ҳам дар тавозуни Вазорати фарҳанги кишвар қарор доранд”.

ВАЪДАҲО КАЙ АМАЛӢ МЕШАВАНД?
Агар ба ҳисоботи мақомоти соҳа диққат намоем, тармими Қалъаи Вамар бояд кайҳо ба анҷом мерасид ва бо ин мақсад чандин маротиба маблағҳои лозимӣ ҳам ҷудо гардида буд. Ба ин гузориши собиқ вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, ки соли 2008 дар солномаи илмӣ – оммавии “Мероси ниёгон” ба нашр расида буд, гувоҳӣ медиҳад. Дар он гуфта мешавад: “Ҳоло корҳои тармиму барқарорнамоӣ дар 12 ёдгории таърихӣ, Қалъаи Вамари ноҳияи Рӯшон, Қалъаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, мақбараи Хоҷаи Заррини ноҳияи Данғара, мақбараи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент, мақбараи Абулқодири Ҷелонии ноҳияи Истаравшан ва ғайраҳо идома доранд”. Чунин ҳисобот солҳои баъдӣ низ дар ин маҷалла ба нашр расидаанд ва чунин мазмун доранд: тармими Қалъаи Вамар оғоз мегардад, идома дорад, оғоз меёбад, идома дорад. Яъне, барқарорсозии ин ёдгории таърихиву фарҳангӣ гӯё қариб ду даҳсола боз идома дорад, вале дар асл ҳамон асту ҳамон. 26 июли соли 2019, зимни нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг боз ҳам изҳор гашт, ки дар доираи амалисозии марҳилаи дуюми Барномаи давлатии ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012 – 2020 соли равон (соли 2019 дар назар аст) дар баробари дигар ёдгориҳо тармими Қалъаи Вамар низ ба нақша гирифта шудааст. Вале ин дафъа ҳам Вазорати фарҳанг ба ваъдааш вафо накард.

АНҶОМ
Бояд гуфт, ки аз байни куҳандижҳои қаламрави ВМКБ Қалъаи Вамар ягона ёдгориест, ки эҳё ва навсозиаш нисбатан осонтар мебошад. Он дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар мавзеи ҳамвори шафати роҳи мошингард ҷойгир буда, ҳоло харобаҳояш аз 20 то 50 фисад боқӣ мондааст. Осори мондагори диёрамонро, назири Қалъаи Вамар, ҳамчун василаи ҳувиятсозу асолатварз бояд оҷилан эҳё намуда, ба маркази таърихию фарҳангӣ ва осорхонаи таърихию кишваршиносӣ мубаддал сохт, зеро инсоният ҳамеша аз таъриху фарҳангаш сабақ мегираду ифтихорманд аст.

P.S. Доир ба ҳоли табоҳи ёдгориҳои таърихии ВМКБ, аз ҷумла Қалъаи Вамар, расонаҳои хабарии мамлакат, хусусан рӯзномаи “Ҷумҳурият”, матолиби таҳлиливу интиқодӣ ба табъ мерасонанд, вале аз чӣ бошад, ки масъулини Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, вилоят ва ноҳияҳои он Фармони № 622 – и Президенти кишвар дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба мақолаҳои таҳлиливу танқидии воситаҳои ахбори оммаро сарфи назар карда, ба онҳо ҷавоб намедиҳанд.

Бахтовар КАРИМЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2020    №: 73    Мутолиа карданд: 1045
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед