logo

фарҳанг

ТИРГОН ВА БИНИШИ ТОҶИКОНИ БОСТОН

Дар симпозиуми байналмилалӣ, ки соли гузашта зери шиори «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз»  баргузор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди донишмандон ва меҳмонони хориҷӣ масъалаи омӯзиши густардаи пешинаи таърихии ҷашнҳои миллии тоҷиконро ба миён гузоштанд. Дар ин ҳамоиши ниҳоят баландпоя, дар баробари гиромидошти ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Меҳргон, аз ҷашни фаромӯшшудаи Тиргон низ ёдоварӣ гардид.
Ҷашнҳои куҳани мо реша дар замони Пешдодиён дошта, аз боварҳои тоҷикону ориёитаборони бостон - оини Меҳр сарчашма гирифтаанд. Воқеан, Наврӯзи имсола баробар ба соли 8579 каёнӣ, 2579 ҳахоманишӣ, 1399 хуршедӣ ва 2020 тарсоӣ рост меояд.
Мебояд  нуктаеро низ донист, ки ин ҷашнҳои бузурги гузаштагони мо ба замони сарварии подшоҳони давлатсози тоҷик нисбат доранд. Чуноне ки нахустин баргузории Ҷашни Наврӯз ба замони шоҳии Ҷамшед, Ҷашни Сада ба замони Ҳушанг, Ҷашни  Меҳргон ба замони шоҳии Фаридун, Ҷашни Тиргон ба Ораши камонвар ва низ ба пиндори дигар ба замони Кайхусрав нисбат дода шудаанд.
Ҷашнҳои бостонии мо бештар ба гардиши Офтоб, дар зимн, ба кишоварзӣ пайвастагӣ доштанд ва мардум ҳар фоли неку арҷгузориҳое, ки анҷом медоданд, ба ҷараёни гармибахшии Офтоб, обшор сохтани киштаҳо, бардошти ҳосили фаровон ва монанди он нигаронда шудаанд. Аз ин рӯ, дар ҷашнҳои бостонии мо, пеш аз ҳама, дарозии шабу рӯз, яъне замони таъсиргузории Офтоб ба замин ва киштаҳои мардумонро ба назар мегирифтанд.
Дар ҷашнҳои бостон, асосан се ҷанбаи муҳим   вуҷуд  дорад;  нахуст,  ҷанбаи  кай-ҳонӣ - ситорашиносӣ  (нуҷумӣ), дуюм,  ҷанбаи достонӣ - асотирӣ ва дигар, ҷанбаи иқлимӣ - киштварзӣ.
Дар Наврӯз ва Меҳргон нури Хуршед шабу рӯз баробар, яъне 12 соат рӯз ва 12 соат шаб мебошад. Дар Тиргон кишварро баландтарин рӯз ва кӯтоҳтарин шаб фарогир аст. Вале дар ин миён оини дигаре ҳаст, ки онро шаби Ялдо номидаанд ва ба баландтарин шаб ва кӯтоҳтарин рӯз ишора мекунад.  Ҷашни Сада ба садумин рӯзи зимистон бахшида шудааст, ки оғози гармибахшии Хуршед буда, то расидани  Хуршед ба нуқтаи баландтарини кайҳон (бурҷи Ҳамал) 50 шабу 50 рӯзи дигар боқӣ мемонад (назар ба гоҳшумории меҳрпарастӣ - митроизм 150 рӯз зимистон ва 210 рӯз тобистон будааст).
Ҷашни Тиргон низ пайвастагӣ ба рӯзест, ки киштварзон барои дарави гандум омода мешуданд. Он рӯз ҷорчӣ (нодӣ) ба мардум хабар мерасонд, ки замони дарави гандум фаро расидааст ва ҳама мардумони гандум - кошта, дар хирманҷой гирди ҳам оянд. Як пирамарди огоҳу донову поктинат, ки дар миёни мардум аз обрӯ бархӯрдор аст, маросими дарави гандумро оғоз мекунад. Пеш аз оғози дарав маросими оштӣ додани одамони бо ҳам кудуратдошта сурат мегирад. Бо супориши он пирамарди огоҳ кишоварзи барӯманде бо пошидани косаи об, аввалин дастаи гандумро дарав мекунад ва сипас даравгарон (даравгарони кӯҳнишин бо хондани таронаи «Мандоғ»), ба дарав мепардозанд.
Ҳамчунин, расм будааст, ки хонаводаи шумори писаронаш зиёд, ба хонаводаи писаронаш кам ва ё писар надошта, ёрӣ мерасондаанд. Мардумон эътиқод доштаанд, ки набояд касе аз ҳосили рӯёндааш бенасиб гардад. Пас аз анҷоми дарав, маросими хурде иборат аз рақсу таронасароӣ, хостгорӣ барои хонадор кардани ҷавонон, барпо мегаштааст.
Боястӣ ба ёд овард, ки ҳар кадоме аз номҳои бостонии гоҳшумории яздигурдӣ таърихе доранд, ки решааш дар боварҳои бостониамон устувор аст. Гоҳшумории бостонии мо чунин буда, ки ҳар гоҳ як бор номи рӯзи ҳафта бо номи рӯзи моҳ яке мешуд, ҷашне барпо мекарданд. Чунончи шонздаҳумин рӯзи ҳар моҳ Меҳр ном дошт ва дар моҳи Меҳр он рӯз Меҳргон ном гирифт ва ҳамин тавр, бо баробар омадани номи рӯзҳо бо номи моҳҳо чунин ҷашнҳо эҷод гаштаанд:
Рӯзи Фарвардин, моҳи Фарвардин: Ҷашни Наврӯз;
Рӯзи Меҳр дар моҳи Меҳр: Ҷашни Меҳргон (Меҳру дӯстӣ);
Рӯзи Обон дар моҳи Обон: Ҷашни Обонгон (Ситоиши об);
Рӯзи Озар дар моҳи Озар: Ҷашни Озаргон (Ситоиши оташ);
Рӯзи панҷуми моҳи Исфанд: Ҷашни Сипандормуз (Рӯзи Зан ва Замин).

Тирмоҳ, аз вожаи тир баргирифта шуда, ба достони пурифтихори ватанпарасти бостон - Ораши камонвар, ки дар китоби китобҳо «Авасто» ва шоҳи китобҳо «Шоҳнома» омадааст, пайванд мебошад. Фишурдаи достони Ораш ин аст, ки Манучеҳршоҳ мехоҳад ба ҷангҳои ҳамвораи харобиовар бо Тӯрон хотима бахшида, роҳи осоишу оромиро пеш гирад. Бинобар ин, бо шоҳи Тӯрон Афросиёб ба қароре меоянд, ки камонвареро пайдо кунанд то аз болои кӯҳ ба машриқ тире раҳонад ва он тир ба ҳар ҷое афтад, он марзи Эрону Тӯрон дониста шавад. Манучеҳршоҳ аз миёни лашкариёни хеш Орашро пайдо мекунад. Ораш рӯйи по бархоста тан урён менамояд ва ба атрофиён намоиш медиҳад, ки ба пуррагӣ тандуруст аст, вале ба ҳангоми партоб кардани тир танаш пора хоҳад шуд. Ораш мегӯяд: «Ман ин ҷисму ҷонро аз меҳр бар Ориёнвиҷ месупорам». Ораш ба кӯҳ баромада, аз Худои ягона Аҳурамаздо таманно мекунад, ки неруи азиме бар бозувонаш барангезад, то тираш ҳарчи дуртар, то ба саҳроҳо расад. Ҳамон гуна, ки Абурайҳони Берунӣ овардааст «…сипас бараҳна шуд ва ба қуввату неруе, ки Худованд ба ӯ дода буд, камонро то баногӯши  худ кашид ва худ пора-пора шуд. Ва Худованд бодро амр кард, ки тири ӯро аз кӯҳи Рӯён бардорад ва ба ақсои Хуросон, ки миёни Фарғона ва Табаристон аст, партоб кунад…».  (А. Берунӣ, «Осор - ул - боқия», Д., 1990,с.239).
Дар ин маврид Сиёвуши Касроӣ, адиби шинохтаи Эрон, сухани зебое гуфтааст:
Ҷони худ дар тир кард Ораш,
Оре, оре, ҷони худ дар тир кард, Ораш.
Кори садҳо сад ҳазорон теғаи шамшер
кард Ораш!

Ва, ҳамчунон, дар сарчашмаҳо омадааст, ки Аҳурамаздо - Худои бузург ба фариштаи Бод (Войу) фармон дод то тирро нигаҳбон бошад ва аз осеб нигаҳ дорад. Тир аз бомдод то нимрӯз дар осмон мерафт ва аз кӯҳу дараву дашт мегузашт то дар канори рӯди Ҷайҳун бар танаи дарахти чормағзе, ки бузургтар аз он набуд, нишаст. («Ҷайҳун», яъне рӯди серобу пурталотум. Чуноне ки араб Нилро низ «Ҷайҳун» мехонд. Дар ин ҷо аслан дарёи  Сир дар назар аст.)
Абуалӣ ибни Сино низ пиромуни ривояти Ораш сухан гуфтааст, ки аз рӯи гуфтаи ӯ он тир бо шуои камони ҳафтранги осмонӣ омехта, то ба Сайҳун мерасад. Ҳаким Фирдавсӣ родмардии Орашро бо чунин суханони зебо сутудааст:
Бузургон, ки аз тухми Ораш буданд,
Далеру сабуксору саркаш буданд.

Дар бостон тоҷиктаборон рӯзи чаҳордаҳуми ин моҳро, ҳамчун Тиргон ҷашн мегирифтанд бад - он сабаб, ки он рӯз хабар оварданд, тири аз камон раҳокардаи Ораш дар фаросӯи Фарғона афтодааст.
Мебояд ба ёд овард, ки мардумони деҳоти мо Ҷашни Тиргонро ба рӯзи чиллаи тобистон, рӯзи баромадани ситораи аз ҳама равшан - Тиштар пайваста медонистанд. Номи «тиштар» дар байни мардум аз ривоҷ бозмондааст ва ҷои онро номи арабии Суҳайл гирифтааст. Дар кӯҳистон ин ситораро «ситораи хунукак» ном мебаранд, ки бо баромадани он, гарчи тасфи гармии рӯзҳо паст нашуда бошад ҳам, шабонгаҳон насими сард аз худ дарак медиҳад ва онро шаббода низ гӯянд.
Дар миёни киштварзон ҳанӯз ҳам гоҳ - гоҳе истилоҳи «шабдарав» шунида мешавад, ки ишора ба дарави гандум дар шабҳои салқини маҳтобиро дорад.
Мардум дар ин ҷашн бо пошидани об ба якдигар, орзуи борон ва дурӣ аз хушксолӣ мекунанд. Аз ёдҳо фаромӯш нашудааст, ки аз хӯрданиҳо ба гандуму нахӯди пухта ва бирён ишора карда мешуд. Дар ин маврид ривояте вуҷуд дорад, ки ба дастури шоҳаншоҳ Кайхусрав ин навъи хӯрокиро барои сарбозони ҷанг таҳия мекарданд;  ба Кайхусрав хабар мерасонанд, ки барои сер кардани сарбозон аз хӯрока чизе дигар намондааст. Шоҳаншоҳ дастур медиҳад, ҳар чи аз зироат рӯи киштаҳо мондааст, бардошта  рӯи това тафт дода ва ҳар мевае бар дарахтон ҳаст, бо вуҷуди норас будан чида, шарбат таҳия намоянд. Шояд хӯрокҳои бисёр содаи миллии мо, чун гандумбирён, нахӯдшӯрак, гандумҷӯш аз он замон ба ёдгор монда бошанд.
Шоиста ба гуфтан аст, ҷашни  тоҷикони бостон- Тиргон ҳоло низ дар рӯзгорони мо, ҳангоме ки хушксолӣ сайёраи Заминро таҳдид мекунад ҷойгоҳи  худро гум накардааст. Ба пиндори мо ба Ҷашни Тиргон бо ёдоварӣ аз суннатҳои куҳан, ташаббусҳои беҳамтои Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мавриди гиромидошту нигаҳбонии обҳои пок, мундариҷаву муҳтавои тоза метавон бахшид.
Ногуфта нагузорем, дар замонҳои нав бо баҳонаи ҷаҳонишавии ҷаҳон кӯшишҳое  ба чашм мехӯранд, ки ҷашнҳои бегонагони аврупоӣ, чун  Рӯзи Валентин, Ҳеловен ва монанди  онҳо ҷои ҷашнҳои миллиро бигиранд. Гарчи худамон ба истилоҳи аврупоиҳо карнавалҳое дорем, ки агар фалсафаашонро ҳама бидонанд (мутаассифона, ҳанӯз ҳам ба фалсафаи ҷашнҳову суннатҳо омиёна ва аз зовияи диди як шахси андакхонда баҳо дода мешавад), метавонем бо ҷашнҳои бостониамон дар назди аврупоиҳо биболем.

Зафар МИРЗОЁН, устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2020    №: 74    Мутолиа карданд: 696
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед