logo

иқтисод

ПАХТА. МУАММОИ КАМҲОСИЛИРО КӢ ҲАЛ МЕКУНАД?

Мавсими нави кишти пунбадона дар ҷумҳурӣ вусъат мегирад. Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, имсол майдони кишт дар ҷумҳурӣ ба 190 ҳазор гектар мерасад. Тавре мутахассисон иброз медоранд, барои таъмини фаровонҳосилӣ аз давраи кишт сар карда, то ғундоштани пахта ба қоидаҳои агротехникии парвариши зироат эътибори ҷиддӣ додан зарур аст. Мутаассифона, тайи солҳои охир ба ин ҷиҳати масъала таваҷҷуҳ кам гаштааст, ки сабаби пастшавии ҳосил арзёбӣ мешавад.

Яке аз омилҳои асосие, ки барои рӯёндани ҳосили баланд мусоидат мекунад, интихоби тухмии хушсифат аст. Аммо деҳқононро набудани тухмии навъи маҳаллӣ ба ташвиш овардааст. Ба гуфтаи барзгарони ноҳияҳои Шаҳритузу Қубодиён ва Носири Хусрав, тухмии пахтае, ки парвариш менамоянд, ба иқлими маҳал тобовар нест. Дарёфти тухмии ба обу ҳаво созгор бошад, душвор аст. Ин на танҳо проблемаи як минтақа, балки тамоми манотиқи пахтакори ҷумҳурӣ арзёбӣ мегардад.
Ба андешаи коршиносон, ҳар чи зудтар таъсис додани хоҷагиҳои ватании тухмипарвар метавонад роҳи ҳалли мушкил бошад. Ходими калони илмии филиали Институти зироаткорӣ дар вилояти Суғд Ином Қобилбеков дар робита ба ин масъала чунин гуфт:
- Барои мисол, дар ноҳияи Зафаробод хоҷагиҳои деҳқонии «Деҳкат», «Тиллои сафед», «Лутфулло» тухмии навъҳои маҳаллии «Исфисор», «Хуҷанд – 67» ва «Тезпур» кошта, ғунучинро барвақт шурӯъ менамоянд ва нисбат ба дигар хоҷагиҳо 10 – 15 - сентнерӣ зиёд ҳосил мегиранд. Аммо хоҷагиҳои дигар ҳосилро то фарорасии зимистон ҷамъ меоранд ва ҳосилнокиашон нисбатан камтар аст. Аз ин рӯ, ба андешаи ман, шарти асосии баланд бардоштани ҳосилнокӣ рӯй овардан ба тухмии навъи маҳаллист, зеро ҳатто тухмии аълосифати хориҷӣ баробари тухмии ватанӣ ҳосил дода наметавонад.
Таҷрибадорони соҳа аз он нигаронанд, ки солҳои охир бе дору кардани пунба коштани он ба ҳукми анъана даромадааст ва ин аз нуқтаи назари илмӣ тамоман норавост. Бояд хоҷагиҳои тухмипарвар ба ин масъала аҳамияти аввалиндараҷа дода, аз моҳи феврал тухмиро дору кунанд. Ин тадбир пахтаро аз касалиҳо эмин дошта, муқовимати онро бар зидди ҳашароти зараррасон устувор мегардонад. Аммо деҳқонон мегӯянд, ки ба доруворӣ дастрасӣ надоранд.
Ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Саидҷамол Саидзода заҳролуд кардани тухмиро яке аз омилҳои таъмини ҳосили баланди пахта арзёбӣ намуда, далели камии доруро рад намуд. Ба таъкиди ӯ, ин навъи  дору дар мағозаҳои фурӯши заҳрхимикатҳо фаровон асту бояд хоҷагидорон ин корро сомон диҳанд.
Ба гуфтаи С. Саидзода, барои таъмини фаровонҳосилӣ ҳангоми кишт бояд намӣ дар хок таъмин бошад ва дар чуқурии 10 – 12 сантиметр ҳарорат 12 – 14 дараҷаро ташкил диҳад. Баъдан ягонакунӣ низ эътибори ҷиддиро тақозо менамояд.
- Мутаассифона, деҳқонон меъёри зичиро риоя намекунанд. Бояд ба он диққат диҳем, ки ниҳолҳо яксара сабзанд ва шумораи лозимии ниҳолҳоро дар як гектар таъмин намоем. 1 – 2 барги тухмпалагӣ, ки пайдо шуд, ба коркарди байни қаторҳо, яъне ягонакунӣ оғоз кардан лозим аст. Дар як метр бояд 10 бутта боқӣ монад. Вале аксари деҳқонон дар ҳамин вақт ба хатоӣ роҳ дода, ба ҷои 10 бутта 5 бутта мемонанд. Ин таҷрибаи солҳои пеш аст, ки буттаҳо шохарониҳои беҳудуд доштанд. Тухмиҳои ҳозира, аз ҷумла навъҳои «Хуҷанд 76» «Дӯстӣ – ИЗ», «Эрон – 1» «МН», «Шарора» навъҳое ҳастанд, ки шохаҳои ҳаҷман (қиёсан) кам доранд. Барои муқоиса аз 10 бутта 7 – 8 ва аз 5 – тоаш 3 – 4 бутта боқӣ мемонад. Ва агар 10 бутта 2 – граммӣ ҳосил диҳад, аз як гектар 25 сентнер зари сафед ба даст меояд. Барои ҳамин, риояи меъёри зичии пахта муҳим аст. Дар баробари ин, обмонии зироат қоидаҳои хоси худро дорост. Замини кишт бояд 65 – 70 дарсад намнок бошад.
Чуноне коршиносон иброз медоранд, нигоҳубини пахта нозукиҳои худро дошта, мутаассифона, қоидаҳои агротехникии парвариш аз ҷониби деҳқонон на ҳамеша риоя мегарданд. Аз ин лиҳоз, онҳо тавассути марказҳои машваратӣ дар шаҳру навоҳии кишвар то масвими ҷамъоварии зироат ташкили вохӯрии мутахассисонро бо деҳқонон саривақтӣ мешуморанд.

Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2020    №: 73    Мутолиа карданд: 878
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед